"Ҳоло аввали кор аст, бозори Чинро меомӯзем. Қадами аввал шиносоист. Чиниҳо мечашанд, ҳайрон мемонанд, мепурсанд, ки дар кадом фасл ба ин шакар медиҳед? Мо мегӯем, ин табиӣ аст, дар ягон ҳолат шакар намедиҳем", -- мегӯяд Бобур Икромов, тоҷири тоҷик аз ширкати "Абрикос"-и вилояти Суғд, ки фурӯши хушкмеваи Тоҷикистонро дар Чин ба роҳ мондааст.
Роҳҷӯӣ ба бозорҳои Чинро ҳамчунин Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон тасдиқ кард. Раҳбари он, Ҷамшед Ҷумъахонзода, рӯзи 14-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, дар доираи намоишгоҳи байналмилалии "EXPO-2019" дар Пекин бо чиниҳо созиш ҳосил шуд".
Ҷумъахонзода бовар дорад, ки расидани меваи хушки кишвар ба Чин барои тоҷирони ватанӣ фоидаовар хоҳад буд. "Бозори Чин бениҳоят калон ва таваҷҷуҳи чиниҳо ба меваҳои мо воқеан зиёд аст",-- гуфт ӯ.
Аммо Абдуманнон Шералиев, коршиноси масоили иқтисодӣ мегӯяд, ҳанӯз зуд аст, ки бигӯем, бозшавии бозори Чин метавонад боис ба равнақи кори боғдорон шавад: "Ин бозор, агар воқеан боз шудааст, бозори нав аст. Ва танҳо барои он ки соҳибкорон содироти меваи хушк ба онро оғоз кунанд, чанд сол лозим аст. Чанд соли дигар барои шинос шудани чиниҳо бо меваҳои Тоҷикистон".
Ба гуфтаи Шералиев, воқеан, меваҳои хушки Тоҷикистон ширину хушмаззаанд, аммо истеҳсолу бастабандӣ ва содироташон бо ҳамон усули сад сол қабли бобоӣ сурат мегирад, ки онҳоро дар рақобат бо моли дигарон шикаст медиҳад. Коршинос пешниҳод дорад, ки давлат қабл аз ҳама бояд масъалаи дастгирии кишоварзон ҳам аз ҷиҳати андоз ва ҳам аз ҷиҳати ҷорӣ кардани технологияи нави истеҳсол, бастабандӣ ва содиротро баррасӣ кунад.
Ҷамшед Ҷумъахонзода, раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон комёбии гӯшаи Тоҷикистон бо номи "Боғдорӣ дар рушди деҳот"-ро дар намоишгоҳи Пекинро нишонаи густариши таваҷҷуҳи чиниҳо ба меваи хушки Тоҷикистон мешуморад. Вале ба ин нукта ҳамнавост, ки барои устувор шудан дар бозори Чин моли Тоҷикистон бояд посухгӯи талаботи чиниҳо бошад.
"Ҳар як қуттии меваро назорат мекунанд, сертификатҳое, ки соҳибкорон аз Тоҷикистон мегиранд, бояд бо англисӣ ва чинӣ низ бошанд. Ҳатман бояд хубу зебо бастабандӣ шуда, барчаспҳо ба чинӣ тарҷума шуда бошад", -- мегӯяд Ҷумъазода.
Дар гузашта ва ҳоло меваи хушки Тоҷикистон асосан ба бозорҳои Русия расонда мешавад. Ба андешаи Бобур Икромов, масъули ширкати "Абрикос", дар муқоиса ба Русия бозори Чин фоидаовар хоҳад буд. "Дар Русия ба ҳисоби миёна нархи як кило меваи хушки Тоҷикистон 200 рубл, муодили зиёдтар аз 3 доллари амрикоӣ аст ва дар Чин аз ин нарх болотар фурӯхтан имкон дорад", -- гуфт Икромов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.
Роҳандозии содироти меваи хушки Тоҷикистон ба бозори Чин дар ҳоле сурат мегирад, ки дар чанд соли ахир, мақомоти Тоҷикистон аз коҳиши содироти он ба хориҷи кишвар хабар медиҳанд. Бино ба иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон, содироти меваи хушк соли гузашта 19,5 ҳазор тонна бо маблағи 5 миллион долларро ташкил медиҳад.
Соли 2017 содироти меваи хушк 28,4 ҳазор тонна бо маблағи умуии 6 миллион долларро ташкил дода буд.
Ҳарчанд ин ниҳод аз шарҳи сабаби коҳиши содироти меваи хушк ба хориҷ аз кишвар худдорӣ мекунад, огоҳони умур далели инро афзоиши қочоқи меваи хушк аз тариқи Қирғизистон ба Русия, арзёбӣ мекунанд.
Луқмониддин Қурбонов, мудири ширкати "Кимиё-сервис"-и шаҳри Исфара, ки солҳо боз ба содироти меваи хуш машғул аст, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, афроде ҳастанд, ки меваи хушкро аз номи Қирғизистон ба Русия ба таври қочоқӣ содирот мекунанд.
"Солҳои пеш дар як рӯз 5-6 вагон содирот мекардем, имсол дар як моҳ ду-се вагон содирот мекунем. Ҳосил хуб шудааст, содирот ба ягон кишвар қатъ нашудааст, пас чаро коҳиш меёфтааст? Сабаб ҳамин қочоқ аст", -- гуфт ӯ.
Қирғизистон шомили Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аст ва роҳи бе боҷу арзони содирти меваи ин кишвар ба Русия вуҷуд дорад. Бархе аз коршиносон мегӯянд, бо ҳамин далел гуруҳҳое ҳастанд, ки меваи хушки Тоҷикистонро ба таври қочоқӣ вориди Қирғизистон намуда, баъдан ҳамчун маҳсулоти ин кишвар сабт менамоянд ва ба Русия содирот мекунанд.
Ҷамшед Ҷумъахонзода, раиси Палатаи савдо ва саноат мегӯяд, сабаби қочоқ ин аз боҷҳои гумрукӣ гурехтани соҳибкорон мебошад.
Содироти меваи хушк ба Чин барои соҳибкорони тоҷик роҳи наздиктару камхарҷтар гуфта мешавад ва ба назари бархе таҳлилгарон, эҳтимол дорад, роҳи қочоқи меваи хушк ба дигар кишварҳоро коҳиш диҳад.
Холиқназар Ҷумъаев, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, дарёфти бозори нав барои содироти меваи хушк ба манфиати соҳибкорон ва ҳам деҳқонону боғдорон мебошад. "Нахуст агар дар ин бозори нав тиҷорат суд орад, аллакай тоҷирон бештар ба хариди меваи хушк аз аҳолӣ оғоз мекунанд ва ин ба аҳолӣ ҳам даромад хоҳад овард".
Меваҳои хушки Тоҷикистон маъмулан ба Русия, Қазоқистон, Белорус ва Қирғизистон содирот мешаванд. Ҳаҷми содироти меваҳои хушк ба кишварҳои дигар, аз ҷумла ба Ховари Миёна ва Аврупо чандон зиёд нест.