Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати раҳбари Тоҷикистон дар нишасти АвруОсиё. Қадами аввал?


Раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё зимни нишасти сарон дар Сочӣ дар соли 2018
Раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё зимни нишасти сарон дар Сочӣ дар соли 2018

Даъват шудани раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси меҳмони фахрӣ ба нишасти сарони Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё тахмину гумонҳоеро доман задааст, ки шояд Тоҷикистон баъд аз солҳо ба ин созмон бипайвандад.

То кунун раҳбарони панҷ кишвари узв, Русияву Қазоқистон, Арманистону Белорус ва Қирғизистон дар ҳалқаи "худиҳо" ҳамкориву барномаҳои ояндаро баррасӣ мекарданд.

Бори аввал аст, раиси ҷумҳури Тоҷикистонро, ки 5 сол боз бо вуҷуди ташвиқу тарғиб, ба остонаи ин созмон ба раҳбарии Русия “қадам нагузошт”, даъват кардаанд, ба сӯҳбаташон ҳамроҳ шавад.

"Масъалаи пазируфтани Тоҷикистон матраҳ нест"

Рӯзи 29-уми май дар шаҳри Нурсултон, пойтахти Қазоқистон, раҳбарони 5 кишвар бештар дар бораи ҳамгироии иқтисодӣ, тиҷорат, сиёсатҳои муштараки молӣ ва саноату рақобат суҳбат мекунанд.

Сергей Сиплёнков, сухангӯи Кумисюни Иқтисодии АвруОсиё, ки шахсан аз омадани Эмомалӣ Раҳмон ба нишаст хурсанд шудааст, айни замон ба Радиои Озодӣ гуфт, масъалаи роҳ додани дигар кишварҳо ба иттиҳод баррасӣ намешавад. Ӯ афзуд, масъалаи қабул, ё пазируфтани Тоҷикистон ба ҳайси кишвари нозир баррасӣ намешавад: "Дар дастури кори ҷаласа масъалаи қабули аъзои нав ва тавсеаи созмон нест."

Як манбаъ дар ҳукумати Тоҷикистон ҳам ба Радиои Озодӣ гуфт, "мавқеи кишвар нисбат ба узвият дар Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё тағйир наёфтааст ва ҳузури раиси ҷумҳур дар нишаст, танҳо ба ҳайси меҳмон аст.”

Зоҳиран ин гуфтаҳои мақоми тоҷик ва Сергей Сиплёнков аз ҳама бештар садҳо ҳазор муҳоҷирони кории тоҷик дар Русияро ғамгину ноумед мекунад, ки бо ҳазор мушкил ҳаққи кор дар онҷоро ба даст меоранд, ё маҷбуранд, ғайриқонунӣ кор кунанд.

Дарди дили муҳоҷирон

Назарсанҷиҳо нишон додааст, ки тақрибан 70 дар сади мардуми Тоҷикистон тарафдори пайвастани кишвар ба узвияти Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё ҳастанд. Як сабаби аслии чунин тамоюл ҳам муҳоҷирати кории тоҷикон ба Русия аст, ки маҷбуранд, дар муддати кӯтоҳ ё патент бигиранд, ё ҳаққи кор ба даст биёранд. Коре, ки ба осонӣ муяссар намешавад.

Мақомоти Русия ҳукумати Тоҷикистонро пайваста ташвиқ кардаанд, ки ба Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё, ки ба гуфтаи Сергей Сиплёнков, аъзояш мехоҳанд, онро “ба яке аз иттиҳодияҳои пешрафтаи иқтисодӣ дар ҷаҳон табдил диҳанд”, бипайвандад.

Аммо давлати Тоҷикистон 5 сол боз мегӯяд, суду зиёни узвият дар иттиҳодро месанҷад ва агар ба нафъаш буд, ба он шомил мешавад. Мақомоти расмӣ дар гузашта ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки бо вуҷуди меъёру муқаррароти хуби иттиҳодия онҳо дуруст иҷро намешаванд. Яке аз ин муқаррарот гардиши озоди молу маҳсулот аст, вале то кунун ба гуфтаи ӯ Қазоқистону Белорус моли русиро иҷозаи фурӯш надоданд ва ё Русия воридоти ширу гӯшти Белорусро маҳдуд кардааст.

"Паёми ниҳоние набояд ҷуст. вале..."

Таҳлилгарон мегӯянд, интизор набояд дошт, ки дар нишаст ҳарфи фавқуллодае дар ин бора гуфта шавад. Бахтигул Қаламбекова, муовини собиқи вазири умури хориҷии Қирғизистон, аз ҷумлаи онҳоест, ки мегӯяд, дар даъвати Эмомалӣ Раҳмон ба нишаст, рамзу паёми ниҳоние набояд ҷуст, вале онро нодида ҳам набояд гирифт.

