Ортиқи Қодир (Ортиқ Қодиров), ҳунарпешаи 63-солаи театру синамо, дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ назари худро ба вазъи имрӯзаи фарҳанг, сензура, озодӣ ва масъалаҳои дигари кишвар баён кард.
Радиои Озодӣ: Дар суҳбати пешини гуфта будед, ки дар театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба сари намоишномае дар бораи файласуф Диоген кор мекунед. Файласуфи Юнони қадим, ки 23-24 аср пеш зистааст, имрӯз ҳам метавонад муҳим бошад?
Ортиқи Қодир: Бале, тамоми ҳикмати рӯзгори гузаштагон – чи файласуфону эҷодкорон ва аҳли нубуғи Юнони Қадим ва чи классикони худамон, барои имрӯзиён ҳамчун дастур, ҳамчун сабақ ва раҳнамо ба сӯи фардо ҳастанд. Дар ин намоишнома, ки дар жанри мазҳака эҷод шудааст, нақши ҳокими шаҳрро бозӣ мекунам. Дар ин ҷо мавзӯи интихобот, суханварӣ ва ваъдаҳои дурӯғини сиёсатмадорон ҳаст. Дар ҷамъияти имрӯзаи мо ҳам ин чизҳоро бисёр мебинед.
Радиои Озодӣ: Интихоботе, ки дар намоишнома тасвир мешавад, демократӣ аст?
Ортиқи Қодир: Дар он замон бисёр сарватмандону ҳокимон дар хонаҳояшон файласуфҳоро ҷой дода буданд, то бо истифода аз номи онҳо шуҳратёр гарданд. Ҳокими шаҳри Синоп мекӯшад, ки Диоген файласуфи хонаводагии вай бошад ва ба ин васила обрӯву шуҳрат ба даст оварда, дар интихобот пирӯз шавад. Натиҷа ҳамин аст, ки Диоген аз ҳамаи ин даст мекашад. Диоген дар таърих бо қиссаи фонусаш маъруф аст, ки рӯзона бо он мегашту мегуфт, "инсон меҷӯям". Инро Мавлоно ҳам гуфтааст. Вай ниҳоят аз ҳама чиз даст мекашаду дарк мекунад, ки бояд пойбанди ин дунёву сарват набошад, чун инсонҳое, ки гӯиё пайрави ӯ буданду мегуфтанд, омодаанд бо нафс ҷиҳод кунанд, муғризона амал мекарданд.
Радиои Озодӣ: Солҳои 50-уму 60-ум телевизион ба таври инқилобӣ ба хонаҳои мардум ворид шуд ва ҳоло Интернет зиндагии мардумро пур кардааст. Театр гӯиё дигар моли гузаштаҳо аст ва таъсиреро, ки як замон дошт, аз даст додааст? Оё бо ин андеша розӣ шуда метавонед?
Ортиқи Қодир: Дар шаҳрҳо, дар кишварҳои мутамаддин театр моҳияти худро гум накардааст. Ман инро дар Маскаву дар Тифлис (Тбилиси) шоҳид шудам, чун мардум имрӯз ҳам дар навбати билети театр интизор мемонанд ва онҳо фарҳанги ба театр рафтанро ҳифз кардаанд. Солҳои панҷоҳуму шастум муҳити Тоҷикистон хеле театрӣ буд. Шунида будам, ки котиби аввали Ҳизби коммунист Турсун Ӯлҷабоев ба ҳама намоишномаҳои нав мерафт. Бо фарзандону наберагон ба тамошои спектаклҳои бачагона мерафт. Шояд ҳамин чиз ҳам сабаб мешуд, ки ҳама вазирону кабирон ба театр раванд. Бо талошҳои маъмурони театр ва ҳам раҳбарони коммунистӣ тамошобинонро аз коргоҳу донишгоҳҳо ташкил мекарданд. Дар солҳои баъди ҷанги шаҳрвандӣ як холигоҳи маънавӣ ва фарҳангӣ эҷод шуд ва ҳар гуна гуруҳҳои мазҳакавии кӯчабозорӣ нуфуз пайдо карданд. Онҳое, ки дар давраи Шӯравӣ дар саҳна ва дар радиову телевизион роҳ намеёфтанд, зуҳур карданд ва мардум ҳам шояд фикр карданд, ки сатҳи театр ҳамин аст. Вале солҳои охир намоишномаҳои бисёр диданӣ ва пурмазмун гузошта шуд. Театри тоҷик дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ соҳиби шоҳҷоизаҳо гашт. Дар Театри ҷавонон Нозим Меликов, дар театри Лоҳутӣ – Давлат Убайдуллоев, Барзу Абдураззоқов, Баҳодур Миралибеков, Султон Усмонов – шоҳкориҳое карданд.
