Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тиллерсон, Трамп ва Кремл. ВИДЕО


Рекс Тиллерсон
Рекс Тиллерсон

Рекс Тиллерсон – раҳбари пешини ширкати нафти Exxon Mobil – котиби давлатӣ ё вазири умури хориҷии Амрико шуд. Ҳангоми тасдиқи номзадии ӯ дар Сенат – Маҷлиси болоии Амрико, яке аз мавзӯъҳои асосии баҳс Русия буд, чун бархе аз қонунугузорон аз равобити дар гузашта хуби Exxon Mobil бо Маскав нигарон ҳастанд.

Зоҳиран изҳороти Тиллерсон дар ҳаққи Русия ва изҳороташ дар бораи тақвияти ҳамкориҳои Амрико бо муттаҳидонаш ба тарафдории ӯ 56 раъй овард. Ҳангоми баррасии номзадияш дар Сенат Тиллерсон аз чораҳои маҳдудкунандаи Русия ва ҳам тарҳи мавсум ба "Қонуни Магнитский" пуштибонӣ кард.

Номзадии Тиллерсон бо назардошти бархӯрди манфиатҳо тафсирҳои гуногуни коршиносонро ба миён оварда буд.

Барои тасдиқи номзадии Тиллерсон дар мақоми Котиби давлатии Амрико асосан ҷумҳурихоҳон, се сенатори демократ ва мустақил овоз доданд. Ба муқобили ӯ 43 сенатори демократ раъй доданд, ки мегӯянд, Тиллерсон аз ҷинояткор номидани Владимир Путин худдорӣ карда ва аз нақзи ҳуқуқи инсон дар Арабистони Саъудӣ, Чин ва Филиппин гап назадааст. Крис Мерфи, сенатори демократ ва яке аз мунтақидони Рекс Тиллерсон, гуфт, "мо далеле барои нигаронӣ дорем, ки ӯ Департаменти давлатии Амрикоро ба монанди ширкати Exxon Mobil раҳбарӣ хоҳад кард. Ҷое, ки ҳамеша зидди манофеи Иёлоти Муттаҳида амал мекард."

Аммо тарафдорони Рекс Тиллерсон паҳлӯҳои мусбати кори ӯро варақгардон карданд. Боб Коркер, раиси Кумитаи умури байналмилалӣ дар Сенат гуфт, "Тиллерсон як ширкатро бо 75 ҳазор коргар раҳбарӣ мекард ва бо тамоми дунё муносибати хуб дошт. Вай нақши ҳалкунандаи Амрикоро дар ҷаҳон хуб медонад". Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, низ гуфт, "вақти он расидааст, ки бо чашмҳои рӯшан ба сиёсати хориҷӣ нигоҳ кунем. Барои ҳамаи мо хуб хоҳад буд, агар дар мувофиқа бо якдигар амал кунем, на инки низоъ барангезем. Ҷаҳон шоҳиди чунин низоъҳое набудааст, ки имрӯз ҳаст."

Аммо мушкили аввале, ки Рекс Тиллерсон дар мақоми Котиби давлатии Амрико рӯ ба рӯ хоҳад шуд, на хориҷӣ, балки дохилӣ хоҳад буд. Беш аз 800 дипломати амрикоӣ дар муроҷиате ба вазири умури хориҷӣ аз дастури Доналд Трамп норозигӣ карданд, ки муҳоҷирати сокинони 7 кишварро ба Иёлоти Муттаҳида маҳдуд кардааст. Дар Департаменти давлатии Амрико чиҳил сол боз канали махсусе амал мекунад, ки дипломатҳо тавассути он метавонанд интиқоди худро озодона ба унвонии раҳбарияти кишвар бирасонанд.

Ин дафъа нома то онки ба Котиби давлатии Амрико бирасад, ба дасти матбуот расид ва сухангӯи Кохи Сафед дарҳол ба он посух дод. Шон Спайсер гуфт, кормандони Департаменти давлатӣ ё бояд дастури президент Трампро иҷро кунанд, ё инки аз кор бираванд.

Ҳоло суоли асосӣ ин аст, ки оё сиёсати хориҷии Амрикоро кӣ тарҳрезӣ хоҳад кард? Стивен Бланк, собиқ профессори Коллеҷи нерӯҳои хушкигард ва корманди Шӯрои умури хориҷии Амрико гуфт, "тасаввур намекунам, ки сиёсати умури хориҷӣ дар маъмурияти Трамп чӣ гуна хоҳад буд, чаро ки намедонам Рекс Тиллерсон қудрати воқеии инро дорад, ё не."

Бланк афзуд, "ҳоло мо аз намояндагони Кохи Сафед изҳороти гуногун, аз ҷумла изҳороти таҳдидомез мешунавем. Ёвари Трамп дар умури амнияти миллӣ Майкл Флинн Эронро барои озмоиши мушаки баллистикӣ таҳдид кард. Ба назари ман, ин изҳорот бе омодагии пешакӣ ва таҳлил берун омадааст. Барои ҳамин, намедонам, ки оё Тиллерсон нақши Котиби давлатии Амрикоро ифо карда метавонад, ё не."

Стивен Бланк дар мавриди онки оё сиёсати Амрико бо Русия чӣ гуна шакл хоҳад гирифт, гуфт, "онҳо бо таваҷҷӯҳ ба манофеи Амрико дар Аврупову Украина бо Русия муомила хоҳанд кард. Доналд Трамп бо розӣ шуданаш барои сӯҳбат бо Владимир Путин аллакай гузашт кард.”

Марк Каттс, сиёсатшинос аз Донишгоҳи Ҷорҷ Мэйсон гуфт, "таҷрубаи Рекс Тиллерсон дар нақши раҳбари як ширкати бонуфуз, ки бо Русия ҳамкорӣ дошт, эҳтимол ба манфиат хоҳад буд. Аммо ҳоло бисёриҳо аз он нигаронанд, маъмурияти Трамп бо назари онҳое, ки дар Кохи Сафед ҳастанд, тасмимгирӣ хоҳад кард, бидуни онки бо вазоратҳои дигар машварат кунад. Мисли онки дастури президент Доналд Трамп дар бораи маҳдуд кардани қабули муҳоҷирону паноҳҷӯён содир шуд", - афзуд ӯ.

Рекс Тиллерсон бо Владимир Путин
Рекс Тиллерсон бо Владимир Путин

Рӯзи 13 декабри соли гузашта Тиллерсон аз тарафи Доналд Трамп ба мақоми раҳбари дипломатияи Амрико пешниҳод шуд. То ҷорӣ шудани таҳримҳои зидди Русия ширкати ӯ Exxon Mobil дар чанд тарҳ бо ширкати русии "Роснефт" ҳамкорӣ мекард. Таҳримҳо ба ширкати ӯ зарари бузурги молӣ расонд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG