Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро марз дар Осиёи Марказӣ василаи дасткории сиёсӣ қарор мегирад?


Набуди ҳамгироиҳои лозими иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ, ба назари коршиносон, марзҳоро ба василаи фишори сиёсӣ болои ҳамсояҳо табдил медиҳад.

Ҳафтаи дувум аст, ки аз 19-уми март ба ин сӯ дар ду гузаргоҳи марзӣ миёни Қирғизистону Қазоқистон мамонияти нақлиёти боркаш аз масири Қирғизистон ба Қазоқистон идома дорад. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон, дар гузаргоҳи марзии "Актилек-Автодорожный" аллакай 253 мошини борбар банд мондаанд ва наметавонанд ба ҳудуди Қазоқистон ворид шаванд.

Дар ҳоли ҳозир ҳамаи кишварҳои минтақа дар дараҷаҳои гуногун бо ҳамкориҳои бисёрҷониба бо кишварҳои ғайри минтақа, аз ҳама бештар бо Русия қарор доранд.

Мақомоти Нурсултон (Остонаи пешин) изҳор доштаанд, ки роҳбандӣ бар асари саркашии ронандагон аз тафтиш сар задааст. "Дар сарҳади давлатии Қазоқистон назорат сурат мегирад ва ҳангоми зарурат тафтиши воситаҳои нақлиёт барои муайян кардани колои мамнуъ сурат мегирад",- изҳор медоранд марзбонони Қазоқистон.

Кумитаи даромадҳои давлатии Вазорати молияи Қазоқистон ба "Казинформ" иттилоъ додааст, ки 27-уми март дар гузаргоҳи "Қарасӯ" дар марзи Қазоқистону Қирғизистон тафтиши 9 воситаи нақлиёте, ки колоҳои истеҳсоли Туркия ва Чинро мекашониданд, сурат гирифт, ки дар натиҷа дар ҳама асноди ҳамлу нақли колои воситаҳои нақлиёт маълумоти носаҳеҳ пайдо карда шуд.

Дар навбати худ вазорати иқтисоди Қирғизистон ҷониби Қазоқистонро барои вайрон кардани меъёрҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар бораи ҳамлу нақли озодонаи молҳо дар бозори дохилӣ муттаҳам менамояд ва пешниҳод мекунад, ки ба Бишкек аъзои коммисияи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё барои машварат пиромуни вазъ дар марз даъват карда шаванд.

Нақшаи Осиёи Миёна.
Нақшаи Осиёи Миёна.

Дар ҳамин ҳол, ҳукумати Қазоқистон ду соли охир борҳо дар мавриди қочоқи молҳои истеҳсоли Чин аз тариқи Қирғизистон изҳорот додаанд ва талаб кардаанд, ки ин каналҳо баста шаванд.

Соли 2017 нахуствазири пешнини Қазоқистон Бакитҷон Сагинтаев изҳор дошт, ки ҳамлу нақли ғайриқонунии колоҳо аз Чин ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё зарари калон мерасонад. Он замон тафтишҳо дар пасманзари мухолифатҳои раисҷумҳури пешини Қирғизистон Алмосбек Атамбоев бо ҳукумати Қазоқистон ва интиқоди ӯ аз Нурсултон Назарбоев барои пуштибонии яке аз номзадҳо ба мақоми президентӣ Омурбек Бабанов оғоз шуда буданд.

Он вақт Қазоқистон давоми як моҳ маҳдудият ҷорӣ кард ва ин мавқеъгирии худро ба он марбут донист, ки маҳсулот ба талаботи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё мувофиқат намекунанд. Бо ба қудрат расидани Сооронбек Ҷеенбеков дар Қирғизистон, вазъ тағйир кардан гирифт.

Дасткорӣ ба василаи марзҳо

Мушкилот дар марзи Қазоқистону Қирғизистон бори аввал рух намедиҳад. Кишварҳои минтақа, ки дар ҳамсоягии ҳам қарор доранд ва ё ба ҳудудҳои якдигар вобаста, аксаран гузаргоҳҳои марзии худро ба сифати василаи фишори сиёсӣ ва иқтисодӣ истифода мебаранд.

Намунаи рушани ин раванд дар поёни солҳои 2000-ум буд, вақте Узбекистон дар қаламрави худ садҳо вагон, аз ҷумла вагонҳои ҳомили масолеҳи сохтмонӣ барои нерӯгоҳҳои "Сангтӯда-2" ва "Роғун"-и Тоҷикистонро иҷозаи хуруҷ надод. Вале бо сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев ин мушкилот аз байн рафт.