Радиои Озодӣ: Вале шояд театри тоҷик бояд бештар замонавӣ шавад?
Ортиқи Қодир: Бале, мувофиқам. Ҳоло коргардонҳо ҳам ба ин назаранд, ки бояд роҳу равиши тозаро ҷуст. Масалан, дар як ҷашнвораи Ӯши Қирғизистон эҳсос кардем, ки қазоқҳо бо тарзу услуби нав ва фанновариҳои нав намоишномаҳои худро ба саҳна мегузоранд. Коргардонҳои онҳо, ки хеле ҷавонанд, дар Аврупо таҳсил кардаанд. Бояд гуфт, ҳоло дар ҷойи собиқ бозори "Баракат" бинои нави Театри миллӣ бунёд мешавад. Ин бино, ки шояд дар арафаи 30-солагии ҷашни истиқлол ба истифода дода шавад, хеле бошукӯҳ аст. Бисёр умед дорем, ки имкониятҳои фаннии ин театри нав иҷоза медиҳад, намоишномаҳое бо услуби наву тоза ба саҳна гузошта шавад.
Эҳсоси пазмонии даврони Шӯравӣ
Радиои Озодӣ: Шумо аз он насли ҳунармандоне ҳастед, ки тавонистед дар солҳои Шӯравӣ ба ҳайси як ҳунарпешаи боистеъдод аз худ дарак диҳед ва ҳоло ҳам фаъолона дар саҳнаву кино кор мекунед. Барои шумо кор дар кадом давра бештар созгору ҷолиб буд ва чаро?
Ортиқи Қодир: Дар давраи Шӯравӣ умед доштем, ки хона мегирем ва соҳиби хона ҳам шудем. Ба ҳар куҷое мерафтем, сафарҳои ҳунарӣ пурсамар буд. Он замон аз ҳисоби давлат намоишномаҳо таҳия мешуд ва дастурҳо ҳам дар заминаи интихоби мавзӯъ аз боло меомад. Ҳоло театрҳо дар интихоби мавзуъ мустақиланд, озоданд, вале аз назари дарёфти маблағ танқисӣ мекашанд.
Радиои Озодӣ: Яъне ҳамчун эҷодкор мехоҳед, ки танҳо сари ҳунару эҷод тамаркуз карда, дар фикри пулу маблағ набошед?
Ортиқии Қодир: Бале, аммо солҳои Шӯравӣ, барои ҷавонҳо имкониятҳои васеъ барои эҷод фароҳам набуд ваё ба истилоҳ, аждаҳоҳои ҳунар ба ин чиз роҳ намедоданд. Ҳоло раҳбарияти эҷодии театр ба ҷавонҳо имкониятҳои васеъ фароҳам овардаанд, ки мустақилона кор карда, намоиш интихоб кунанд.
Радиои Озодӣ: Ба ҳар ҳол, ба шумо кадом давра муносибтар аст: амнияти иҷтимоии даврони шӯравӣ ва замонати дурнамои кору даромад ва сарпаноҳ ваё имрӯз, ки озодии нисбӣ аст ва ҷавонон дар саҳна ҳастанд...
Зиндагиномаи Ортиқи Қодир
Ортиқи Қодир 14-уми марти соли 1956 дар деҳаи Нилӯи ноҳияи Ҳисор тавалуд шудааст. Ҳангоми кор дар театр даҳҳо нақшро иҷро кардааст, аз ҷумла дар намоишномаҳои “Қиёми Лоҳутӣ”, “Вопасин арӯси амир”, “Тахти Султон Маҳмуд”, “Рӯдакӣ” ва “Фирдавсӣ”. Солҳои 1991-1995 актёри театри мазҳакавии “Ойина” буд. Нақшҳояш дар намоишномаҳои телевизионие ба мисли “Ҳаёт ва ишқ”, “Кадри ҳавоӣ” ва “Ашки сӯзон” маъруфияти бештар овард. Муддате кори журналистӣ ҳам кардааст. Аз соли 1996 то 2001 муовини сардабири ҳафтаномаи “Чархи Гардун” буд. Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аст. Оиладор, соҳиби панҷ фарзанд. Унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистонро дорад.
