Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пажӯҳиш: "Майли тоҷикон ба таҳсил дар Русия камтар мешавад"


Донишҷӯёни тоҷик дар Русия. Акс аз бойгонӣ.
Донишҷӯёни тоҷик дар Русия. Акс аз бойгонӣ.

Маркази таҳқиқоти интегратсионии Бонки Авруосиёии рушд (Маскав) дар чаҳорчӯби таҳқиқоти ахираш дар робита бо фаъолияти ЕврАзЭС мегӯяд, натиҷаҳои пурсиши ахири онҳо майли камшавандаи тоҷиконро барои таҳсил дар мактабҳои Русия ба намоиш гузошт.

Узвият дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёро 69 дарсади сокинони Тоҷикистон пуштибонӣ мекунанд. Чунин аст натиҷаи як таҳқиқоте, ки аз ҷониби Маркази таҳқиқоти интегратсионии Бонки аврупоии рушд ва Оҷонсии байналмилаиии таҳқиқотии «Евразийский монитор» анҷом шудааст.

Ин пажӯҳиш мегӯяд, ки мизони маъруфияти маорифи Русия ва Қазоқистон барои шаҳрвандони Тоҷикистон кам мешавад.

Ин пурсиш дар 7 кишвар, аз ҷумла кишварҳои узви ин созмон ва ҳам Тоҷикистону Молдова бо иштироки 1000 нафар ҷараён гирифт. Муаллифони ин таҳқиқот мегӯянд, ки дар қаламрави кишварҳои узви ин созмон аз 50 то 83 дар сади аҳолӣ аз узвияти кишварашон дар ҳайати Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё розӣ ҳастанд. Айни замон, муҳаққиқон гуфтаанд, ки нигоҳи мусбати сокинон ба ҳамоиш дар қаламрави Авруосиё то рафт камтар мешавад. Дар муқоиса бо замони таъсиси ин созмон дар соли 2014 то имрӯз дар маҷмӯъ майли сокинони кишварҳои узви Евразес ба ҳамоиши дохили ин минтақаи иқтисодӣ 10 зина поин шудааст.

Бетафовутӣ ба Евразес боло мегирад

"Дар миёни сокинон эҳсоси бетарафӣ нисбати ин созмон боло мегирад", мегӯянд муҳаққиқон. Дар Русия мизони баландтарини бетарафӣ -- 15 то 25 дарсади аҳолӣ мушоҳида шудааст. Дар Арманистону Беларус шумори афроде, ки ба ояндаи ин созмон эҳсоси нобоварӣ доранд, дар ҳоли афзоиш аст.

Дар ин ду кишвар ҳам инчунин шумори сокиноне, ки ба беҳтар шудани робитаҳои миёни кишварҳои узви СНГ ё Муштарак-ул-Манофеъ бо нобоварӣ нигоҳ мекунанд, зиёд мешавад. Кишварҳои узви ЕврАзЭС гуфтаанд, ки солҳои охир дар равобити кишварҳои узви СНГ чизе тағйир намеёбад.

Винокуров: 69 % тоҷикҳо ҷонибдори узвият дар Евразес

Дар бораи натиҷаҳои дигари ин таҳқиқот дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ аз Маскав рӯзи 26 декабр Евгений Винокуров, раиси Маркази таҳқиқоти интегратсионии Бонки Авруосиёии рушд посух дод:

Евгений Винокуров.
Евгений Винокуров.

Евгений Винокуров: Пурсишҳои мо шаш сол аст, ки дар қаламрави Авруосиё баргузор мешаванд. Шурӯъ аз соли 2012 барпо мешаванд ва Тоҷикистон ҳам як бахши ин пурсишҳо аст. Имсол 69 дарсади шаҳрвандони Тоҷикистон гуфтанд, ки мехостанд кишварашон узви Евразес шавад. Ин нишондод хеле собит аст ва ҳамеша дар атрофи ҳамин рақам мечархад. Шаҳрвандони Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя дар минтақа муносибати хуб доранд. Муҳим ин аст, ки мизони муҳоҷирати корӣ хеле баланд аст. Маълум аст, ки дар сурати узвияти кишвар дар Евразес, шароити кору зиндагии онҳо дар Русияву Қазоқистон беҳтар мешавад. Мақоми онҳо мувофиқи қонунгузориҳои миллӣ мешавад. Фарзандонашон ба мактабу кӯдакистон мераванд, соҳиби бимаи тиббӣ мешаванд, иҷозатномаву патенти кор лозим намешавад. Яъне, онҳо бар асоси ҳамон шароите кор мекунанд, ки шаҳрвандони Русия доранд.

