Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Отамбоев Назарбоевро "президенти пир" номид ва гуфт, аз касе узр намепурсад


Алмосбек Отамбоев
Алмосбек Отамбоев

Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури Қирғизистон, гуфт, ки ба ҳеҷ ваҷҳ дар назди ҳамсояи сарватмандаш, яъне Қазоқистон, ба зону зада, бахшиш нахоҳад пурсид. Ӯ рӯзи 15-уми ноябр дар ҷаласаи Шӯрои миллии рушди устувори Қирғизистон ибораи "диктатори пир"-ро ҳам ба забон овард.

Ҳамаи президентҳо, ҳамаи диктаторҳо дер ё зуд мераванд. Баъзан бо хости худ, баъзан бо хости мардум ва баъзан бо хости Худо. Аммо мардум мемонад.

Ӯ гуфт, "ҳоло иддае мехоҳанд, ки президент Отамбоев ба пойи ҳамсояи сарватманди худ афтода, узрхоҳӣ кунад. Чаро бояд бахшиш пурсам? Барои инки хостам, ба умури дохилии Қирғизистон дахолат накунанд? Барои инки талаб кардам, қонунҳои Қирғизистонро эҳтиром гузоранд? Аз ин ба баъд ҳеҷ кас наметавонад хостҳои худро болои мо таҳмил кунад. На Отамбоев, балки онҳое, ки ба кори дохилии мо дахолат карданд, бояд бахшиш пурсанд. Онҳое, ки мехостанд, "дастнишонда"-и худро ба курсии президентии Қирғизистони мустақил бинишонанд."

Омурбек Бабанов, яке аз номзадҳои аслӣ ба мақоми президенти Қирғизистон буд
Омурбек Бабанов, яке аз номзадҳои аслӣ ба мақоми президенти Қирғизистон буд

Ин изҳороти Алмосбек Отамбоев нишон медиҳад, ки оташи баҳси бархоста тайи тақрибан ду моҳи ахир миёни Бишкеку Остона ҳанӯз хомӯш нашудааст. Як мулоқоти Омурбек Бабанов, номзад ба мақоми президенти Қирғизистон, дар охири моҳи сентябри имсол бо президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ду кишварро ба баҳс кашид. Отамбоев ин мулоқотро дахолати рӯйирости Остона ба умури дохилии Қирғизистон номид.

Тарафи Қазоқистон ҳанӯз изҳороти тозаи Отамбоевро шарҳ надодааст. Аммо баъд аз изҳороти аввали раиси ҷумҳури Қирғизистон дар рӯзи 7-уми октябр Вазорати умури хориҷии Қазоқистон онро беасос дониста, гуфта буд, ки "ба манфиати ду кишвар нест".

Алмосбек Отамбоев рӯзи 15-уми ноябр дар ҷаласаи Шӯрои миллии рушди устувори Қирғизистон дар бораи вазъи марзи кишвараш бо Қазоқистон ва дурнамои иштироки Бишкек дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё низ изҳори назар кард. Ӯ гуфт, раҳбарияти Қазоқистон ва "бефаъолиятии Комисияи иқтисодии АвруОсиё" имрӯз ба обрӯи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳамсояҳои минтақавӣ осеби ислоҳнопазир мерасонанд.

Нурсултон Назарбоев
Нурсултон Назарбоев

Отамбоев вазъи кунуниро дар марзи кишвараш "муҳосира" номид. Ба қавли ӯ, ин муҳосира танҳо ба хотири он ташкил шудааст, ки вай риояи қонунҳои Қирғизистон ва дахолат накардан ба умури дохилии кишварашро талаб кард. "Баҳори соли 2014 бо дастури ҳамингуна президенти солхӯрда яке аз кишварҳои ҳамсоя гази вилоятҳои ҷанубии моро қатъ карда буд", - изҳор дошт Отамбоев.

"Он замон ҳудуди миллион қирғизистонӣ бегазу барқ монданд. Ин вазъ то моҳи январи соли 2015 идома ёфт. Хуб ба ёд дорам, ки чи гуна сиёсатмадорон ва вакилони порлумони Қирғизистон фарёд мезаданд, Отамбоев бояд рафта, дар назди диктатори солхӯрда ба зону бизанад ва талаби бахшиш кунад", - афзуд ӯ.

Алмосбек Отамбоев хитоб ба мардуми Қирғизистон гуфт, онҳо дар гузашта чандин чунин "муҳосира"-ро гузаштаанд ва мушкили навбатиро ҳам паси сар хоҳанд кард. Ӯ гуфт, "ҳамаи президентҳо, ҳамаи диктаторҳо дер ё зуд мераванд. Баъзан бо хости худ, баъзан бо хости мардум ва баъзан бо хости Худо. Аммо мардум мемонад. Ҳамсояро бояд эҳтиром кард ва бо ҳамсоя дӯстӣ кард."

Президенти Қирғизистон дар идома дар бораи дурнамои ҳузури кишвараш дар ҳайати Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё низ суханронӣ карда, гуфт, барои рушди соҳибкорӣ дар Қирғизистон бозори бузург лозим аст ва бинобар ин, Бишкек бояд дар ҳайати ин иттиҳод бимонад. "Инро барои он гуфтам, ки ҳамарӯза дар расонаҳои русӣ ва матбуоти Қазоқистон менависанд, Қирғизистону Отамбоев мехоҳанд, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё-ро хароб кунанд. Мо ҳеч вақт Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё тарк карданӣ набудем ва нестем. Вале воқеият ин аст, ки Қирғизистон як моҳ мешавад, бо ҳавову ҳаваси раҳбарияти Қазоқистон аз кишварҳои дигари Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҷудо аст. Моро аз Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҷудо карданд. Пас инҷо кӣ Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё-ро хароб карданист? Инро касоне намебинанд, ки воқеан девонаанд ё намехоҳанд бинанд ва ё матлабҳои фармоишӣ менависанд", - илова кард Отамбоев.

Ба гуфтаи Отамбоев, муносибатҳои иқтисодиро миёни кишварҳои узви иттиҳод пеш аз ҳама бояд созишнома ва қарордодҳо ба танзим дароранд.

Сооронбой Ҷеенбеков
Сооронбой Ҷеенбеков

Дар марзи Қирғизистону Қазоқистон аз 10-уми октябр ба ин тараф назорати шадиди марзӣ роҳандозӣ шудааст. Қазоқистон дар гузаргоҳҳои марзӣ постгоҳи назоратии иловагӣ ташкил ва ба санҷиши мошинҳои боркаш сарбозони мусаллаҳро ҷалб кард. Дар натиҷа ҷамъшавии мошинҳо ва навбатпоии тӯлонии мусофирон ба вуҷуд омад. Ин ҳолат баъди он ба миён омад, ки президенти феълии Қирғизистон Қазоқистонро ба дахолат дар умури интихоботи ахир гунаҳкор кард.

Алмосбек Отамбоев моҳи декабри имсол ба раёсати шашсолааш дар Қирғизистон хотима мебахшад. Ӯ моҳи декабри имсол курсии президентиро дар ихтиёри Сооронбой Ҷеенбеков, нахуствазири собиқ ва аз ҳамроҳони худ хоҳад гузошт, ки дар интихоботи моҳи октябр пирӯз шуд.

XS
SM
MD
LG