Ортиқи Қодир: Албатта, он амнияту офиятеро, ки гуфтед, пазмон мешавем. Ба он даврон ҳамеша эҳсоси пазмонӣ дорем. Бузургворони ҳунар қадршиносӣ мешуданд, шабҳои эҷодӣ барпо мешуд. Имрӯз озодӣ бештар асту имкони сафар ба хориҷа дорем, ки хеле муҳим аст. Барои ман ҳарду давра ҳам арзиш дорад.
“Барзу бояд барои миллат хидмат кунад”
Радиои Озодӣ: Ҳоло бисёриҳо одат доранд дар бораи театру ҳунарнамоӣ бо назари интиқодӣ суҳбат кунанд: мегӯянд театр тамошобин надорад, сенарияҳои хуб нест. Барзу Абдураззоқов, коргардони шинохтаи тоҷик гуфт, ба сабаби набуди озодиҳои ҳунарӣ дар кишвар дар хориҷа кор мекунад. Воқеан, ҳамчун як эҷодкор озод ҳастед?
Ортиқ Қодиров: Бале, озод ҳастам
Радиои Озодӣ: Дар кори шумо сензура эҳсос мешавад?
Ортиқи Қодир: Дар давраи Шӯравӣ сензура буд ва як хубии сензураи шӯравӣ ин буд, ки ҳар гуна асарҳои хом ба саҳна ва садову симо роҳ намеёфт. Имрӯз баъзе ҳунармандони кӯчагиву сатҳашон паст ба саҳна ва телевизион роҳ ёфтаанд. Онҳо барои коста шудани завқи ҷавонон хатарнок ҳастанд. Пеши ин чизҳоро бояд гирифт.
Радиои Озодӣ: Аммо ин ҳам як навъи сензура аст. Аз назари шумо касе дар сатҳи пасту музофотиву хиёбонӣ аст, вале он ҷониб бовар дорад, ки ҳақ дорад бошад. Масалан, бархе ҳунармандоне, ки барои эҷодашон бештар баҳои манфӣ мегиранд, дар миёни пуртамошобинҳои интернет ҳастанд. Ин тазодро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
Ортиқ Қодиров: Ба интернет роҳ меёбанд, бале, вале вақте ба саҳнаи касбӣ ва телевизион роҳ меёбанд, он вақт бадбахтӣ аст. Устод Осимӣ мегуфтанд, ки
Андоза нигаҳ дор, ки андоза накӯст,
Ҳам лоиқи душман аст, ҳам лоиқи дӯст.
Масалан, Барзу. Ӯ хеле эҷодкори қавӣ аст ва коргардоне аст, ки бояд барои миллати худаш хидмат кунад. Як роҳи муросо ва мадороро пайдо кунаду кор кунад, бо роҳи ситеза, фикр мекунам, чандон муваффақ намешавад. Ба Барзу бисёр эътимод ва ихлос дорам. Барзу аз он коргардонҳоест, ки арзишҳои хеле волои ҳунарро дар худ дорад.
Радиои Озодӣ: Барзу Абдураззоқов гуфтааст, бо он шароите, ки барояш пешниҳод шуд, розӣ нест ва рафт. Яъне Барзу бояд бо мақомот муросо мекард?
Ортиқ Қодиров: Вай бояд андешаи худ, фиғони дил худ, ақидаҳои худ, норозигиҳои худро метавонист бо роҳи дипломатияву муросокорӣ дар ҳамин ҷо ҳам амалӣ кунад.
Радиои Озодӣ: Шояд мақомдорон бояд ба ҳарфи дили рӯшанфикроне ба мисли Барзу гӯш кунанду дигар шаванд?
Ортиқ Қодиров: Бояд. Орзуи ман ҳам ҳамин аст.
Вазирони сенариянавис ва чаро касе дар сатҳи Улуғзода надорем?
Радиои Озодӣ: Ҳоло баъзе вазирон, аз ҷумла вазирони ҳифзи қонун сенариянавис шудаанд. Назари шумо ба ин чист?
