Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русҳо ва Рекс Тиллерсон. Аз хушҳолӣ то "ман гуфта будам!"


Вақте, ки номзад ба мақоми вазири умури хориҷии Амрико Рекс Тиллерсон дар ҷаласаи Сенати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба суолҳои сенаторҳо посух медод, донишмандон ва сиёсатмадорон дар Русия посухҳои ӯро боддиқат гӯш медоданд, то бидонанд, ки мавқеи маъмурияти Трамп дар баробари Русия чигуна хоҳад буд.

Бо посухҳои Тиллерсон дар бораи Украина, ишғоли Қрим ва масоили мисли ин, вокуниши сиёсатмадорону донишмандони рус аз прагматизми рӯҳбаландона ба самти "ман гуфта будам!" мекалавид ва нигарониеро ба бор меовард, ки ин "бози шикорӣ" метавонад ба ҳукумати Трамп шомил шавад. Дар маҷмӯъ, назарҳо дар робита ба ҳукумати Трамп бештар аз хушҳолии баъди интихоби ӯ дар моҳи ноябр, бардоштҳои воқебинонаро ба намоиш гузоштанд.

Владимир Соловев, рӯзноманигори тарафдори Кремлин, дар сӯҳбат бо Радиои давлатии Vesti FM ба он русҳое киноя зад, ки ба гуфтаи ӯ аз лаҳни гуфтори Тиллерсон ҳайрон шудаанд.

Рекс Тиллерсон
Рекс Тиллерсон

Ӯ гуфт, "барои шунавандагони азизамон бори 150-ум мегӯям, ки Тиллерсон Майор Вихр (қаҳрамони филми замони шӯравӣ) ва Трамп полковник Максим Исаев (Штирлиц) нест. Инҳо ҳарду патриотҳои Иёлоти Муттаҳидаанд, ки яке агар номзадияш тасдиқ шавад, мақоми вазири умури хориҷиро ишғол мекунад. Дигари баъди чанд рӯз аз мақоми президенти мунтахаб ба мақоми раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида мегузарад. Онҳо ҳеҷ гоҳ ҳадаф надоранд, ваъдаҳоеро, ки ба Русия надодаанд, иҷро кунанд. Барои онҳо Амрико ва сиёсати он авлавият дорад. Барои ҳамин Тиллерсон мегӯяд, ки Русия манфиатҳои Амрикоро ба инобат намегирад. Зеро ӯ дар қадами аввал аз манфиатҳои Амрико ҳимоят мекунад, на манфиатҳои Русия. Ҷойи хаёлпарастӣ нест."

"Ин, ки бисёриҳо аз пирӯзии Трамп бар Ҳиллари Клинтон хушҳоланд, масъалаи табъу завқ аст, аммо мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ин торти хурд метавонад навиштаҷоти мухталиф дошта бошад, аммо аз ҷиҳати мӯҳтаво сиёсати ҷонибдори Русия нахоҳад буд. Эҳтимол ташаннуҷ камтар шавад, равобит дар байни раҳбарон каме беҳтар шавад ё ...", гуфтааст Сергей Соловев.

Леонид Слутский.
Леонид Слутский.

Леонид Слутский, раҳбари кумитаи Думаи давлатӣ дар умуми масоили байналмилалӣ ба хабаргузории "Интерфакс" гуфтааст, ки посухҳои номзад ба мақоми вазири умури хориҷӣ аз пешравӣ дар самти эътирофи далели бозгашти Қрим ба ҳайъати Русия аломат доданд.

Леонид Слутский афзуд, "Тиллерсон аз ҷумла гуфт, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба ҳайъати Русия шомил шудани Қримро эътироф мекунад, агар вазъ дар атрофи нимҷазира ба шевае ҳаллу фасл шавад, ки Украинаро ҳам қонеъ кунад."

Вай дар идома гуфт, ки "аммо тавре мо медонем, Украина як қаламрави аз берун идорашаванда ва "пульт"-и он ҳам дар дасти Вашингтон аст. Яъне ин оғози шартгузорӣ барои эътироф, ба ҷойи "Қримро баргардонед!" аст"- гуфт Леонид Слутский ба хабаргузории "Интерфакс."

Алексей Пушков, ҳуқуқдони шинохтаи Русия дар саҳифаи "Твиттер"-и худ навишт, ки "дар ҷаласа Тиллерсон ҳамон мавқееро дошт, ки ҷараёни асилии сиёсати Амрико пайгирӣ мекунад. Ин бори дигар сунъӣ будани сару садоҳои мухолифини Трампро собит кард."

Алексе Венедиктов, сардабири радиои "Эхо Москвы" шарҳи Тиллерсонро қироат кард, ки гуфт, соли 2014 ба думболи ишғоли Қрим ӯ Украинаро бо силоҳу истихборот таъмин мекард, то аз тохту тоз ба шарқи ин кишвар ҷилавгирӣ мешуд. "Ин мард кӣ аст? Ин ҳамон марде ҳаст, ки аз дасти Игор Иванович Сечин ва Владимир Владимирович Путин ордени дӯстии Русияро гирифтааст?

Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл гуфт, бо мавқеи Рекс Тиллерсон дар баробари Қрим ошно шуд, аммо онро қабул намекунад.
Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл гуфт, бо мавқеи Рекс Тиллерсон дар баробари Қрим ошно шуд, аммо онро қабул намекунад.

"Баъзеҳо мегӯянд, ки ҷумҳурихоҳон прагматик мешаванд, аммо ман мегӯям, ки прагматизми онҳо ин сахтгирии онҳост. Мо ҳоло Тиллерсонро шунидем ва Трампро ҳам хоҳем шунид. Яъне, "бачаҳо қоида ҳамин аст, мо бузургу тавоно ҳастем, мо абарқудрат ҳастем. Шумо ду роҳ доред, ё бо мо ҳастед ё муқобили мо." Аз замоне ки ҳарфи Трамп баромад, ман гуфта будам, ки ин ба чӣ меанҷомад ва оқибат ҳамин тавр ҳам шуд."- гуфт Венедиктов

Рӯзи 12 январ сухангӯи ҳукумати Русия Дмитрий Песков гуфт, ки Кремлин бо мавқеи Рекс Тиллерсон дар баробари Қрим ошно шуд, аммо онро қабул намекунад. "Мо бо ин формулбандӣ розӣ нестем ва мавқеи худамонро шарҳ медиҳем."

Песков ба шарҳи Тиллерсон дар бораи таҷовузи Русия ба шарқи Украина ва зарурати вокуниши шадиди Амрико баъди ишғоли нимҷазира гуфт, "ман ба ин шарҳ вокуниш намекунам. Мо бо котиби давлатӣ Тиллерсон ҳамаи масоили марбутаро дар вақти ба миён омадани онҳо, матраҳ мекунем."

XS
SM
MD
LG