Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирон - нерӯе, ки ҳукумату мухолифон ба самти худ мекашанд


Сиёвуш Сафаров, муҳоҷири 24 солаи тоҷик дар Русия тоза хабар ёфт, ки соли оянда дар Тоҷикистон интихоботи порлумонӣ ва президентӣ баргузор мешавад.

Ин ҳарфро ба гуши ӯ намояндагони Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон дар Русия расониданд, ки феълан барои омодагӣ ба интихоботи порлумонӣ маъракаи «тарғибот ва огоҳкунӣ»-ро сар кардаанд.

Сиёвуш панҷ моҳ пеш ба Русия рафт ва санадҳояш барои кор дуруст нест. Патент надорад ва хавфи боздошту ихроҷ ӯро таҳдид мекунад. Барои дарёфти кӯмаки ҳуқуқӣ ба дафтари кори як ҷамъияти тоҷикон ба Маскав рафт ва шоҳиди таъкидҳои “ширкати фаъолона дар интихоботи порлумонӣ” шуд.

Интихоботе, ки ба гуфтаи тарғибгаронаш, дар сурати “якдилона ширкат кардани муҳоҷирон” ва раъй додан ба “номзадҳои ватандӯст”, -- сулҳу субот дар ватанро ҳифз мекунад.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ), ки баъди як созиш бо ҳизби "Русияи Воҳид" ҳаққи фаъолият дар Русияро пайдо кард ва ду ҳафтаи гузашта миёни муҳоҷирон ба тарғиботи интихоботи порлумонӣ оғоз кардааст.

Оғози огаҳ кардани муҳоҷирон аз интихобот

Саидбек Мирзомуддинов, намояндаи ҲХДТ дар Русия мегӯяд, дар ин кишвар наздики се ҳазор узв доранд ва аз муҳоҷирон даъвати ширкат дар маъракаи муҳими сиёсӣ дар кишварро оғоз кардаанд.

Муҳоҷироне, ки аксаран банди мушкилоти худ ҳастанд, ба гуфтаи намояндаи ҲХДТ, “андешаҳои гуногун доранд, вале камтар дар бораи интихобот савол медиҳанд”. Дақиқан, мисли Сиёвуш, ки мехоҳад ба зудӣ санадҳояш дуруст шаваду бидуни тарс кор кунад ва барои издивоҷаш маблағ ҷамъ орад.

Саидбек Мирзомуддинов мегӯяд: “Дар бораи патент ва дохил шудан ё нашудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё савол медиҳанд. Ба ҳар ҳол, назар ба интихоботҳои гузашта пас аз ташвиқоти зиёд муҳоҷирон ба интихоботи соли 2020 таваҷҷӯҳи зиёдтар пайдо кардаанд.”

Қарор аст, ки соли 2020 дар Тоҷикистон интихоботи порлумонӣ ва президентӣ баргузор шавад. Муҳоҷирони тоҷик, ки қишри аслии интихобкунандагон ҳастанд, дар маркази таваҷҷӯҳи ҳукумат қарор гирифтаанд.

Зоҳиран, намояндагони ҳукумат талош доранд, дили муҳоҷирон як неруи бузург дар хориҷ аз кишварро ба даст биоранд. Аммо барои муҳоҷироне мисли Сиёвуш дарёфти кори қонунӣ ва ихроҷ нашудан аз Русия ҳадафи аслӣ аст. Ӯ аз ихроҷ шудан ба ватанаш метарсад, ки он ҷо дарёфти кор ва зиндагӣ сахттар аз Русия аст.

Коршиносон мегӯянд, гурӯҳҳои сиёсӣ, чӣ ҳукуматӣ ва чӣ мухолиф, муҳоҷирони кориро ҳамчун нерӯе медонанд, ки бо кӯмаки онҳо имкони бароварда сохтани хостаҳояшон имкон дорад.