Ортиқи Қодир: Аз он ки ба шеъру адабиёт завқ доранд, хуб аст. Дар таърихи гузашта дидем, ки бисёр вазирон аҳли адаб буданд: Балъамиву Байҳақиву Алишери Навоӣ... Вале дар масъалаи сенарияву филмнависӣ ба ин ақидаам, ки мо муаллифони баландпоя надорем. Драматургияи миллии мо хеле суст шудааст. Сенариянависони касбие, ки дорем, онҳо ҳам парвардаи даврони шӯравӣ ҳастанд. Асарҳои дархӯри замон рӯи кор наомадаанд.
Радиои Озодӣ: Сенария бештар бар асоси асари хуби бадеӣ навишта мешавад. Як андешаи дигари интиқодӣ аст, ки адабиёти тоҷик аз бисёр ҷараёнҳои замони имрӯз қафо мемонад. Масалан, мегӯянд, адибони имрӯзи мо дар бораи ҷанги дохилӣ ваё муҳоҷирати корӣ ба Русия ва кишварҳои дигар асар наменависанд. Бештар ба гузаштаи дур нигаронида шудаанд ваё баръакс, ба имрӯзи бисёр сатҳи омиёнаву хиёбонӣ рӯ овардаанд. Чаро чунин аст? Ё мо истеъдод надорем?
Ортиқ Қодиров: Мувофиқ ҳастам, ки драматургия аз ҳама жанри душвор аст. Бояд бархӯрди ҳодисаву андешаҳо бошад. Масалан, намоиши “Фирдавсӣ”, ки Султон Усмонов гузошт, аз рӯи романи устод Улуғзода аст ва боз ҳам қалам ва арзишҳои бадеии Улуғзода буд, ки ин намоиш муваффақ гашт. Мутаассифона, дар сатҳи Улуғзода сенариянависон ё филмнависон надорем. Инро бояд мақомот фикр кунанд ва дастгирӣ кунанд, чунки театр, эҷодиёт, адабиёт силоҳи қавии идеологии давлат аст. Набояд рисолати театрро нодида гиранд.
“Мадҳу сано аз ҳад гузаштааст”
Радиои Озодӣ: Дар се даҳаи ахир адибон маҷбур будаанд, ки дар ду тарафи сангар қарор гиранд, қисме бо мадҳу сано ва қисме бо танқиду эътироз. Дар ин байн қисме ҳам будааст, ки на ину на он. Ба гумони шумо, рӯшанфикрон бояд дар куҷо қарор гиранд, дар урдуи аввал, дувум ё саввум?
Ортиқи Қодир: Имрӯз мадҳу сано аз ҳад гузаштааст. Ҳатто мақомоти раҳбарӣ ҳам аз ин хаста шудаанд. Имрӯз адабиёти мо ниёз ба ҳарфи ҳақ дорад. Ҳақгӯёну ҳақпарастон дӯсту ғамхори ин миллату давлат ҳастанд. Эҷодкор бояд дар сангари бунёдкорӣ бошад, на тавсифу таърифу тамаллуқ.
Радиои Озодӣ: Агар имкон медоштед, ки чизеро дар равандҳои имрӯзаи кишвар ва соҳаи фарҳангу театр иваз кунед, чӣ мекардед?
Ортиқ Қодиров: Бисёр чизҳоро бояд иваз кард. Андешаву ақидаҳои зангзадае, ки аз даврони шӯравӣ мондааст, бояд иваз шаванд. Мехостам, дар мақомоти раҳбарӣ шахсиятҳоеро бинам, ки маърифату дониши баланд дошта бошанд. Аз адабиёти гузаштаи боифтихорамон огаҳӣ дошта бошанд. Ақидаи ман ин аст, ки бисёр душвориҳо, бисёр бадбахтиҳое, ки имрӯз пеш меояд, аслан аз сустии донишу маърифат аст. Мехоҳам, ки таълимот аз сатҳи кӯдакистонҳо пурра тағйир ёбад ва хеле қавӣ гардад. Дар мактабҳо муаллимоне кор мекунанд, ки ҷавобгӯи арзишҳои педагогӣ нестанд, худашон дониши кофӣ надоранд. Вой бар ҳоли шогирдони онҳо. Бар пояи ҳамин заифӣ ҷавонҳое зиёд мешаванд, ки ифротӣ шудаанду аз дини ислом хабаре надоранд. Бисёр мехостам дар мактабу маориф як инқилоби маънавӣ шавад.