Набиҷон Мирзоев, сармуҳосиби ширкати “Умед 88” ҳамроҳ бо се роҳбари нуқтаҳои сӯзишвории ин ширкат, боздошт шудаанд. Баъди боздошти роҳбаронаш, ширкати “Умед 88” дар ростои муфлисшавӣ қарор гирифтааст ва кормандонаш низ мегӯянд, моҳҳо аст, ки ҳақмузд дарёфт намекунанд. Аммо наздикони Раҷабалӣ Одинаев мегӯянд, зиндонӣ кардани ӯ ва зердастонаш роҳи ҳалл нест ва ба онҳо бояд фурсат дода шавад, то қарзашонро баргардонанд.
“Номашон ҳамчун кафил гузаштааст”
Як манбаи боэътимод дар Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, боздошти Набиҷон Мирзоев, сармуҳосиби “Умед 88” рӯзи 25 октябр сурат гирифтааст. Ба қавли манбаъ, ҳамроҳ бо сармуҳосиби ширкати “Умед 88” боз 3 масъули нуқтаҳои сӯзишворӣ низ дар боздошт мебошанд.
Кормандони ширкати “Умед 88” мегӯянд, ки бебандуборӣ дар кори ширкат аз моҳи сентябр шурӯъ шуд ва онҳо се моҳи ахир маош дарёфт накардаанд.
“Гуруҳи тафтишотӣ ба хулосае омад, ки то анҷоми тафтишот сармуҳосиб Набиҷон Мирзоев дар боздошт бимонад. Аммо роҳбарони нуқтаҳои сӯзишвории ширкати “Умед 88” ба он хотир боздошт шуданд, ки номашон дар қарзҳои гирифтаи ин ширкат аз бонкҳо ҳамчун кафолатдиҳанда гузаштааст. Аз ҷумла номи роҳбарони нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар қарзҳое, ки ширкати “Умед 88” аз “Амонатбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” гирифтааст, ҳамчун кафолатдиҳанда (поручитель) навишта шудааст. Ин қарзҳо дар вақташ баргардонида нашуданд ва ба ин хотир роҳбарони нуқтаҳои сӯзишворӣ низ ба ҳабс гирифта шуданд,” - гуфт манбаъ.
Ин манбаъ афзуд, тафтиши ширкати “Умед 88” идома дорад ва эҳтимолан теъдоди афроди боздошшудаҳо афзоиш ёбад. То имрӯз мақомот боздошти ду нафар аз роҳбарони “Умед 88” -- Раҷабалӣ Одинаев ва Идибек Иброҳимовро тасдиқ карданд. Аммо манобеи Радиои Озодӣ теъдоди афроди боздошшудаи ин ширкатро беш аз 6 нафар арзёбӣ мекунанд.
Роҳбарони ширкати нафтрасони “Умед 88” баъд аз интиқоди раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, ки гуфт ин ширкат даҳҳо миллион сомонии пули будҷаро бозпас надодааст, дастгир шуданд. Оҷонсии зидди фасод шоми 23-юми октябр бо нашри як иттилоия гуфт, Раҷабалӣ Одинаев, Идибек Иброҳимов ва чанд масъули дигари ширкати “Умед 88” ба тасарруфи пулу мол, ғайриқонунӣ гирифтани қарз ва сӯистифода аз ваколат муттаҳам дониста мешаванд.
“Се моҳ шуд, ки маош нагирифтем”
Бо боздошти роҳбаронаш, ширкати нафтрасони “Умед 88” дар ростои будан ё муфлис шудан қарор гирифтааст. Ҳарчанд масъулини ин ширкат мегӯянд, ки роҳҳои бозгардонидани пули будҷаро баррасӣ доранд, аммо бовар надоранд, ки ин ширкат дубора метавонад ба пои худ рост биистад.
Кормандони ширкати “Умед 88” мегӯянд, бебандуборӣ дар кори ширкат аз моҳи сентябр шуруъ шуд ва онҳо се моҳи ахир маош дарёфт накардаанд. Саид Холов, як корманди ин ширкат гуфт, се моҳ мешавад маош нагирифтаанд ва роҳбарони ширкат имрӯзу пагоҳ гуфта, аз пардохти ҳақмузди онҳо худдорӣ мекунанд.
