Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси Умед 88. "Озодам кунед, пулро бармегардонам"


Ҳоло номи Умед 88-ро аз тамоми нуктаҳои бензинфурӯшӣ бармечинанд.
Ҳоло номи Умед 88-ро аз тамоми нуктаҳои бензинфурӯшӣ бармечинанд.

Раҷабалӣ Одинаев, роҳбари боздошшудаи ширкати “Умед 88” аз мақомоти тоҷик тақозо кардааст, ки бо шарти берун нарафтан аз маҳалли зист ӯро озод кунанд. Одинаев ваъда додааст, ки дар мӯҳлати кӯтоҳ қарзи нерӯгоҳи Роғунро, ки сабаби боздошташ шуд, бармегардонад. Ба гуфтаи вакилони дифоъ, Раҷабалӣ Одинаев айни замон дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигаҳ дошта мешавад.

“Ба ӯ фурсат надоданд”

Саодат Одиназода, яке аз хешовандони Раҷабалӣ Одинаев рӯзи 28 октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, баъди мавриди танқиди раиси ҷумҳур қарор гирифтани ширкати “Умед 88” роҳбарияти ширкат дар пайи баргардондани қарз шуд, аммо ба онҳо фурсат надоданд.

Яъне аз пардохти қарз саркашӣ накардаанд ва фирор ҳам накарданд. Аз қарзи гирифтаашон 30 миллион сомонӣ фоизу ҷаримаҳошяро баргардондаанд.

Саодат Одиназода, сабабҳои таъхири ширкат дар бозгардонидани пули Ҷамъияти Саҳҳомии “Роғун”-ро шарҳ дод ва гуфт, ки ба сабаби ба бӯҳрони иқтисодӣ дучор шудани ширкат, Умед-88 натавонист сари вақт қарзро пардохт кунанд.

“Тибқи ҳуҷҷатҳое, ки вакилони дифоъ дар даст доранд, фоиз ва ҷаримаҳо сари вақт дар ҳаҷми 31 миллион сомонӣ пардохт шудаанд. Яъне аз пардохти қарз саркашӣ накардаанд ва фирор ҳам накарданд. Аз қарзи гирифтаашон 30 миллион сомонӣ фоизу ҷаримаҳошяро баргардондаанд. Ҳоло агар Раҷабалӣ Одинаевро бо иҷозаи берун нарафтан аз маҳалли зист озод бикунанд бо боварии комил гуфта метавонем, ки сипас бо дарки ҷиддии ин масъулият ҳатман қарзи мазкурро дар кутоҳтарин муддат пардохт мекунанд,”- афзуд Саодат Одиназода.

Ҳамсуҳбати мо гуфт, Раҷабалӣ Одинаев метавонад дар сурати дар озодӣ будан қарзашро баргардонад.

“Дархости моро рад карданд”

Вакилони дифоъи Раҷабалӣ Одинаев мегӯянд, шикояти онҳо барои аз ҳабси пешакӣ озод кардани зерҳимояашон аз ҷониби Додгоҳи шаҳри Душанбе рад карда шуд. Ҳоло аз ҳуқуқи Раҷабалӣ Одинаев ва ширкати ӯ се вакили дифоъ ҳимоят мекунанд.

Хусрав Аюбӣ, яке аз вакилони дифоъи Одинаев дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи ҷумъаи 27-уми октябр алайҳи ду роҳбари ширкати “Умед 88” расман бо ду моддаи Кодекси ҷиноятӣ айб эълон кард. Ба гуфтаи Хусрав Аюбӣ, роҳбарияти ширкати “Умед 88” дар тасарруфи қарз ва сӯистифода аз ваколат муттаҳам дониста мешаванд.

“Айб дар Вазорати молия аст ё “Умед 88”?

Умед 88 аз бузургтарин ширкатҳои бензинфурӯшӣ дар Тоҷикистон буд.
Умед 88 аз бузургтарин ширкатҳои бензинфурӯшӣ дар Тоҷикистон буд.

Наздикони Раҷабалӣ Одинаев дар ҳоле аз баргардондани қарз аз ҶСК “Роғун” ҳарф мезананд, ки қаблан вазорати молияи Тоҷикистон раҳбарони ширкати “Умед 88”-ро ба бемасъулиятӣ муттаҳам кард. Вазорати молия, ки мудирияти пулҳои ҷамъияти саҳҳомии «Роғун»-ро дар даст дорад, рӯзи 27 октябр тамоми масъулияти қазияи истифодаи пулҳои давлатро бори ин ширкати бензинфурӯш кард. Масъулони вазорати молия мегӯянд, ки ширкат “дархостҳои зиёди онҳоро барои бозгардони пулҳо нодида гирифт”.

Боздошти раҳбарони ширкати “Умед 88” яке аз ширкатҳои бузурги таъминкунандаи маводи сӯхт дар Тоҷикистон баъди он сурат гирифт, ки рӯзи 14 октябр вазорати молияро танқид кард, ки ба Умед 88 170 миллион сомонӣ қарз додав ва ин маблағҳо баргардонида натавонистааст. Баъди ин Оҷонсии зиддифасод гуфт, ки ба зидди раҳбарони ширкат бо иттиҳоми тасарруфи пулу мол, ғайриқонунӣ гирифтани қарз ва сӯистифода аз ваколат парванда боз кардаанд.

Рақобати носолим ва ё чаро сохторҳои давлатӣ беҷазо мемонанд?

Коршиносон мегӯянд, ширкати “Умед 88” қурбони бозиҳои носолими рақибонаш шуд ва бо эҳтимоли зиёд роҳбаронашро тақдири дигар соҳибкорони зиндонӣ интизор аст. Паси панҷара рафтани раҳбарони ширкати “Умед 88”-ро гурӯҳе кори дасти рақибони онҳо дар бозори нафти Тоҷикистон медонанд.

Нашрияи «Азия-Плюс» рӯзи 27 октябр навишт, ки дар қазияи мазкур гумонбарони асосии имзои созишномаи қарзӣ ду сохтори дигари бузургтар – Вазорати молия ва ҶСК «Роғун» мебошанд, вале то ҳанӯз хабаре дар бораи ба ҷавобгарӣ кашида шудани раҳбарони ин сохторҳо дар даст нест. Нашрия мегӯяд, тасмими ироаи қарзҳои калони давлатӣ ба як ширкати хусусӣ танҳо дар сатҳи раҳбарияти сохторҳои давлатӣ гирифта мешавад.

XS
SM
MD
LG