Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Андрей Д. from Tajikistan


Ҳафиз Қаландаров
Ҳафиз Қаландаров

Аз блоги навбатии муаллифи доимии гӯшаи "Блогистон" Ҳафиз Қаландаров бармеояд, ки дар Шветсия аз Тоҷикистон бештар аз ҳама нафареро бо номи Андрей Д. мешиносанд...

Варзишгари Тоҷик ва маъруфияти бузурги ӯ дар Аврупо

(блог–қиссаи воқеъӣ, ба ҷои ҳазли солинавӣ)

Ман дар Ҳуланд ва баъдтар дар Шветсия ду сол барин таҳсилу таҷрубаомузӣ кардаам ва онҷо, албатта, шиносу дӯстони зиёде дорам. Аз байни онҳо Террии 72-сола, ки тавассути пружаи TSP (Tajikistan Support Project) ба лоиҳаҳои табобатии Тоҷикистон кӯмак мерасонад ва бонуи ҷавон Анна, ки дар созмони ТАМАМ дар масоили равобити ҷавонони Осиёи марказӣ ва Шветсия кор мекунад, ҳар сари чанд вақт ба Тоҷикистон меоянд ва ҳатман ба хонаи мо ташриф ҳам меоранд.

Ҳангоми дар Ҳуланд будан онҷо эълонеро хондам оиди ҷамъ кардани пул барои кӯмак ба беморони Тоҷикистон ва чанд Евро ба он сандуқи кӯмак фиристодам. Баъди ин Терри бо ман тамос карда маро ба хонааш бурд ва бо дӯстони ҳаммаслакаш шинос намуду ҳамин хел дӯстии мо оғоз ёфт.

Хислати аҷиби Терри, ки умуман саёҳиву пиёдагардиро дӯст медорад, он аст, ки ӯ ҳамеша бо ҶиПиЭс-и дастӣ (GPS) ҳаракат мекунад, ҳатто дар шаҳр. Нуқтаҳои даркориашро дар дастгоҳаш сабт карда сипас он ҷойҳоро ба осонӣ меёбад.

Бо Аннаву ҳамкораш Густаф бошад, ба фикрам дар интернет шинос шуда будем. Анна, бонуи қашанг, донишҷӯ буда ҷомеъашиносӣ мехонад. Лекин бар хилофи Террии пиронсол ва миллионҳо ҷавонони дигар технологияҳои муосирро ҳадал имкон ба куллӣ раду инкор мекунад. Масалан ӯ телефони мобилӣ намегардонад; мисли дигарон интернетдароӣ ҳам надораду хатбозии почтаи электронӣ ҳам. Нимшӯхиву нимҷиддӣ мегӯяд, ки намехоҳад мисли ҳама бошад, ҳама атрофиёнаш ин чизҳоро доранд ва агар лозим шавад, вай аз тариқи онҳо ҳама корашро ҳал мекунад...

Чанд сол пеш Анна бародар ва падарашро низ, ки дар рухсатӣ будаанд, ҳамроҳ барои саёҳат оварда буд ва онҳо меҳмони хонаводаи мо шуданд. Болои кати тоҷикӣ нишаста баъди қурутоб буд ё оши бурида, ёд надорам, лекин бояд ҳатман баъди сӯҳбати муқаррарии мардон “аз аспу аёл” бошад, ки мо ба “мавзӯи дигари рӯз - мавзӯи миллӣ” гузаштем.

Бародари ман аз меҳмонон пурсид, ки дар Шветсия Тоҷикистонро медониста бошанд. Мо, масалан, гуфтем, ҳама медонем, ки аҳолии Шветсия ҳам мисли Тоҷикистон атрофи 8 миллион нафар аст, лекин 10 дарсади онҳо муҳоҷирон аз кишварҳои мусулмонӣ мебошанд ва ин кишвар барои муҳоҷирин аз беҳтаринҳо шумурда мешавад.

Телефони “Сони Эриксон”, асбобҳои маишии электроникии “Электролюкс”, мошинҳои “Волво” инро қариб ҳама медонем, ки аз он кишваранд. Илова бар ин ҳама набошад ҳам, бисёриҳо медонем, ки “мушаки” компютер, “калиди худафзо” ё “разводной ключ” низ аз ихтирооти шведҳоест, ки шумораашон мисли тоҷикон он қадар зиёд нест.

Меҳмонони шветсиягӣ дар навбати худ, гуфтанд, ки мутаасифона, дар кишвари онҳо оиди Тоҷикистон маълумоти зиёде надоранд. Албатта медонанд, ки он яке аз “-истон” - кишварҳои собиқ шӯравӣ мебошад; қуллаи Коммунизм, ки номашро ҳоло тағйир додаанд дар инҷост ва бо Афғонистон сарҳади дарози умумӣ дорад.

Боз медонистаанд, ки дар инҷо баъди пош хӯрдани сохти шӯравӣ ҷанги дохилии даҳшатноке сар зада буду, бар хилофи муноқишаҳои дигар нуқоти ҷаҳон халқи ин сарзамин тавонистаанд онро нисбатан зуд ва ба кадом як тарзи ибратомезе ҳал кунанд.

