Кумитаи Сенати Амрико дар умури масоили байналмилалӣ рӯзи 23 январ номзадии Рекс Тиллерсон, собқ раҳбари ширкати нафти ExxonMobil ба мақоми Котиби давлатии ИМА-ро тасдиқ кард ва бо ин роҳи ӯро барои дарфёти ин мақом ҳамвор намуд.
Райъи аъзои кумита бо таносуби 11 бар 10, аз рӯи мансубияти ҳизбӣ тақсим шуд. Овози ҳалкунандаро ба Тиллерсон сенатори ҷумҳурихоҳ Марко Рубио дод, ки дар оғоз аз равобити Тиллерсон бо Владимир Путин, президенти Русия нигаронӣ мекард. Рубио аз ин ташвиш дошт, ки Тиллерсон метавонад сиёсати "прагматизм болотар аз ҳуқуқи башар ва демократия дар ҷаҳон"-ро пеш барад. Аммо ба назар мерасад, ки изҳороти ду сенатори бонуфӯз, Ҷон Маккейн ва Линдси Грэм, ки гуфтаанд Тиллерсон метавонад аз ҳомиёни таъсирбахши манофеи Амрико шавад, ба мавқеи Рубио таъсир гузошт.
Сенатори демократ Бен Кардин, дар шарҳи мухолифати худ ба номзадии Тиллерсон гуфт, ки ӯ натавонист мавқеъи худро дар робита ба таҳримҳои зидди Русия баён кунад ва ба суоли оё Амрико бояд ба ивази кӯмаки иқтисодӣ аз ин ё он кишвар риояи ҳуқуқи башарро талаб намояд, посух надод. Сенатори демократ Боб Менендес айби Тиллерсонро дар он дид, ки раҳбари собиқи ExxonMobil аз посух ба суоли оё ширкати ӯ барои лағви таҳримҳо алайҳи Русия дар Конгресс "лоббигарӣ" карда буд, фирор намуд.