Аз ин пеш, моҳи феврал Шарофиддин Гадоев, як фаъоли мухолифин дар Русия боздошт ва сипас дар Тоҷикистон пайдо шуд. Гадоев, ки аввали моҳи март дубора ба Аврупо баргашт, ҳадафи сафарашро “ҳамкорӣ бо муҳоҷирон” хонд.

Шарофиддин Гадоев дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, муҳоҷирони тоҷик нерӯи бузурге ҳастанд, ки агар муттаҳид шаванд ва талош кунанд, ба зиндагии шоистае дар кишвар даст хоҳанд ёфт. Ӯ гуфт, ҳадафи онҳо низ ҳамин буд, ки дар Русия муҳоҷиронро даъват кунанд, то ҳаққи худро бишносанд.

​Шарофиддин Гадоев ба Радиои Озодӣ гуфт: “Ҳар як муҳоҷир ва аъзои оилаи онҳо, ки аксарияти овоздиҳандагон дар Тоҷикистон ҳастанд, дар сурати муттаҳид шудан интихоботро метавонанд, дигар кунанд. Ҳаргуна сиёсатмадор бо такя ба муҳоҷирон метавонад, пирӯзӣ ба даст орад. ” Муҳоҷирон нерӯе ҳастанд, ки имкони тағйир додани сиёсат дар Тоҷикистонро доранд.”

Ин фаъоли сиёсӣ мегӯяд, ҳоло Русия “карта”-и муҳоҷиронро танҳо барои худ истифода мекунад ва ба дигар нерӯҳои мухолиф иҷоза намедиҳад, ки онҳоро “ҳақшинос” кунад.

Тарс аз пайвастан ба нерӯи сиёсӣ

Русия муҳоҷиронро ба истилоҳ дар “аъроф” нигаҳ медорад ва гоҳ-гоҳ аз ихроҷи онҳо ё сахттар кардани шароити корашон Тоҷикистонро ҳушдор медиҳад. Тоҷикистон, ки пойбанди маблағи муҳоҷирон аст, зоҳиран аз сахт шудани шароити кор ва бозгашти онҳо ба кишвар метарсад.

Дар ин миён муҳоҷироне мисли Сиёвуш, ки панҷ моҳ боз пинҳонӣ аз чашми мақомот корҳои муввақатӣ анҷом медиҳад, бозгашт ба зодгоҳашро идомаи бекорӣ медонад. Зимнан, ӯ ҳам ба ҳеҷ нерӯи сиёсӣ, ки шиори зиндагии беҳтар медиҳанд, пайвастани нест, чун намехоҳад, “сараш дар бало монад”.

Раҳмон Улмасов
Раҳмон Улмасов

Раҳмон Улмасов, коршиноси масоили муҳоҷират бар ин назар аст, ки муҳоҷирони тоҷик ҳанӯз ба як нерӯи сиёсии таъсиргузор ба давлатдорӣ табдил наёфтаанд. Ӯ мегӯяд, ҳоло ҳукумати Тоҷикистон, гурӯҳҳои мухолиф ва гурӯҳҳои ифротӣ дар алоҳидагӣ талош мекунанд, то ин “неруи заъфпазир”-ро ба худ моил кунанд. Раҳмон Улмасов мӯътақид аст, ки “ба наздикиҳо истифода бурдани қувваи муҳоҷират дар корҳои сиёсӣ номумкин аст”.

“Гурӯҳҳои мухолиф ва гурӯҳҳои ифротӣ танҳо ба гурӯҳи алоҳидаи муҳоҷирон метавонанд, таъсир расонанд, вале ба оммаи зиёди муҳоҷирон таъсир расонида наметавонанд. Аксари муҳоҷирон як мақсад доранд,кор кунанду ба хона пул фиристанд” - гуфт ӯ.

Аз сӯи дигар омиле, ки муҳоҷиронро аз талошҳои муттаҳид шудан дар Русия тарс медиҳад, ҳамкории ошкору пинҳони мақомоти Русия дар самти боздошту истирдоди шаҳрвандони Тоҷикистон аст.

