Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эвелин ба Тоҷикистон омад!


Олимаи ҷавон, бонуи итолиёвӣ, муҳаққиқи забон ва адабиёти тоҷик Эвелин Грасси, ки дар борааш аллакай дар Озодӣ маълумот дода будем, (http://www.ozodi.org/content/article/2330327.html), бо сафари навбатии корӣ/эҷодӣ ба Тоҷикистон омад.

Ӯ ин дафъа ҳам барои мухлисони адабиёти тоҷик арғумонҳои илмиву адабии хосе овардааст.

Ҳадафи асосии сафари феълии Доктор Эвелин ба Тоҷикистон, ин барқарор кардани алоқаҳои фарҳангиву мутақобилаи Китобхонаи Миллии Тоҷикистон, ки соли 2012 ифтитоҳ шудааст, бо китобхонаҳои аврупоии шарқшиносӣ мебошад. Эвелин сафарашро аз дидори оромгоҳи адибону ҳунармандон дар баландии Лучоб шуруъ кард...

Дар давоми 2 соли баъди ташрифи охирин ба Тоҷикистон, Эвелин, албатта, «бекор нагашта», нақшаҳои зиёдеро ба анҷом расондааст. Ӯ 17 майи соли 2012 мавзӯи илмии номзадӣ/докториашро (PhD), ки «Адабиёти Тоҷик дар фосилаи байни ислоҳот ва инқилоб. Ҳамроҳ бо як омӯзишу баррасии қаблии «Ёддоштҳо»-и Садриддин Айнӣ» ном дорад, ба забони модариаш - итолиёвӣ дар донишгоҳи Наполӣ (Неапол) ҳимоя кардааст.

Ҳамчунин аз рӯи Тарҷумаи ҳол ва Фаъолияти илмиаш, ки бо он дар торнамои интернетии http://univ-paris3.academia.edu/EvelinGrassi метавон шинос шуд, Эвелин дар симпозиуму гирдиҳамоиҳои илмиву адабӣ ширкат намуда, дар Донишгоҳҳои маъруф, аз қабили, Донишгоҳи Нумболдти Берлин, донишгоҳи Болоняи Итолиё ва маҳфили адабӣ- илмии Порис оиди адабиёти тоҷик ва забони тоҷикӣ дарсу лексияҳо хондааст ва дар баҳсу баррасиҳо ширкат варзидааст.

Мавзӯҳои дарсу баррасиҳои дар боло зикршуда «Адабиёти тоҷик ва ҷараёнҳои муосир. Охирҳои асри 19 ва ибтидои асри 20», «Садриддин Айнӣ ва тоторҳои Бухоро», «Адабиёти Тоҷик дар давраи байни Ислоҳот ва Инқилоб» ва ғайра мебошанд.

Изофа бар, ин Евелин боз барои энсиклопедияи маъруфи Encyclopaedia Iranica мақолаҳои “Нодира” (1792-1842) шоираи Қӯқандӣ, ки ҳам бо забони форсӣ ва ҳам туркии Чағатоӣ эҷод мекардааст, инчунин мақолаи “Шоҳин, Шамсиддин Маҳдум”, яке аз шоирони бузургтарини Бухорои нимаи дуюми асри 19“-ро навиштааст, ки дар дасти таҳриру нашр мебошанд.

Аз тарҷумаҳои доктор Эвелин бояд инҳоро зикр кард: Тарҷумаи аз тоҷикӣ ба итолиёвии пораҳои инитихобшуда аз “Ёддоштҳо”- С. Айнӣ (Инҷо бояд зикр кард, ки яке аз ормонҳои муҳаққиқи собиқадори итолиёвии адабиёти форс-тоҷик Ҷанроберто Скарчиа тарҷумаи “Ёддоштҳо” ба забони итолиёвӣ будааст, ки вай онро “энсиклопедияи ҳаёти онрӯзаи Бухоро” меномид); тарҷумаи порчаҳои интихобӣ аз асари таърихии С. Айни “Ғуломон”; тарҷумаи порчаҳои интихобӣ аз “Марги Судхур”…

Ҳоло доктор Эвелин Грасси дар Донишгоҳи Сорбонаи Фаронса кори пажӯҳишӣ мебарад ва “пуружаи илмиаш” – Таърих, Адабиёт ва Дузабонии фарҳангии форсиву туркии чағатоӣ дар Осиёи Марказии муосир (асрҳои 18-20) ном дорад.
Эвелин аз Порис бо худ як глобуси хурдакакеро низ чун ҳадяи рамзие овардааст, ки аз як тараф маъорифпарвари тоҷик Аҳмади Донишро ба ёд орад, аз тарафи дигар ин глобусча, ки дар кафи даст ҷо мешавад, гӯё баёнгари мақоли итолиёвии «тамоми ҷаҳон ин ҳамон як деҳачаест» бошад.

Ҳафиз Қаландаров
XS
SM
MD
LG