Мошинҳои борбари Тоҷикистон дар Туркманистон банд монданд.
Мошинҳои борбари Тоҷикистон дар Туркманистон банд монданд.

Ду соли ахир барои Тоҷикистон чунин мушкилот бо Туркманистон рух медиҳад. Туркманистон ба таври мунтазам убури мошинҳои боркаш ва вагонҳои роҳҳи оҳанро тавассути қаламрави худ бидуни тавзеҳи сабаби чуни тасмим манъ мекунад. Дар оғози моҳи феврали соли ҷорӣ, даҳҳо мошини боркаш ва 108 вагони боркаши Тоҷикистон ба ҳамин шева дар марзи Эрону Туркманистон гир монданд.

Фаррух Юсуфӣ, раҳбари бахши туркмании Радиои Озодӣ он замон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ тахмин зада буд, ки чунин тасмим шояд натиҷаи ранҷиши ҳукумати Туркманистон бошад, ки умеди зиёде ба масири роҳи оҳан тавассути Афғонистон баста буд ва ҳатто қисме аз роҳро дар қаламрави худ бунёд кард. Аммо баъди хуб шудани равобит бо Узбекистон, ҷониби Тоҷикистон барои сохтани қисми марбут ба худаш шитоб намекунад.

"Вомондаҳои солҳои пешин"

"Аз як тараф кишварҳо талошҳои зиёд барои ба роҳ мондани робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар паҳнои минтақа доранд, аз сӯи дигар дар баъзе ҳолатҳо имконоти зербиноии худро барои таъсиргузорӣ болои ҳамсояҳо истифода мебаранд. Чунин вокеъан равандҳо мушоҳида мешавад", - мегӯяд сиёсатшиноси тоҷик Шералӣ Ризоён.

Дар баробари ин, ӯ изҳор медорад, ки ин мушкилотро бояд боқимондаи он равандҳое донист, ки то соли 2017 дар минтақа сурат гирифтаанд ва бо эҳтимоли зиёд дар ояндаи наздик ҳалли худро пайдо мекунанд.

"Геополитикаи минтақа ба таври куллӣ тағйир ёфт ва абзорҳои қавие, ки онро шакл медоданд, аллакай дархӯр нестанд. Инро мешавад бар пояи сатҳи равобит миёни кишварҳо ва зиёд шудани гардиши мол мушоҳида кард", - таъкид мекунад коршинос.

Мушкилоти солҳои ахир бавуҷудомадаро коршинос бештар марбут ба манофеи мақомоти кишварҳои хос медонад, на ба раҳбарияти сиёсии кишварҳо.

Талошҳои муттаҳид кардани минтақа

Бояд гуфт, ки миёни кишварҳои минтақа талошҳои муттаҳид кардани ин ҷуғрофиё бидуни тарафи сеюм, аз ҷумла Русия давом дорад. Моҳи марти соли гузашта дар Нурсултон (пойтахти Қазоқистон) дидори машваратии сарони кишварҳои минтақа, ки дар он ба ҷуз раҳбари Туркманистон, ҳар чаҳор раиси ҷумҳури дигар ширкат карданд, баргузор шуд.

Он замон раиси ҷумҳури вақти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев бар аҳамияти муттаҳид кардани зарфиятҳои минтақа барои афзоиши савдои дохилиминтақавӣ ва таъмини амният таъкид намуда буд. Ӯ гуфт, ки кишварҳо қодиранд бидуни ҳузури кишварҳои савум масоили худро ҳал кунанд, вале дар ҳар сурат изҳор дошт, ки ин мулоқот хосияти сиёсӣ надорад. Он замон бо пешниҳоди раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки чунин машваратҳоро мунтазам баргузор кунанд.

Дидори навбатӣ чунин машваратҳои раисони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ин моҳ дар Тошканд барномарезӣ шудааст. Дар дастури кор расман баррасии рушди ҳамкориҳо миёни кишварҳо дар тамоми самтҳо: тиҷоратӣ, иқтисодӣ, нақлиёту иртиботот ва фарҳангиву инсонӣ ворид шудааст.

"Ҳамгироӣ не, танҳо шиорҳо вуҷуд доранд"

Дар ҳамин ҳол на ҳама коршиносон ба сатҳи ҳамкориҳои минтақа назари мусбат доранд. Рафаэл Сатторов, коршинос аз Узбекистон сатҳи мавҷуди ҳамкориҳои минтақавиро дар Осиёи Марказӣ шадид баҳогузорӣ мекунад. "Дар воқеъ ҳеч гуна минтақагароӣ ва вобастагиҳои мутақобили иқтисодӣ миёни кишварҳои минтақа вуҷуд надорад. Иқтисоди ин кишварҳо, аз он ки вобаста ба иқтисоди якдигар бошад, бештар пойбанд ба иқтисоди кишвари сеюм аст",-изҳор медорад Сатторов.

