Раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд, подшоҳи Арабистони Саудӣ, хостааст, ки бо як сафари расмӣ ба кишвар биояд. Ин давъати Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 22-июл ҳангоми сӯҳбати телефонӣ бо шоҳи Саудӣ садо додааст.
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, дар ин суҳбат “вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Арабистони Сауди баррасӣ шудааст”. Бино ба қавли манбаъ, ҷонибҳо дар мавриди “вазъи имрӯзаи нигаронкунанда дар Ховари Миёна, аз ҷумла дар минтақаи Халиҷ” мубодилаи афкор кардаанд.
“Дар ин робита ҷонибҳо оид ба мавзӯи таъмини амнияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, инчунин мубориза алайҳи терроризму ифротгароӣ ва дигар шаклҳои ҷинояткории фаромарзӣ ибрози назар намуданд”, – гуфтанд дар дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон.
Ахиран равобити миёни Тоҷикистону Арабистони Саудӣ густариш ёфта, миллионҳо доллар кумаки билоиваз ва қарзҳои боимтиёзи Риёз ба Душанбе ихтисос шудааст. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, низ Саудиро шарики муҳими кишвар дар Ховари Миёна хондааст.
Аммо бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, ки зоҳиран Тоҷикистон дар пайи сард шудани равобити сиёсиаш бо Эрон, талош дорад, бо бозигари дигари муҳими Ховари Миёна робитаи зичтар барпо кунад.