Соли 2012, замоне, ки Умаралӣ Қувватов, соҳибкори фирорӣ гурӯҳе аз муҳоҷиронро ба фаъолиятҳои сиёсӣ ҷалб кард ва наворҳои онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, мақомоти тоҷик ба таъқиб оғоз карданд. Даҳҳо тан узви “Гурӯҳи 24”, ки ин соҳибкори норозӣ асос гузошта буд, пинҳонӣ ба Тоҷикистон истирдод шуд ва солҳои тӯлонӣ ҳукми зиндон гирифтанд.

Фаъолони дигари сиёстиро, ки ба ҳамкори бо гурӯҳҳои ифротӣ гумонбар мешуданд, ба Тоҷикистон истирдод карданд.

Ин ҳамкории гоҳ қонунӣ ва гоҳ ғайриқонунии мақомоти ду кишвар, ба омили тарсзое табдил шудааст, ки ба гуфтаи Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик муҳоҷиронро аз ҳар тасмими сиёсӣ гирифтан дур нигаҳ медорад. Ҳарчанд, ба гуфтаи ӯ, муҳоҷирон қишри фаъоли ҷомеа ҳастанд ва тарафдории онҳо аз ҳар нерӯи сиёсӣ аҳамияти калидӣ дорад.

Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Аз тарафи дигар онҳо аз сиёсат ба он хотир дурӣ меҷӯянд, ки ба сиёсатмадорон боварӣ надоранд. Лекин агар ҷараёни сиёсишавии муҳоҷирон авҷ гирад, дар ин маврид, шояд яке аз нерӯҳои сиёсӣ тавонад, нуфузи бештарро дар миёни муҳоҷирон ба даст орад.

Вижагиҳои милливу маҳаллӣ, мазҳабӣ ва дигар фарқиятҳоро низ коршиносон аз омиле медонанд, ки садди ба ҳам омадани муҳоҷирон ҳамчун як ташаккули таъсиргузори сиёсӣ шудаанд.

Абдулло Давлатов, пизишки тоҷики муқими Русия.
Абдулло Давлатов, пизишки тоҷики муқими Русия.

Раҳмон Улмасов мегӯяд: “Муҳоҷирон дар берун аз кишвар аз рӯи маҳал ҷудо шудаанд. Диаспораҳои маҳаллӣ таъсис додаанд ва ҳатто миёни ҳам робита надоранд. Дар миёни муҳоҷирони як маҳал чӣ мегузарад, муҳоҷирони маҳали дигар намедонанд. Навад дар сади онҳо аз интихобот хабар ҳам надоранд ва ширкат ҳам намекунанд."

Муҳоҷирони тоҷик ба таври ҷудогона дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавзуҳои сиёсиро баҳс мекунанд ва дар робита ба ояндаи Тоҷикистон назар доранд. Абдулло Давлатов, пизишки тоҷики муқими Русия мегӯяд, муҳоҷирон миёни ҳам сиёсати Тоҷикистонро баҳс мекунанд, аммо аз ошкоро гуфтани ақидаҳои худ дар мазҳари ом метарсанд.

Тарси ҳукумат аз муттаҳид шудани муҳоҷирон?

Ӯ афзуд: “Тарс монеаи асосии ба ҳам омадани муҳоҷирони тоҷик шуд. Ба 39 минтақаи Русия ман сафар кардам. Мо ҳадаф доштем, ки бо муттаҳид кардани муҳоҷирон мушкилоти онҳоро дар дохили Русия ҳал кунем, вале мақомоти тоҷик ба ин зид буданд. Онҳо аз муттаҳид шудани муҳоҷирон ҳарос доранд."

Ҳудуди як миллион шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба Русия мераванд. Аксаран, мисли Сиёвуш Сафаров, муҳоҷири тоҷик дар ҳолати номаълумӣ ба сар мебаранд ва ҳар нафаре ояндаро ба шеваи худ мебинанд. Албатта ояндаи беҳтаре дар ватан, ки ба гуфтаи Сиёвуш онро одамоне месозанд, ки “мардум худашон аз таҳти дил дар интихобот интихоб мекунанд”.

XS
SM
MD
LG