Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро муҳоҷирон хостори узвияти Тоҷикистон дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёянд? ВИДЕО


"Тоҷикистон кай узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мешавад?" Ҳар рӯз чандин нафар ҷавоби ин суолро аз Радиои Озодӣ мепурсанд. Корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ саволҳои мушобеҳеро ба миён мегузоранд. Чаро як бахше аз шаҳрвандон моиланд, ки Тоҷикистон ба ин иттиҳод бипайвандад?

Аксари онҳое, ки чунин суол мегузоранд, муҳоҷирони кориянд. Онҳо мепиндоранд бо пайвастани Тоҷикистон ба ин созмони зери назари Русия, вазъи зиндагии онҳо дар ин кишвар беҳбуд меёбад ва аз гирифтани патенту пардохти пули ҳармоҳаи он озод мешаванд.

Маъруфҷон Солеҳов, бинокори тоҷик дар шаҳри Маскав, яке аз чунин муҳоҷирон аст. Вай гуфт, агар Тоҷикистон вориди ин созмон мешуд, ӯ ва даҳҳо ҳамкори дигараш "аз пардохти 5 ҳазор рубл патент озод мешуданд". Ӯ Ба худ суол мегузорад, ки чаро Тоҷикистон ба ин иттиҳод намепайвандад, то мушкили муҳоҷиронаш сабуктар шавад.

Ваъдаи чаҳор озодӣ дар ЕАЭС

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, тарҳи офаридаи Кремлин, чаҳор озодиро дар қаламрави кишварҳои узваш ваъда медиҳад:

  • Гардиши озоди молу маҳсулот;
  • Нерӯи корӣ;
  • Сармоя;
  • Хадамот.

Аммо дар асл чӣ? То куҷо дар кишварҳои узви ин созмон аз ин чаҳор озодӣ бархӯрдоранд ва аз пайвастан ба ин созмон чӣ суде дидаанд?

Қирғизистон, ҳамсояи Тоҷикистон, бо иқтисоди мушобеҳ соли 2015 ба ин созмон пайваст. ​Искандар Шаршиев, иқтисоддон ва таҳлилгар аз Қирғизистон, рӯзи 14-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, аз чаҳор озодие, ки Русия пеш аз пайвастан ба он ваъда медод, Қирғизистон ба пуррагӣ аз ҳеҷ яке аз онҳо баҳравар нашуд.

Шаршиев мегӯяд, сабукиҳои ваъдакардаи Русия дар мавриди муҳоҷирон "мисли арғунчак гоҳ ба сӯи мушкилӣ ва гоҳ ба сӯи сабукӣ тағйир мекунад".

"Қабл аз пайвастан ба иттиҳод, Русия қоидаҳои будубош барои муҳоҷирони қирғизро сахт карда буд. Баъд аз пайвастан каме сабук шуд. Аммо чанде нагузашта андози кордиҳандагонеро, ки коргарони қирғизро ба кор мегиранд, боло бурд. Аз ин рӯ, бештари кордиҳандагон пинҳонӣ аз чашми андоз коргарони қирғизро мепазируфтанд ва муҳоҷирон боз ҳам дар шароити ғайриқонунӣ бештар кор мекунанд", -- шарҳ дод Искандар Шаршиев.

Видео. Назари сокинон дар бораи Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё:

"Тоҷикистон кай узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мешавад?"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:27 0:00

Таҳлилгари қирғиз мегӯяд, Русия ҳанӯз ҳам муҳоҷиратро ба ҳайси як қарта ва ё аҳрум (милаи оҳанӣ)-и фишор алайҳи Қирғизистон истифода мекунад ва барои бароварда кардани ин ё он хостааш шароитро барои муҳоҷирон "гоҳе душвор ва гоҳе ҳам сабуктар" мекунад.

Як ваъдаи дигари Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба Қирғизистон ихтисоси беш аз 100 миллион доллар буд. Қарор буд, Қирғизистон бо ин маблағҳо идораи сертификатсия (санҷиш)-и маҳсулоти худро бо назардошти сифати қабулшуда дар иттиҳод бунёд мекунад ва молу маҳсулоти тавлидкардааш ба бозори кишварҳои узв роҳ меёбад.

Шаршиев мегӯяд, ин ваъда ҳам иҷроношуда монд ва молҳои Қирғизистон бинобар надоштани сертификат мувофиқи стандартҳои иттиҳод аз марз намегузаранд. "Ваъдаи дигар, гардиши озоди хадамот буд. Вале дар асл мебинем, ки Русия шаҳодатномаҳои ронандагии Қирғизистонро эътироф намекунад ва ронандагон маҷбуранд боз ҳам дар Русия ширкат кушода, шаҳодатномаи нав бигиранд ва баъдан метавонанд ба бор ва ё мусофиркашонӣ машғул шаванд", -- иброз дошт ӯ.

Ин ҳамсуҳбати мо афзуд, ваъдаҳои дар асл иҷроношудаи иттиҳод зиёд аст. Вале аз ҳама муҳим, ба гуфтаи ӯ, даромади Қирғизистон аз ҳисоби пардохтҳои боҷи гумуркӣ ҳудуди 40 дарсад кам шуд: "То ворид шудан ба иттиҳод, Қирғизистон солона 34 то 40 миллиард сом боҷи гумрукӣ ба даст меовард. Пас аз ворид шудан, даромади кишвар аз ин ҳисоб 40-50 дарсад кам шуд. Ҳоло кишвар аз 14 то 20 миллиард сом аз ин ҳисоб даромад мегирад."

Як узви комиссияи давлатии Тоҷикистон ба шарти набурдани номаш гуфт, дар асл меъёрҳои иттиҳод дар амал иҷро намешавад ва кишварҳои бузурги ин иттиҳод вобаста ба конюктураи сиёсӣ ва салоҳдиди худ амал мекунанд.

"Масалан, дар шартномаи иттиҳод дар бораи муҳоҷирати корӣ гуфта мешавад, ки агар шаҳрванд дар давоми 30 рӯз дар қаламрави кишвари узв кор ёфта, шартнома набандад, бояд ба кишвари худ баргардад. Яъне, боз ҳамон маҳдудият ҳаст. На ҳама шаҳрвандони мо дар давоми як моҳ қодиранд кори дилхоҳ ёфта, боз шартнома имзо кунанд. Боз ҳамон маҳдудият боқӣ мемонад".

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, омӯзиши таҷрибаи кишварҳои узв ба мисли Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон собит кард, ки гардиши озоди молу маҳсулот сармоя ва нерӯи корӣ дар қаламрави Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба пуррагӣ амал намекунад ва бештар дар сатҳи шиор боқӣ мондааст.

Русия аз соли 2014 замони таъсиси Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё Тоҷикистонро барои пайвастан ба он ташвиқ мекунад. Ин иттиҳод, ки нахуст се кишвар – Русия, Беларус ва Қазоқистонро дар бар мегирифт, соли 2015 бо пайвастани Арманистон ва Қирғизистон қаламраваш васеътар шуд.

Тоҷикистон то ба ҳол ба ташвиқҳои Русия барои пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё бо ибораи кӯтоҳи "меомӯзем" ва "суду зиёнашро ба кишвар месанҷем", посух додааст.

XS
SM
MD
LG