Нишасти Кумисюни байнидавлатии Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ рӯзи 14-уми ноябр дар шаҳри Душанбе оғоз шуд. Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин кумисюнро аз тарафи Эрон Ризо Ардакониён, вазири нирӯ ва аз ҷониби Тоҷикистон Усмон Усмонзода, вазири энержӣ ва захираҳои об намояндагӣ доранд.
Қарор шуд, ки дар Тоҷикистон тайи моҳҳои оянда масири ҷадидеро оғоз кунем.Баҳром Қосимӣ
Масъулони дафтари матбуоти Вазорати энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон низ баргузории нишасти кумисюни дуҷонибаро тасдиқ карда, гуфтанд, ки дар нимаи аввали имрӯз тарафҳо масъалаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энержӣ, нақлиёт, кишоварзӣ ва саноатро мавриди баррасӣ қарор доданд. Интизор меравад, Ризо Ардакониён бо раҳбарони баъзе аз вазорату идораҳои Тоҷикистон низ дар алоҳидагӣ мулоқот кунад.
Гуфта мешавад, нишасти кумисюни муштараки байнидавлатӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ - иқтисодӣ ва фарҳангӣ миёни Тоҷикистону Эрон худи ҳамин рӯз бо имзои протокол ё санади натиҷаи ҷаласаи ҳайатҳо ба поён хоҳад расид.
Баргузории нишасти кумисюни муштараки байнидавлатӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ - иқтисодӣ ва фарҳангӣ миёни Тоҷикистону Эрон дар ҷараёни сафари Муҳаммадҷавод Зариф, вазири корҳои хориҷии Эрон ба Тоҷикистон матраҳ ва тавофуқ шуда буд. Рӯзи гузашта Баҳром Қосимӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон, низ дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, мушкили миёни Теҳрону Душанбе то ҳадде ҳал шудааст.
Ӯ аз ҷумла гуфт, "дар дидори муфассале, ки вазири умури хориҷӣ бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон дошт, масоил ва мавзуъҳои мавриди алоқаи ду тараф матраҳ шуд. Қарор шуд, ки дар ин кишвар тайи моҳҳои оянда масири ҷадидеро оғоз кунем."
Тоҷикистону Эрон тайи тақрибан ду соли охир марҳилаи мушкили ҳамкориро паси сар мекунанд. Ин вазъият дар пайи даъвои молӣ бар сари пулҳои гӯё гумшудаи миллиардери эронӣ Бобаки Занҷонӣ ва даъвати раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ба конфронси Теҳрон ба вуҷуд омадааст.
Нуқтаи авҷи ин баҳс иттиҳоми Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар моҳи августи имсол алайҳи Ҷумҳурии Исломӣ буд, ки дар як филми мустанад гуфт, Эрон қатли чанд чеҳраи саршиноси тоҷик дар солҳои навадум, аз ҷумла Сафаралӣ Кенҷаев, раиси собиқи Шӯрои олӣ ва раҳбари пешини ҳизби сотсиалистиро сармоягузорӣ карда буд.
Эрон ин иттиҳомро бепоя хонд ва гуфт, риштаи дӯстӣ бо Саудӣ, аз рақибони аслии Ҷумҳурии Исломӣ дар Ховари Миёна, Душанберо аз Теҳрон дур мекунад.
Видео: Сокинон дар бораи равобити Тоҷикистону Эрон: "Дар оила бояд муноқиша набошад"