Ин хабар чанд соат пас аз он нашр шуд, ки расонаҳои Яман гузориш доданд, ки пойтахти он кишвар Санъо ва шаҳри бандарии Ҳудайда, ҳадафи ҳамлаҳои густурда қарор гирифтаанд.
Дар оғоз маълум набуд, ки кадом ҷониб ин ҳамлаҳоро анҷом додааст. Аммо як мақоми артиши Амрико дар гуфтугӯ бо хабаргузории "Ассошиэйтед пресс" таъкид кардааст, ки нерӯҳои амрикоӣ ин ҳамларо анҷом надодаанд.
Ҳамла ба Санъо ва бандари Ҳудайда танҳо чанд дақиқа пас аз он сурат гирифтааст, ки артиши Исроил эълон кард, нерӯҳои ҳавоии ин кишвар як мушаки ҳусиҳоро пеш аз ворид шудан ба осмони Исроил, раҳгирӣ кардааст.
Ҳусиҳо ҳанӯз масъулияти ҳамлаи мушакӣ ба Исроилро ба ӯҳда нагирифтаанд, аммо хабар доданд, ки баёнияи низомии муҳиме дар соатҳои оянда содир хоҳанд кард.
Расонаҳои зери назорати ҳусиҳо, аз ҷумла, шабакаи телевизионии "Ал-Масира", ки рух додани таркиш ва ҳамлаҳо ба Санъо ва Ҳудайдаро гузориш карданд, маълумоте дар бораи талафоти эҳтимолии ҳамлаҳо нашр накардаанд.
Бандари Ҳудайда ва шаҳри Санъо ҳар ду дар ихтиёри шуришиёни ҳусӣ қарор доранд. Ин гурӯҳ аз сӯи Эрон ҳимоят мешавад.
Ҳудайда як бандари муҳим аст ва бору маводи хӯрокворӣ ва кӯмакҳои башардӯстона ба кишвари ҷангзадаи Яман мебошад тариқи он ворид мешаванд. Ҳамчунин гумон меравад, ки таҳҷизоти низомӣ ва аслиҳа аз Эрон тариқи ин бандар ба дасти ҳусиҳо мерасад.
Исроил пеш аз ин дар вокуниш ба ҳамлаҳои ҳусиҳо ба хоки ин кишвар, нуқтаҳои мухталифи Яманро ҳадафи ҳамлаҳои ҳавоии худ қарор дода, ахиран низ аз такрори ин ҳамлаҳо ҳушдор дода буд.
Артиши Исроил дар моҳи июн пас аз ҳамлаҳои паҳбодии ҳусиҳо ба Телавив, ки боиси кушта ва захмӣ шудани 11 нафар шуд, пойгоҳҳои нафтиро дар бандари Ҳудайда зарба зада буд.
Амрико дар вокуниш ба ҳамлаҳои ҳусиҳо ба киштиҳои байналмилалӣ дар Баҳри Сурх ва Халиҷи Адан тайи як соли ахир, чанд бор ба ҳусиҳо ҳамла кард.
Ҳусиҳо аз оғози ҷанги Ғазза то имруз ҳудуди 100 киштии тиҷоратиро бо мушак ва паҳбод ҳадаф қарор доданд. Онҳо мегӯянд, ки ин ҳамлаҳоро дар ҳимоят аз фаластиниҳо ва мардуми Ғазза анҷом медиҳанд.
Гуфтугӯ