Сенаторҳо Ҷон Маккейн ва Линдси Грэм, ҳарду аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ, гуфтанд, ки аз номзадии Рекс Тиллерсон – мудири пешини Exxon Mobil – ба мақоми вазири корҳои хориҷии Амрико ҳимоят хоҳанд кард. Бо вуҷуди онки, ба қавли онҳо, ҳанӯз аз иртиботи дар гузашта хуби Тиллерсон бо раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин "нигаронанд". Онҳо гуфтанд, "аммо Тиллерсон метавонад ҳомии таъсиргузори манфиатҳои Амрико бошад." Ҷон Маккейн рӯзи 22 январ дар суҳбат бо телевизиони ABC гуфт, ваъдаи ҳимоят аз Тиллерсон барояш содда набуд ва ӯ дар ин маврид "аз эҳтиёт кор гирифтааст". Сенатор Марк Рубио низ аз иртиботи Тиллерсон ба унвони мудири ширкати Exxon Mobil бо Русия изҳори нигаронӣ кардааст.
Раъйдиҳӣ барои тасдиқи номзадии Рекс Тиллерсон рӯзи 23 январ дар Сенат, Маҷлиси болоии Амрико, сурат хоҳад гирифт. Дар баробари Тиллерсон, қарор аст, раъйдиҳӣ барои Майк Помпео низ ҷараён гирад, ки номзад ба мақоми раиси CIA, Созмони марказии кашфи Амрикост.
Аммо Чак Шумер, сенатори демократ аз Ню-Йорк, рӯзи 22 январ гуфт, ки ҳизбаш барои тасдиқи номзадҳои кобинаи Доналд Трамп, раиси ҷумҳури нави Амрико шитоб нахоҳад кард. Ӯ гуфт, дар мавриди бисёре аз номзадҳои пешниҳодӣ “баҳси ҳамаҷониба” сурат хоҳад гирифт. То кунун номзадии ду узви кобинаи Трамп, аз ҷумла Ҷеймс Маттис – раҳбари 66-солаи Пентагон – таъйид шудааст.