Ӯ рӯзи 28-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт: "Агар раиси ҷумҳури Тоҷикистонро ба ҳайси меҳмони ифтихорӣ даъват карда бошанд, пас, ин нишонаи эҳтиром ба ҳамкориҳои мутақобилаи аъзои Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё бо Тоҷикистон аст. Ва дувум, Тоҷикистон аз қабили он кишварҳое ҳаст, ки фаразан метавонад узви иттиҳод бошад. Ин, албатта, тасмими худи Тоҷикистон аст, вале ба он имкони хубе медиҳад, дар муҳит бошад, машварат кунад ва дар сурати майли узвият муҳосиба кунад."

Дар воқеъ, муомилоти иқтисодии Тоҷикистон бо ҳамсояҳои наздику дураш ба мисли Қирғизистону Қазоқистон ва Русия аст. Дар соли 2018 тиҷорат байни Тоҷикистон бо аъзои Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё 25 дар сад афзудааст. Ду маводи аслии ниёзи мардум, бахусус сӯзишворӣ ва гандуму ордро Тоҷикистон аз Русияву Қазоқистон мехарад.

"Душанбе ба эҳтиёткорӣ идома медиҳад"

Сайфулло Сафаров, яке аз сиёсатгузорони собиқ ва муовини собиқи Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, пайвастан ба як созмон раванди соддаву осон нест ва баъзе аз механизмҳои Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё ба манфиатҳои миллии кишвар созгор нест. Коршиноси тоҷик гуфт, "агар раисҷумҳур онҷо бошад ва баъзе аз масъалаву мушкилотро ҳал кунад, шояд Тоҷикистон имконияти ворид шудан дошта бошад. Агар масоил ҳал нашавад, Тоҷикистон эҳтиёткориро идома медиҳад."

Ин мушкилот ба қавли Сайфулло Сафаров “тақсими боҷҳои гумрукӣ ҳаст, ки аз моли воридотӣ аз Чину Афғонистону Узбекистон ситонида мешавад.” Ба гуфтаи ӯ дар сурати узвият, аввал ин боҷҳо ба як фонди умумӣ мераванд ва сипас дар охири сол байни кишварҳои узв тақсим мешаванд, ки ба манфиати Тоҷикистон нест.

Дигар мушкилӣ, ба қавли ӯ, муносибат бо муҳоҷирони тоҷик дар Русия аст, ки бояд ҳалли доимӣ пайдо кунад. Дар сурати вуруди Тоҷикистон ба Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё кофист, ки муҳоҷири кории тоҷик ба Русия биравад, худро дар раёсати умури дохилӣ сабти ном кунад ва сипас ба кор машғул шавад. Барои патенту иҷозаи кор ҳазор санад ҷамъ намеорад ва рӯзҳо сарсону саргардон намешавад.

"Масъала ҳал шуд, қонун нисбат ба муҳоҷирон тағйир меёбад"

Сайфулло Сафаров мегӯяд, дар назари аввал ин шароити пешниҳодӣ бисёр хуб аст, аммо инҷо "вале" ҳаст: "Оё қонунҳои Русия дигар намешаванд. Баъди онки мо ворид шудем, дигар намешаванд? Ба ин савол кӣ ҷавоб медиҳад? Мо дидем, ки вақте масъалаеро ҳал мекунем, қонун нисбат ба муҳоҷирон қонун тағйир меёбад."

Ба қавли ӯ, як шарти Тоҷикистон барои вуруд ба Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё ин аст, "он имтиёзҳое, ки ба муҳоҷирон дода мешавад, дар муддати 10-20 сол дигар нашавад. Тоҷикистон ғами муҳоҷирони худашро мехӯрад, ғами манфиатҳои миллии худашро мехӯрад, аз ин сабаб ворид нашуда истодааст."

Сафаров дигар кишварҳои узви иттиҳодро мисол овард, ки ба гуфтаи ӯ, аз узвияташон дар Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё чандон розӣ нестанд. Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Беларус боре ҳам ошкоро гуфтааст, ки кишвараш баъди узвият дар созмон даҳҳо миллиард долларро аз даст дод.

Русия аз соли 2014 – замони таъсиси Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё Тоҷикистонро барои пайвастан ба он ташвиқ мекунад. Ин иттиҳод, ки нахуст се кишвар – Русия, Беларус ва Қазоқистонро дар бар мегирифт, соли 2015 бо пайвастани Арманистон ва Қирғизистон қаламраваш васеътар шуд. Ҳадаф аз он таъсис додани як бозори бузурги иқтисодист, ки на камтар аз 300 миллион нафар аҳолӣ дошта бошаду пойбанди Русия бимонад.

XS
SM
MD
LG