“Ман ҳар моҳ 780 сомонӣ маош мегирам, як рӯз кор ду рӯз истироҳат аст. Аммо се моҳ мешавад, ки маошамонро намедиҳанд, чанд бор муроҷиат кардем, мегӯянд, пул шавад, медиҳем. Намедонем дигар чӣ кор кунем, маҷбурем корро қатъ карда равем. Баъди зиндонӣ шудани акаи Раҷабалӣ, дигар ягон умед надорем, ки маошамонро медиҳанд,”-гуфт ин корманди ширкати “Умед 88”.
Ба қавли ин ҳамсӯҳбати мо, баъди кандани бренди “Умед 88” аз таболоҳо муштариёнашон ба таври бесобиқа коҳиш ёфтанд. Ҳамчунин ба гуфтаи ин корманди ширкат, “маҳсулот низ кам меояд, як рӯз бензин шавад пагоҳаш боз намеояд. Муштарӣ нест, ҳама парешон.”
“Ба Раҷабалӣ фурсат диҳанд қарзро бармегардонад”
Наздикони Раҷабалӣ Одинаев, роҳбари боздошшудаи ширкати “Умед 88” ба бегуноҳии ӯ исрор доранд ва мегӯянд, ба ӯ фурсат диҳанд маблағи буҷетро бармегардонад. Бадахшон Зардакова, яке аз наздикони Раҷабалӣ Одинаев мегӯяд, масъалаи маблағ гирифтани Одинаевро ба раисҷумҳур нодуруст фаҳмондаанд.
Хонум Зардакова рӯзи 26 октябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт,“ман мактуб навиштам ба Ҷаноби Олӣ ва мехоҳам қазияи Раҷабалӣ аз нав дида шавад. Агар муҳлат диҳанд, мумкин аст ӯ аз ӯҳдаи ҳалли ҳамаи проблемаҳо мебарояд. Раҷабалӣ одами саховатманд ва мефаҳмидагӣ аст. Мо мисли Раҷабалӣ соҳибкорони муваффақ кам дорем дар Тоҷикистон ва ҳар як нафари инҳоро бурда маҳкам кунанд, ҷумҳурӣ чӣ мешавад?”
Бадахшон Зардакова мегӯяд, Раҷабалӣ ба наздики нақша дошт, ки роҳҳои зодгоҳаш ноҳияи Ҳамадониро пурра таъмир кунад. Саодат Одиназода, ки худро хоҳари Раҷабалӣ Одинаев муаррифӣ кард, бо ирсоли як мактуб ба расонаҳо гуфтааст, ширкати “Умед 88” як қисми маблағҳои қарзии Вазорати молияро баргардондааст.
Хонум Одиназода дар мактуби худ гуфтааст,“тибқи ҳуҷҷатҳое, ки дар даст дорем, ширкати номбурда бо вуҷуди «ахбори носаҳеҳ» то ин рӯз барои адо намудани қарзи Вазорати молия, ки 171 милион сомониро ташкил медиҳад, фоизҳо ва ҷаримаҳои маблағи қарзиро дар ҳаҷми зиёда аз 30 миллион сомонӣ ба ташкилотҳои бонкӣ пардохт намудааст.”
Саодат Одиназода ҳамчунин навиштааст, зиндонӣ кардани роҳбарони “Умед 88” ба бекор мондани даҳҳо нафар, болоравии нархи сӯзишворӣ ва ноумед гаштани чандин соҳибкори дигароварда мерасонад.
Ширкати “Умед-88”-ро дар соли 1996 соҳибкор Раҷабалӣ Одинаев таъсис додааст. Ин ширкат маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъро аз Қазоқистону Русия ва Туркманистон ворид мекунад. Ҳамчунин, беш аз 70 нуқтаи фурӯши маҳсулоти нафтиву газии ширкати “Умед-88” дар саросари Тоҷикистон фаъол аст. “Умед-88” яке аз сертаблиғтарин ширкатҳои нафтрасони Тоҷикистон унвон мешавад. Ин ширкат барномаҳои бузурги фарҳангиву варзишӣ ва бахусус ҳунармандони маъруфи кишварро сармоягузорӣ мекард.