Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Кумакҳои Русия ба Қирғизистон, ба маънои сарфи назар шудани Тоҷикистон нест"


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия

Русия дар чаҳорчӯби тақвияти марзҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба Қирғизистон ёрии низомӣ ва фаннӣ (техникӣ) расонд. Тоҷикистон фаротар аз ин марзҳо қарор дорад. Барои ҷумҳурие, ки як замон, махсусан барои мавқеи ҷуғрофии худ аз ҳимояти фаннӣ ва низомии Русия бархӯрдор буд, чӣ маъно дорад?

Ҳоло Қирғизистон аҳамияти бештар дорад. Тоҷикистон узви СПАД ҳаст, вале узви Иттиҳоди иқтисодӣ нест. Қирғизистон узвияти ҳар дуро дорад. Аз ин хотир, таваҷҷуҳи бештар ба Қирғизистон сурат мегирад

Шеваи нави ҳамкории низомӣ

Рӯзи 15-уми январи имсол дар шаҳри Бишкек маросими тақдими техникаи низомии Русия (ба маблағи беш аз 30 миллион доллар) ба ҷониби Қирғизистон баргузор шуд. Андрей Крутко, сафири Русия дар Бишкек гуфт, ки “мо техникаро дар ихтиёри низомиёни қирғиз қарор додем. Инҳо барои таҷҳизи нуқтаҳои сарҳадии Қирғизистон дар марз бо Узбекистон, Тоҷикистон ва Чин истифода мешаванд”.

Ҳарчанд Қирғизистон пештар ҳам ёриҳои фаннию низомиро аз Русия дарёфт карда буд, шеваи нави ҳамкорие, ки ба ҳимояи манфиатҳои иқтисодии шарик нигаронида шуда бошад, бори аввал аст. Ба қавли Кубат Раҳимов, коршинос аз Қирғизистон, ба ин ёриҳо бояд ба унвони унсури равобити дуҷонибаи иқтисодӣ нигарист.

“Дар Қирғизистон, мутаассифона, заъфи моддӣ-техникии хадамоти марзбонӣ таъсири мустақим ба кори гумрук дорад. Аз ин хотир, тарҳи таҳвили техникаи низомӣ ба ҳимояи манофеи иқтисодии Қирғизистон ва кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё марбут мебошад”, - гуфт Раҳимов рӯзи 19-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Тибқи маълумоте, ки муовини сардори Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳи Қирғизистон Нурлан Чомоев баён намуд, аз соли 2014 то 2018 Русия ба Қирғизистон ба маблағи 125 миллион доллар ёрии низомӣ кардааст.

Тоҷикистон чӣ?

Бо таваҷҷуҳ ба ин ки Маскав рӯи тақвияти марзҳои ҷанубии фазои пасошӯравӣ аз хатарҳои ворида аз кишварҳои сеюм таъкид кард, умдатан тақвияти марзҳои Тоҷикистону Афғонистонро дар назар дошт. Аммо изҳорот дар мавриди ҳимояи марзҳои Иттиҳоди иқтисодӣ суоли хосеро дар мавриди тағйири таъкиди матраҳшуда ба вуҷуд овард.

Андрей Казантсев, мудири Маркази тадқиқоти масоили Осиёи Марказӣ ва Афғонистон дар Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Маскав, гуфт, таъкиди дубора рӯйи Қирғизистон ба маънои сарфи назар кардани Тоҷикистон нест.

“Гап сари ин аст, ки феълан Қирғизистон аҳамияти бештар дорад. Тоҷикистон узви СПАД ҳаст, вале узви Иттиҳоди иқтисодӣ нест. Қирғизистон узвияти ҳар дуро дорад. Аз ин хотир, таваҷҷуҳи бештар ба Қирғизистон сурат мегирад. Ин ба он маъно нест, ки Русия Тоҷикистонро комилан аз фазои ҳимояи худ берун кардааст, зеро Русия дар доираи СПАД дар баробари Тоҷикистон масъулиятҳое дорад”, - таъкид кард коршинос.

