Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакили дифоъ: "Умед 88" пулҳоро бармегардонд, аммо мушкил пеш омад"


Вакили дифои Раҷабалӣ Одинаев, роҳбари боздошшудаи ширкати "Умед 88" мегӯянд, қарори баргардонидани 171 миллион қарзи "Роғун" аз ин ширкат ҳанӯз соли 2016 содир шуда буд ва онҳо дар пайи иҷрои он буданд.

Хисрав Аюбӣ, вакили дифои Раҷабалӣ Одинаев рӯзи 6-уми ноябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, Додгоҳи олии иқтисодӣ ҳанӯз соли 2016 ҳалнома содир карда буд, ки ширкати "Умед 88" маблағи гирифтааш аз ҶСК "Роғун"-ро баргардонад. Аммо вакили дифои Одинаев мегӯяд, ширкати "Умед 88" натавонист саривақт ин қарорро иҷро кунад.

Коршиносон мегӯянд, ки ширкати "Умед 88" қурбони бозиҳои носолими рақибонаш шуд ва бо эҳтимоли зиёд роҳбаронашро тақдири дигар соҳибкорони зиндонӣ интизор аст.

Хисрав Аюбӣ мегӯяд, "бештар аз 30 миллион маблағи қарзро пардохт кардаанд. Аммо баъдан иҷроиши он як муддат бо сабабҳои маълум қатъ шуд". Вакили дифоъ дар бораи "сабабҳои маълум" ҷузъиёти зиёди ироа накард, вале ишора намуд, ки бо сабаби дучори мушкили молӣ шудани ширкат, ҷараёни бозгардони маблағ ба мушкил рӯбарӯ шуд.

Қазияи ширкати "Умед 88" ва боздошти раҳбаронаш наздики як моҳ аст, ки идома дорад. Боздошти раҳбарони ширкати "Умед 88" -- яке аз ширкатҳои бузурги таъминкунандаи маводи сӯхт дар Тоҷикистон баъди он сурат гирифт, ки рӯзи 14-уми октябр раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон Вазорати молияро танқид кард, ба “Умед 88” 170 миллион сомонӣ қарз дода, ин маблағҳоро баргардонида натавонист.

Раҷабалӣ Одинаев, раиси ширкати "Умед 88" бо қарори додгоҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст. Раҳбари ширкати "Умед 88" дар тасарруфи пулу мол, ғайриқонунӣ гирифтани қарз ва сӯистифода аз ваколат, муттаҳам дониста мешавад. Яке аз наздикони "Умед 88" гуфт, ки Раҷабалӣ Одинаев таҳти бозпурсии мақомот аст ва дар муддати беш аз бист рӯзи боздошт натавонистаанд бо ӯ дидор кунанд.

Танҳо ҳафтаи гузашта Раҷабалӣ Одинаев дар як нома аз мақомоти Тоҷикистон хоста буд, ки ба шарти берун нарафтан аз маҳалли иқомат, ӯро раҳо кунанд. Одинаев ваъда додааст, ки дар мӯҳлати кӯтоҳ қарзи нерӯгоҳи Роғунро, ки сабаби боздошти ӯ шуд, бармегардонад.

Коршиносон мегӯянд, ки ширкати "Умед 88" қурбони бозиҳои носолими рақибонаш шуд ва бо эҳтимоли зиёд роҳбаронашро тақдири дигар соҳибкорони зиндонӣ интизор аст. Боздошти раҳбарони ширкати "Умед 88"-ро гурӯҳе кори дасти рақибони онҳо дар бозори нафти Тоҷикистон медонанд.

Ширкати “Умед-88”-ро дар соли 1996 соҳибкор Раҷабалӣ Одинаев таъсис дод. Ин ширкат маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъро аз Қазоқистону Русия ва Туркманистон ворид мекард ва беш аз 70 нуқтаи фурӯши маҳсулоти нафтиву газии ширкати “Умед-88” дар саросари Тоҷикистон фаъол буд.

XS
SM
MD
LG