Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Амрико бо Путин созиш намекунад"


Линдси Грэм, Ҷон Маккейн ва Эми Клобушар – се узви Сенати Амрико – дар ҷараёни сафарашон ба Украина гуфтанд, дар оғози соли 2017 таҳримҳои нав алайҳи Русияро тасвиб хоҳанд кард. Линдси Грэм, сенатори Ҷумҳурихоҳ, дар сӯҳбати ихтисосӣ бо бахши украинии Радиои Озодӣ гуфт, ин таҳримҳо ба бахши иқтисоди Русия, президент Владимир Путин ва атрофиёни ӯ дахл дорад. Вай афзуд, фикр мекунад, «ин танҳо роҳи маҷбур кардани Русия ба тағйир ё ислоҳот аст».

Агар Шумо интихоботи озодро аз байн мебаред, Шумо демократияро аз байн мебаред.
Ҷон Маккейн

Сенаторони Амрико аз тарҳи таҳримҳои нав, бахусус алайҳи раиси ҷумҳури Русия, дар ҳоле сӯҳбат мекунанд, ки рӯзи 29 декабр Иёлоти Муттаҳида 35 дипломати русро ихроҷ карда ва алайҳи як қатор шаҳрвандону муассисаҳои Русия таҳримҳои нав ҷорӣ намуд. Мақомоти Амрико гуфтанд, таҳримҳои нав дар ҷавоб ба ҳамлаи ҳакерии Русия сурат гирифтааст.

Ҳамла ба озодӣ ва демократия

Ҷон Маккейн, сенатори Ҷумҳурихоҳ, ҳамлаи ҳакерии Русияро “ҳамла ба асоси демократия” номид ва гуфт, ки “мо метавонем таҳримҳоро шиддат бахшем”. Ин таҳримҳо, ба гуфтаи ӯ, аз маҳдудияти сафари чеҳраҳое, ки дар ҳамлаҳои ҳакерӣ даст доштанд, то созмонҳои махсусро дар бар хоҳад гирифт. “Билохира, ин ҳамла ба Иёлоти Муттаҳида буд. Агар Шумо интихоботи озодро аз байн мебаред, Шумо демократияро аз байн мебаред”, - афзуд ӯ.

Ҷон Маккейн гуфт, бовар дорад, Конгресс тарҳи нави тарҳримҳоро қабул мекунад. «Аммо намедонам, ин таҳри таҳримҳоро президенти тозаинтихоб Доналд Трамп имзо хоҳад гузошт, ё не. Дар ҳар сурат, вақте аз се ду ҳиссаи аъзои Маҷлис раъй доданд, таҳримҳо ба кор медароянд», - таъкид дошт Маккейн.

Ташвиши сенатор Маккейн аз чист?

Ин сенатори Ҷумҳурихоҳ дар идома гуфт, Иёлоти Муттаҳида бо президенти Русия созиш намекунад ва афзуд, “ҳамагуна созиш бо Валадимир Путин бар зиёни озодӣ ва демократия тамом хоҳад шуд”.

Вай дар айни замон аз пешбарии номзадии Рекс Тиллерсон ба мақоми вазири умури хориҷии Амрико аз тарафи тими Доналд Трамп ба шиддат изҳори ташвиш кард ва гуфт, бештар аз робитаи хуби Тиллерсон бо Русия ва Владимир Путин нигарон аст. “Вай бо ман ва дигарон мулоқот мекунад, он вақт мебинем, ки чӣ хоҳем кард. Аммо гузаштаи ӯ маро воқеан ба ташвиш овардааст ва мо бояд хулосаи ниҳоии худро барорем», - афзуд ӯ.

"Агар пеши роҳи Русияро нагирем..."

Доналд Трамп
Доналд Трамп

Эми Клобушар, сенатор аз Ҳизби демократ, гуфт, ниҳодҳои амниятии Амрико ба натиҷае расидаанд, ки ҳамлаи ҳакерии Русия воқеан сурат гирифтааст. Ба қавли ӯ, дар Литва, Эстония ва Украина низ аз ҳамлаҳои мушобеҳи ҳакерӣ шикоят кардаанд. «Ин технология метавонад дар интихоботи Фаронса ва Олмон ҳам истифода шавад. Фикр мекунам, ин таҳримҳо қадами аввал, вале муҳиманд. Агар мо ин корро накунем, чунин ҳодиса метавонад дар ҳар куҷо рух бидиҳад.»

Русия дар посух ба таҳримҳои нави Амрико ва ихроҷи 35 дипломати рус аз ин кишвар дар рӯзҳои охири соли 2016 гуфтааст, ҳеҷ дипломати амрикоиро берун нахоҳад кард. Владимир Путин гуфт, онҳо замони ба кор шурӯъ кардани Доналд Трампро интизор мемонанд. Трамп рӯзи 20 январи соли оянда бо адои савганд ба кор шуруъ мекунад ва Барак Обамаро дар Кохи Сафед иваз хоҳад кард.

Тавсифи Трамп аз тасмими Путин

Президенти мунтахаби Амрико аз тасмими раиси ҷумҳури Русия барои аз ин кишвар берун накардани дипломатҳои Иёлоти Муттаҳида тавсиф карда ва чунин чархиши Маскавро "олӣ" номидааст. Иёлоти Муттаҳида дар посух ба ҳамлаҳои ҳакерии Маскав 35 дипломати русро ихроҷ карда ва алайҳи як қатор шаҳрвандон ва идораву муассисаҳои Русия таҳримҳои нав ҷорӣ кард. Ниҳодҳои амниятии Амрико ба ин хулоса омадаанд, ки рахнаи шабакаҳои компютерии Ҳизби демократи Амрико ва дуздии номаҳои аъзои ҳизб бо огаҳии мақомоти баландпояи Русия сурат гирифтааст. Баъзе аз ин номаҳо дар ҷараёни интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико нашр шуданд.

XS
SM
MD
LG