Бозсозии қувваҳои мусаллаҳ аз ҳисоби Маскав

Душанбе дар баробари Бишкек ба таври расмӣ яке аз бузургтарин гирандаи ёриҳои низомии Русия дар минтақа дониста мешавад. Бори аввал дар бораи ҳадафи сармоягузории бозсозии қувваҳои мусаллаҳи ин кишварҳо нашрияи “Коммерсант” моҳи ноябри соли 2012 бо такя ба манобеи худ дар ниҳодҳои низомӣ хабар дода буд. Баҳонаи аслии ёриҳои низомӣ он замон “муроқибат аз амнияти худ дар робита ба хуруҷи неруҳои НАТО аз Афғонистон” гуфта шуд. Он замон таъкид шуда буд, ки Бишкек ба маблағи 40 миллиард рубл аслиҳа ва таҷҳизот (чархболҳо, системаи партобкунандаи мушакҳо, мошинҳои зиреҳпӯш ва аслиҳаи хурди низомӣ) дарёфт хоҳад кард.

Барномаи бозсозии муштараки қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро Маскаву Душанбе соли 2014 ба имзо расонданд. Он замон маблағи умумии ҷудошуда барои ёриҳои низомию техникӣ дар ҳудуди 70 миллиард рубл ва ё як миллиард доллар гуфта мешуд.

Ба таври расмӣ таҳвили бузурги таҷҳизот моҳи декабри соли 2017 сурат гирифт. Тибқи маълумоти нашрияи “Независимая газета”, он замон низомиёни тоҷик се тонки Т-72Б1, 9 мошини зиреҳпӯш ва мошинҳои пиёданизом (БТР-80, БТР-70 и БМП-2), чархболҳои Ми-24 ва Ми-8, таҷҳизоти тиббӣ ва топогрофӣ дарёфт карда буданд.

Ҳаҷми умумии ёриҳо дар он вақт, ба гуфтаи сардори Сарраёсати равобити байналмилалии Вазорати дифои Русия генерал-лейтинант Александр Кшимовский, 122 миллион долларро ташкил дода буд. Тавре расонаҳои Русия иттилоъ доданд, таҷҳизот ҳарчанд нав набуд, вале барои амалиёти низомӣ ба кор меояд.

Бояд гуфт, ки раванди таҳвили таҷҳизоти низомӣ ба Тоҷикистону Қирғизистон дар пасманзари бозмусаллаҳсозӣ ва ислоҳоти артиши Русия, ки барномааш соли 2008 тасдиқ шуда буд ва то соли 2020 идома мекунад, шурӯъ шуд. Ин барнома, ба ҷуз корҳои дигар, бозбинии тамоми таҷҳизоти техникӣ ва таҷдидсозии силоҳҳои ҳастаии Русияро дар бар мегирад.

Пештар, то ин корҳо, ёриҳои Русия ба Тоҷикистон усулан, аз омода кардани кадрҳои низомӣ, ташкили омодагиҳои ҳарбии муштарак ва тамринҳои низомӣ иборат буд.

Ёриҳо бар ивази вафодориҳо

Дар Қирғизистон, тибқи изҳороти муовини сардори Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳ Нурлан Чомоев, ҳамкориҳои фаннию низомӣ бо Русия дар намуди расондани ёриҳои низомию техникӣ, ҳамчунин арзаи таҷҳизоти низомию фаннӣ бо иҷораи иншооти Русия дар қаламрави ин кишвар сурат мегиранд.

Дар Тоҷикистон, Русия соли 2012 уҳдадории таҷдиди артиши тоҷикро баъди имзои Созишномаи мақоми будубоши Пойгоҳи низомии 201-ум дар қаламрави кишвар, ки муҳлати он то соли 2049 тамдид карда шуд, ба зимма гирифт. Аммо коршиносон омили аслии уҳдадориҳои Русия дар расонидани ёриҳоро вафодорӣ ба манофеи Маскав медонанд.

“Мавзуъ ин аст, ки ёриҳо аз ҷумла дар доираи узвият дар СПАД, ки равобити стратегиро пешбинӣ менамояд, расонида мешаванд. Мутаносибан, он кишварҳое, ки дар доираи СПАД ёриҳои Русияро дарёфт мекунанд, уҳдадориҳои хосеро низ ба дӯш мегиранд. Аз ҷумла бар зарари манофеи геополитикии Русия иқдом накардан. Аз ҷумла ҷой надодани пойгоҳҳои низомии кишварҳои сеюм, аз ҷумла кишварҳои узви НАТО”, - шарҳ медиҳад Андрей Казантсев.