Гуфтаҳои охирини меҳмонҳо, бешубҳа ва албатта бароямон хеле хуш буд.
Лекин баъди каме таваққуф бародари Анна, Рикард - ҷавони 27 сола, ки шореҳи варзиш дар радиобудааст, табассум карда гуфт, ки дар Шветсия боз варзишгар-лижатози тоҷикистонӣ Андрей Д.-ро низ ҳамагон хеле хуб мешинохтаанд. Мо, ки дар хонавода ба спорти лижа он қадар таваҷҷӯҳ надорем ва бори аввал номи ин варзишгарро мешунидем, ростӣ каме хиҷолат кашидем , ки варзишгари мо дар хориҷ шӯҳрат доштаасту мо ӯро намедонистаем.

Меҳмони мо нақл кард, ки дар бораи Андрей қариб дар тамоми матбуоту ВАО-и Шветсия хабару мақола ва ҳатто суруду ривоятҳои зиёде дар гардиш мебошанд. Ин дар мамлакате, ки ба гуфти Рикард, барои диққати омма ва матбуотро ба худ ҷалб кардан ба иборае, бояд на камтар аз “Волво” ва ё “Кока-Кола” бошӣ!

Ҳамааш чунин рӯй дода будааст: дар кадом як мусобиқаи калони байналхалқӣ (аниқаш дар ёдам намондааст) дар Шветсия таваҷҷӯҳи ҳама ба тими миллии он будааст ва воқеъан яке аз лижатозони он ба марра якум шуда мерасад, сипас чанд нафари дигарашон баробари кишварҳои дигар сеюму чорум ва умуман гӯё ҳама ба марра расидан мегиранд ва мусобиқа бо “триумф”, яъне ғалабаи бечунучарои тими Шветсия ба охир мерасид. Мусобиқа тамом шуда истодаасту журналистон ба назди доварон ва минбари медалҳо ҷамъ шуда, баҳс ба баҳс мехоҳанд ғолибонро акс бигиранд, савол пурсанд ва ҳоказо. Лекин маълум мешавад ҳоло на ҳамаи варзишгарон ба марра расида будаанд, то ки натиҷаҳоро ҷамъбаст карда тавонанд.

Аз дур мебинанд, ки як лижатозе хеле хаста, бо мушкилӣ, “афтидаву хеста” ба “финиш ” акнун омада истодааст. Вақте, ки ӯ наздиктар мешавад, ҳамагон ҳайрон шуда мебинанд, ки ин варзишгари шветсиягие будааст! Аҷоиб, охир варзишгарони Шветсия-ку ҳамагӣ барвақт омада расида буданд. Ин кӣ бошад? Назди ӯ мешитобанд ва яке аз журналистон ӯро то хати “марра” аз бағалаш дошта ҳамроҳӣ мекунад ва роҳравон номашро мепурсад, албатта, бо забони шведӣ. Лекин он варзишгар намефаҳмад ва дар Шветсия, ки қариб ҳама англисиро медонанд, журналистон аз ӯ ба англисӣ мепурсанд.

- АЙ ЭМ АНДРЕЙ Д. - мегӯяд ӯ.

- Фром Рашша?, - мепурсанд аз вай.

- НОУ, ТАҶИКИСТАН, - ҷавоб медиҳад Андрей.


Баъдтар ҳама ҳайрон, атрофи ӯ ҷамъ шуда саволборонаш мекунанд ва мепурсанд, ки чаро ӯ дар тан либоси тими Шветсияро пӯшидааст. Андрей мегӯяд, ки худаш либоси дуруст надоштааст ва яке аз дӯстони шветсиягиаш ин либосро ба вай тақдим намудааст!

“Баъди ин касе тавонист, дар ҳамонҷо, дар сари марра аз Андрей саволҳо кард. Баъзеҳо ба ҷустуҷӯяш ба меҳмонхона мерафтанд. Аксҳояш дар рӯзномаҳо чоп мешуду дар радиову телевизион - мусоҳибаҳояш. Албатта, ҳама ҳазл мекарданд, баъдтар журналистон ва мардуми оддӣ аз худашон мусоҳибаву сӯҳбатҳо бофта онро барои хандидану зарофатгӯӣ истифода мебурданд! Дар таърихи Шветсия шояд ягон кас бо ин осoнӣ ин қадар шӯҳрат пайдо накарда бошад!”- мегуфт хандида, меҳмони мо, бародари Анна.

Ҳафиз Қаландаров

Ш. Душанбе


P.S. Албатта, ҳоло мо Андрейро мешиносем ва хеле эҳтиром мекунем. Медонем, ки шояд ӯ ба Бозиҳои Олимпии Сочӣ равад ва дар ин сурат мо ба ӯ аз дилу ҷон муваффақият орзӯ мекунем. Боварӣ дорем, ки ӯ аз ин ҳазли соли навии мо хафа намешавад, чунки, шояд он солҳое, ки ин ҳодиса рӯй додааст, солҳои аввалу мушкили варзишгарони мо будаанд ва он замон ҳатто иштирок дар чунин мусобиқаҳо як пешрафте ҳисоб мешуд.
...Лекин умуман агар туро дар баробари қуллаи Сомонӣ дар Аврупо ёд кунанд, бояд хафа нашавӣ, ҳамин хел не?


P.P.S.:
OUR PATH, STILL UNKNOWN, WINDS THROUGH 2014
HEALTHY AND HAPPY NEWYEAR


Акс-табрикоти дӯсти мо, Саёҳ, Терии 73 сола ,ба мо- барои соли нав. Ба фаҳмиши ман, мегӯяд : «Роҳи (мушкили) ҳоло, то ҳанӯз анҷомаш ноаёни мо мисли бод ба с. 2014 ворид мешавад»

XS
SM
MD
LG