Радиои Озодӣ: Шумо назари шаҳрвандони Тоҷикистонро ба ин масъала ҳам пурсидед, ки мақомоти тоҷик барои пазириши узвият дар ЕврАзЭС шитоб надоранд?

Евгений Винокуров: Чунин саволро надодем. Воқеан ҳам мақомоти тоҷик барои узвият ба ин созмон шитоб надоранд. Як чиз хуб аст, ки Русияву Қазоқистон аз ин назар фишор намеоранд. Ман ҳам аз ин истиқбол мекунам, чунки кишвар бояд барои қабули чунин қарор пурра пухта расад. Ин тасмим бояд ихтиёрӣ ва танҳо бо ташаббуси худи Тоҷикистон сурат гирад. Суръат бахшидани ин ҷараён дуруст нест.

Таҳсил дар Русия дигар орзуи аксар ҷавонони тоҷик нест

Радиои Озодӣ: Чӣ натиҷаи ҷолибу муҳими дигаре дар натиҷаи ин пурсиш дар Тоҷикистон ҳосил шудааст?

Евгений Винокуров: Дар робита бо муносибати аҳолӣ ба маориф посухи ҷолиб доданд. Дар гузашта тоҷикҳо ба таҳсил дар Русия таваҷҷӯҳи зиёд доштанд. Се сол пеш 59 % пурсидашудаҳо гуфтанд, ки агар шароити таҳсил дар Русия бошад, мехостанд, ки худашон ё фарзандонашон дар ин кишвар таҳсил кунанд. Ин нишондод босуръат коҳиш меёбад. Имсол то чоряк дарсад кам шуда дар ҳудуди 34 % қарор гирифт. Ин нишондод барои мо ташвишовар аст. Мизони маъруфияти маорифи Русия ва Қазоқистон барои шаҳрвандони Тоҷикистон кам мешавад.

Радиои Озодӣ: Сабабашро дар чӣ мебинед?

Евгений Винокуров: Ман фақат дар ин замина тахминҳои худро гуфта метавонам. Маорифу таҳсил дар донишгоҳ як ҳадафи мушкилрас боқӣ мемонад. Низоми кӯмаки молӣ барои сафару таҳсили ҷавонони тоҷик дар Русия вуҷуд надорад. Алтернативаи таҳсил дар Чин пайдо шудааст. Онҳо стипендия ҳам медиҳанду аз назари дастрасии ҷуғрофӣ дур нестанд. Ин як бозори пуррақобат аст.

Радиои Озодӣ: Яке аз хулосаҳои таҳқиқоти шумо ин аст, ки майл ё таваҷҷӯҳи сокинон ба ин созмон кам мешавад. Сабабаш дар чист?

Евгений Винокуров: Соли 2014, вақте нишондодҳо хеле баланд буданд, он замон интизориҳо аз созмон хеле зиёд буд. Дар як ҳолати эйфория қарор доштанд. Ҳоло ҳамаи инҳо -- Иттиҳоди Авруосиё ва Иттиҳоди гумрукӣ дигар як чизи оддӣ шуд. Одамон аз худ мепурсанд, ки Иттиҳоди Авруосиё ба ман ва оилаи ман чӣ дод? Ҷавоби ин савол ҳам аксаран чунин аст: «Чизи назаррас надод». Посухи ин саволро бояд дар вазъи иқтисодӣ дид. Вале дар маҷмӯъ ҷонибдорӣ аз ин созмон мисли пештара зиёд аст. Дар Қазоқистон пештар 80 ва ҳоло 70 дарсад аз ин созмон пуштибонӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG