Таҳлилгарони умури сиёсӣ дар Тоҷикистон гуфтанд, Маскав тавассути дипломати рақами аввалаш ба Душанбе паём медиҳад, ки ҷараёни пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро битезонад. Cергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, гуфт, айни замон “имкони ворид шудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар баррасӣ аст”.
Тоҷикистон то ба ҳол ба ташвиқҳои Русия барои пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё бо ибораи кӯтоҳи “меомӯзем” ва “суду зиёнашро ба кишвар месанҷем” посух додааст.
Лавров ба ин нукта рӯзи 20-уми ноябр дар як суханронӣ дар донишгоҳи ADA-и шаҳри Боку, пойтахти Озарбойҷон, ишора кардааст. Вазири умури хориҷии Русия гуфтааст, “айни замон дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё пайвастани Тоҷикистон дар баррасист.”
Дар идома Лавров зикр кардааст, ки Русия аз пайваст шудани Озарбойҷон низ ба Иттиҳоди иқтисоди Авроосиё истиқбол мекунад, чун “иттиҳод як созмони боз аст ва ҳамеша ҷонибдори пайваст шудани кишварҳои нав аст.”
Русия аз соли 2014 – замони таъсиси Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё Тоҷикистонро барои пайвастан ба он ташвиқ мекунад. Ин иттиҳод, ки нахуст се кишвар – Русия, Беларус ва Қазоқистонро дар бар мегирифт, соли 2015 бо пайвастани Арманистон ва Қирғизистон қаламраваш васеътар шуд.
Тоҷикистон то ба ҳол ба ташвиқҳои Русия барои пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё бо ибораи кӯтоҳи “меомӯзем” ва “суду зиёнашро ба кишвар месанҷем” посух додааст.
Барои омӯзиши суду зиёни кишвар аз ворид шудан ба ин созмон Вазорати рушди иқтисод ва савдо машғул аст. Дар раёсати муносибатҳои иқтисодии хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва савдо рӯзи 22-юми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, бо изҳороти Лавров ошно шуданд ва айни замон “вазорат мушаххас машғули омӯзиши таҷрибаи Қирғизистон ва Арманистон дар қаламарави Иттиҳоди гумрукӣ аст”.
Зафар Абдуллоев, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, дар ҳоле ки Тоҷикистон боре ҳам барои ворид шудан ба ин созмон изҳори ҳавасмандӣ накардааст, Лавров бо ин изҳорот талош дорад, “хостаашро ба мисли воқеият ҷилва бидиҳад. Ӯ гуфт, “Маскав тавассути Лавров ба Душанбе паём медиҳад, ки мехоҳад ҷараёни ворид шудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро битезонад. Чунки Маскав бо пайваст кардани иқтисодҳои заифе ба мисли Тоҷикистон мехоҳад, онро зери назорати худ дарорад. Вақте иқтисод зери назорат даромад, Маскав фишанги идораи вазъиятро дар ин қаламарав зери назорат мегирад.”
Абдуллоев афзуд, Русия аз ворид шудани сармояҳои Чин ва дигар рақибонаш ба иқтисоди Тоҷикистон хушнуд нест ва бо ҷалби кишвар ба ин Иттиҳод заминаҳои сармоягузории рақибонашро мехоҳад аз байн бибарад. Маскав барои ҷалби Тоҷикистон ба ин иттиҳоди таъсисдодааш аз ҳама фишангҳо – сиёсӣ, маъмурӣ ва ҳам ба истилоҳ “нирӯи нарм” – истифода мекунад.
Аз ҷумла, дар Душанбе бо сармоягузории пажӯҳишгоҳҳои Русия як созмони коршиносон бо номи “Евразийское развитие” таъсис ёфтааст, ки гурӯҳе аз таҳлилгарони тоҷикро дар худ муттаҳид мекунад. Аз ҷумла, Абдувоҳид Шамолов, Парвиз Муллоҷонов, Хоҷимуҳаммад Умаров ва Раҳмон Улмасов узви ин созмони рӯ ба Русия ҳастанд.
Бо сармоягузории ин ташкилот ва сарпарастии сафорати Русия дар Тоҷикистон зуд-зуд нишастҳо доир мешаванд, ки дар он аксарияти гузоришгарон аз фоидаи пайвастани Тоҷикистон ба ин созмон мегӯянд. Аммо Зафар Абдуллоев мегӯяд, марзбандони охири Қазоқистон нисбат ба Қирғизистон собит кард, ки созишномаҳои ин иттиҳод дар сурати сар задани ихтилофоти сиёсӣ миёни кишварҳои узв ба кор намеоянд.
“Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё тибқи низомнома маҳз ба хотири убуру мурури озоди молу хадамотро аз тариқи марз ва хати гумрукии қаламрави кишварҳои узваш созмон ёфтааст. Аммо дар мисоли равшани Қирғизистону Қазоқистон ин иттиҳод нишон медиҳад, ки дар дар дохилаш барои ҳалли ихтилофҳои сиёсӣ қодир нест. Ин иттиҳод мисли як ИДМ-и хурд, ки як созмони мурда аст ва кишварҳои узваш ба он эътино намекунанд”, - афзуд ӯ.
Дар оинномаи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳадафи ин cозмон таъмини гардиши озоди молу хидматрасонӣ, сармоя ё маблағ ва нерӯи корӣ дар ҳудуди кишварҳои узви иттиҳод ва сиёсати ягона ва ҳамоҳангшуда дар бахши иқтисод унвон шудааст. Дар сурати пайвастани Тоҷикистон ба ин иттиҳод ҳудуди як миллион муҳоҷири кории тоҷик дар Русия ҳаққи фаъолиятро дар баробари шаҳрвандони ин кишвар ба даст меоранд. Ин аст, ки қишри муҳоҷирони тоҷик беш аз дигарон ба гуфтаи таҳлилгарон хоҳишманди пайвастани Тоҷикистон ба ин созмон ҳастанд.
Аммо дар он сурат буҷети кишвар ҳудудан аз 30 дарсади даромадҳояш, ки аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ ба даст меояд, маҳрум хоҳад шуд.