Маълум аст, ки тамаркузи комили низомию фаннӣ бар як давлат, маъмулан ба вобастагии технологӣ аз давлати воридкунанда оварда мерасонад. Дар ин ҳолат, ба гуфтаи коршиноси қирғиз Кубат Раҳимов, гап дар бораи ҳифзи вобастагӣ намеравад, балки ҳарф сари риояти усулҳои асосии СПАД аз сӯйи кишварҳост.

“Мо ба ин ё он шева пойбанд ба уҳдадориҳо дар соҳаи амният ҳастем ва яке аз рӯйкардҳои калидиву асосӣ дар СПАД риояти ҳадди аксари стандартҳои ягона дар бахши истифодаи аслиҳа ва василаҳоест, ки тавоноии ҷангии артишро таъмин мекунанд. Вақте таҷҳизоти иттифоқчиён бояд аз руйи характеристикаи фанниву тактикӣ ҳадди аксар ба ҳам наздик бошанд ва ин як таҷрибаи меъёрии хуб аст”,-бовар дорад коршинос.

“Маскав фоидаи дукарата мебинад”

Дар ҳамин ҳол назарҳои дигаре ҳам вуҷуд дорад, ки тибқи онҳо равобити низомию фаннии Маскав бо кишварҳои дигар ба он имконият фароҳам мекунад, то мавқеи худро дар минтақа ҳифз кунад ва имтиёзҳои сиёсӣ ба даст биоварад. Ин назарро блогнависи тоҷик, ки муносиботи Русияву Тоҷикистонро ҳамеша дунбол мекунад Алӣ Ализод ҷонибдорӣ мекунад. Ба назари ӯ дар ҳамкории низомии Тоҷикистону Русия, Маскав ҳамеша фоидаи дукарата мебинад.

Ӯ гуфт, “созишнома дар бораи мақоми будубоши пойгоҳи низомии Русия далели ин гуфтаҳост. Ҳангоми ба имзо расидани ин созишнома кишвари мо ба тамоми шартҳои аз сӯйи Русия гузошташуда розӣ шуда буд. Артиши Русия мақоми будубоши қонунӣ дар минтақаро барои солиёни дароз пайдо кард, ҳайати шахсияш соҳиби масуният шуд ва ҳамаи инро ройгон ба даст овард”, - мегӯяд Ализод.

Дар маҷмуъ ёриҳои низомӣ ба Қирғизистонро коршиносон бештар ба ҳимояи манфиатҳои иқтисодии кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё марбут медонанд ва бар ин назаранд, ки равобти низомӣ бо Тоҷикистон ба унвони узви СПАД дар қолаби муқаррарӣ давом мекунад.

Бояд гуфт, ки ҳам Қирғизистон ва ҳам Тоҷикистон бар ивази ёриҳои низомию фаннии Русия уҳдадориҳои тавофуқшуда, аз ҷумла дар ихтиёри иншооти низомии Русия қарор додани қаламрави худро муроот мекунанд.

Дар қаламрави Қирғизистон пойгоҳи муттаҳиди низомии Русия амал мекунад, ки шомили чаҳор иншоот: аэродроми вокуниши сареи неруҳои дастҷамии СПАД дар Кант, пойгоҳи санҷишии низомию баҳрӣ дар Иссиқкӯл, бахши алоқаи низомӣ дар Чалдовар ва нуқтаи мухтори сейсмикӣ дар шаҳри Майли-Сай, мебошад.

Дар қаламрави Тоҷикистон бузургтарин пойгоҳи низомии берун аз марзҳои Русия, пойгоҳи 201, ки теъдоди хидматчиёни низомияш ҳудуди 7,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, вуҷуд дорад.

Дар ҳамин ҳол, Амрико ҳам дар расонидани техникаи низомӣ ба Тоҷикистон фаъолмандӣ нишон медиҳад. Дар доираи барномаи мубориза бо маводи мухаддири Фармондеҳии марказии Амрико аз соли 2006 то кунун ба Тоҷикистон беш аз 155 миллион доллар ёрӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG