Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Котиби давлатии оянда дороиҳои худро эълон кард


 Рекс Тиллерсон бо Владимир Путин
Рекс Тиллерсон бо Владимир Путин

Биноба ахбори расмӣ, ки рӯзи чоршанбе пахш шуд, дороиҳои Рекс Тиллерсон, раҳбари собиқи ширкати нафти Exxon Mobil, ки Трамп ӯро ба мақоми Вазири хориҷии Амрико пешбарӣ кардааст, ҳудан 500 миллион доллар аст.

Тиллерсон 1 январ аз мақоми раҳбари кулли ширкати Exxon Mobil даст кашид. Ҳафтаи оянда номзадии ӯ ба мақоми Котиби Давлатии ИМА дар Сенат баррасӣ мешавад. Ӯ аз пуштибонии баъзе ҷумҳурихоҳон дар Сенат бархурдор шудааст, аммо намояндагони Ҳизби Демократ мегӯянд, ки барои аз ғалбер гузаронидани робитаи Тиллерсон бо президент Путин вақти бештар мехоҳанд.

Бахши асосии дороиҳои Тиллерсонро саҳмияҳои Exxon Mobil ташкил медиҳад, ки Тиллерсон мехоҳад онҳоро ба фурӯш гузорад. 180 миилионро вазири оянда ба ширкати қобили эътимод медиҳад ва то даҳ сол он баҳраашро мебардорад.

Биноба гузориши молие, ки Тиллерсон пешниҳод кард, ӯ соҳиби саҳмияи ширкатҳое мисли Apple ва J.P. Morgan Chase, коғазҳои қимматбаҳои шардории Тексас, мазраае дар назидкии Тексас ва Оклоҳома ва моликияти ғайриманқули дигар аст. Ба ғайр аз ин Тиллерсон соҳиби коғазҳои арзишманди баъзе рақибони Exxon Mobil, мисли Royal Dutch Shell ва Total мебошад.

XS
SM
MD
LG