Коршиносон ишора мекунанд, ки бо вуҷуди дарки ниёзмандӣ ба зарурати ҳамгироии минтақавӣ, дар қисме аз доираҳои сиёсӣ ва коршиносӣ ҳанӯз гомҳои мушаххасе дар ин самт гузошта нашудааст. "Бояд корро идома дод, вале бидуни шиорҳои баландпарвозона ва масъалаи тақсимоти захираҳои обӣ, боло бурдани равобити мутақобилаи иқтисодӣ, ба роҳ мондани равобити инсонӣ ва тарбияи насли нав бояд оқилона нигарист",-мегӯяд сиёсатшинос.

Ба назари ӯ, агар муҳосиботи дақиқи иқтисодӣ вуҷуд дошта бошад, ки ба василаи онҳо ҳукуматҳо битавонанд манфиат аз ҳамгироиҳоро нишон диҳанд, созандатар мешуд.

Дар ҳоли ҳозир ҳамаи кишварҳои минтақа дар дараҷаҳои гуногун бо ҳамкориҳои бисёрҷониба бо кишварҳои ғайриминтақавӣ, аз ҳама бештар бо Русия қарор доранд. Қазоқистон ва Қирғизистон аъзои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё мебошанд, ҳамаи 5 кишвар дар сатҳҳои гуногун шомили ИДМ-анд, Тоҷикистону Қазоқистону Қирғизистон узвияти СПАД-ро доранд ва ба ҷуз Туркманистон чор кишвари дигар шомили СҲШ мебошанд.

Дар минтақа, ҳамчунин форматҳое чун «С5+1» (бо ҳузури Вашингтон), ИА – Осиёи Марказӣ (бо ҳузури Бруссел), ШҲКТ, ТЮРКСОЙ (бо ҳузури Анқара), "Муколамаи “Осиёи Марказӣ + Ҷопон", Шӯрои ҳамкории "Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Куриё", вуҷуд доранд.

Бо ин ҳол, аз нигоҳи коршиносон ҳатто вуҷуди чунин форматҳои гуногун кафили набуди фишор ва низоъҳо шуда наметавонад.

Фишор ҳамчун василаи сиёсати байналмилалӣ

Коршиноси рус, аз Донишкадаи давлатии равобити байналмилали Маскав Алексей Дундич таъкид мекунад, ки чунин фишор яке аз василаҳои муассири сиёсати байналмилалӣ мебошад ва то замоне, ки кишварҳо аз манофеи кутоҳмуддат истифода мебаранд, ин давом мекунад.

"Муттаассифона сатҳи фарҳанги минтақавӣ ба дараҷае нарасидаст, ки истифодаи ин василаҳоро сарфи назар кунанд. Ҳоло ин ба нафъи давлатҳост ва чун манофеъашон миёни ҳам фарқ мекунанд, аз ин рӯ ҳамеша аз онҳо кор гирифта хоҳад шуд",-мегӯяд ин коршинос.

Ба ҷуз ин, Дундич муътақид аст, ки ин васила садди комил барои ҳамкориҳои минтақавӣ нест. Ба гуфтаи вай, сарфи назар аз мушкилоти мавҷуд, муваффқиятҳои мутақобиле аз ҳамгироӣ ба даст омадааст, ки ба бар иддъоҳои мутақобил бартарӣ пайдо мекунанд.

Замоне, ки дар дохили минтақа баррасиҳо дар мавриди ояндаи муштарак давом меёбанд, бозигарони берунӣ ба мувафақияти минтақа бидуни мушорикати тарафи сеюм бо шубҳа менигаранд. Дар Маскав, маъмулан бар ин назаранд, ки бидуни мушорикати он ташкили иттиҳодияи сиёсӣ низомӣ номумкин аст.

Дар Пекин чунин меҳисобанд, ки мушорикат дар равандҳои ҳамгироӣ барои дастрас будани воситаҳои бузурги молиявӣ як падидаи табиӣ хоҳад буд ва дар Вашингтан мехоҳанд, ки минтақаро ҳадди аксар ба тамоми Осиёи Ҷанубӣ ва ҳадди ақал ба Афғонистон бипайванданд.

XS
SM
MD
LG