Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Зани оҳанин"-ро аз Узбекистон ба Тоҷикистон овардаанд


Ҳунармандони театри ҷавонони Тоҷикистон намоишномаи "Зани оҳанин"-и драмнависи узбек Шароф Бошбековро рӯйи саҳна гузоштанд. Ин намоишнома дар бораи мушкилоти зан-компютере қисса мекунад, ки дар се рӯзи пахтачинӣ корношоям мешавад. Дар муқоиса занҳои минтақа ҳар сол бо чунин мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд, аммо корношоям намегарданд.

Драммаи "Темир хотин" ё "Зани оҳанин"-ро Шароф Бошбеков соли 1985 навишта, худи ҳамон сол ин намошномаро театри вилоятии Фарғона рӯйи саҳна овардааст. Ба гуфтаи соҳибназарон, баъд аз чанд сол дар Узбекистон аз рӯйи ин асар филми бадеӣ низ таҳия шуда буд.

Мирзоватан Миров, коргардони театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар соли 1985 вай ба унвони саркоргардони театри вилоятии Кӯлоб ин намоишномаро дар шакли драммаи мусиқавӣ рӯйи саҳна оварда буд. Ҳамакнун коргардони тоҷик тасмим гирифтааст ин асарро пешкаши тамошобинони пойтахти Тоҷикистон кунад. Вай дар бораи далели интихоби ин асар барои таҳияи намоишномаи театрӣ гуфт:

"Ин намоишнома дар бораи меҳнати вазнини занҳо, чӣ дар хона ва чӣ дар саҳро, нақл мекунад. Ҳамин намоишнома ба хотири баррасии масоили доғи ҷомеа шоҳҷоизаи театрии ҷашнвораи театрҳои Осиёи Марказиро гирифта буд. Ба ин далел, ин намоишномаро тамошобин ҳамчун моли худӣ қабул мекунад. Хушбахтона, роҳбарияти феълии театр аз истифодаи асарҳои кишварҳои дигар барои офаридани намоишнома парҳез намекунад."

Мирзоватан Миров афзуд, тибқи муқаррароти байналмилалии ҳуқуқи муаллиф, 8 дарсади фоида аз фурӯши билетҳои намоишнома ба суратҳисоби муаллиф гузаронда мешавад. Вай афзуд, рӯй овардани коргардонҳои тоҷик ба асарҳои берунӣ ба он хотир аст, ки "феълан дар Тоҷикистон асари хубе барои офаридани спектакл душвор шудааст. Муаллифон ба ивази 2-2,5 ҳазор сомонӣ ба эҷоди асарҳои хуби театрӣ зиёд алоқаманд нестанд."

Ин мушкилро қаблан низ бархе аз ҳунармандон ва коргардонҳои тоҷик дар суҳбат бо Радиои Озодӣ матраҳ карда буданд. Тиллои Некқадам, коршиноси арсаи синамо ва театри тоҷик 20-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, феълан интихоби асар барои таҳияи намоишномаи театрӣ пурра дар ихтиёри коргардон аст.

Ӯ афзуд: ​"Ин намоишномаро қаблан низ дар театрҳои тоҷик ба саҳна гузошта буданд. Тамошобин онро хеле хуб пазируфт. Ҳатто театри узбек онро ба забони узбекӣ дар Тоҷикистон намоиш дода буд ва боз ҳам толор пур аз тамошобин буд. Барои тамошобини тоҷик ин намоишнома аз лиҳози мазмун ва мундариҷа хел писанд меояд".

Мирзоватан Миров қаблан дар вазифаи саркоргардони театри вилоятии Кӯлоб ва сипас дар театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба унвони коргардон фаъолият кардаст. Тӯли чанд соли ахир дар Театри ҷавонон коргардонӣ мекунад.

Дар поёни соли ҷорӣ бори дувум аст, ки театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ба ҳамтоёни кишвари ҳамсоя ҳамкорӣ мекунад. Шоми 5-уми декабр дар Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бори аввал намоишномаи "Тарма" аз рӯйи асари адиби турк Тунҷер Ҷуҷеноғлу рӯйи саҳна омад. Коргардони ин намоишнома саркоргардони театри драммавии Тошканд Олимҷон Салимов буд.

Бархе аз корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки рӯйи саҳна омадани ин намоишнома камбуди намоишномаҳо ва коргардонҳои ҳирфаиро дар Тоҷикистон ба намоиш гузошт. Вале мақомот ҳамвора гуфтаанд, ки дар Тоҷикистон нирӯи кофӣ барои офаридани асарҳо ва рӯи саҳна овардани намоишномаҳо ҳаст ва ҷое барои нигаронӣ нест.

XS
SM
MD
LG