Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Калиди қуфли марзи Қазоқистону Қирғизистон дасти кист? ВИДЕО


Дар гузаргоҳҳои марзии “Ак-Тилек”-и вилояти Чуй ва “Чоп-Капка”-и вилояти Талласи Қирғизистон ҳаммарз бо Қазоқистон, беш аз 600 мошин дармондаанд. Бахши қирғизии Радиои Озодӣ хабар медиҳад, ки танҳо дар гузаргоҳи “Ак-Тилек” ҳудуди 300 мошини борбар мутаваққиф шудааст. Садҳо тан аз мусофирон низ бинобар маҳдудиятҳои ҷоринамудаи мақомоти қазоқ ва сахттар кардани тафтишот дар гузаргоҳҳои марзӣ, ба мушкил рӯбарӯ ҳастанд.

Яке аз ронандагон, ки ангур бор кардааст, мегӯяд, ки ҷониби Қазоқистон дар як соат танҳо як мошинро иҷозаи убур медиҳад. “Рӯзи гузашта дар тамоми рӯз танҳо 20 мошини борбарро иҷозаи убур доданду халос. Шаб марз баста мешавад. Имрӯз аз субҳи барвақт то ба ҳол ҳамагӣ 15 мошини боркаш гузаштаасту тамом", - гуфт ин ронанда.

Ба иттилои Хадамоти марзбонии Қирғизистон, дар гузаргоҳи марзии “Ҷон-Капка”-и вилояти Таллас ҳам ҳудуди 300 мошини дигар ҷамъ шудааанд ва дар интизори убур ҳастанд. Ҳар як мошин ба ҳисоби миёни ҳомили 20 тонна бор, умдатан сабзавот, мева ва ҳамчунни металл мебошанд.

Ронандаи яке аз мошинҳои боркаш, ки худро Одам Албеков муаррифӣ кард, гуфт, ки дар се шабонарӯзи гузашта ҳамагӣ дусад метр пеш рафтааст. Ӯ мегӯяд, ки “одамон давоми ин рӯзҳо бе об ва пул ба сар мебаранд ва маводи сӯхти бархе мошинҳо тамом шудааст ва ҳама ба мушкил рӯбарӯ ҳастанд. Ин даҳшат аст, даҳшат.”

16 октябр, марзи Қирғизистон ва Қазоқистон
16 октябр, марзи Қирғизистон ва Қазоқистон

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Қирғизистон аз лаҳзаҳои пеш омадани мушкил хаймаҳо барпо намуда ва ронандагонеро, ки мунтазири навбати худ ҳастанд, рӯзе ду дафъа бо хӯроки гарм таъмин мекунад. Барои ин дар наздикии марз шаш хайма барпо шудааст ва ба ронандагон ҳамчунон хадамоти тиббӣ расонида мешавад.

Дар гузоргоҳи “Ак-Жол-автодорожний" низ вазъ зиёд фарқ намекунад. Беш аз 600 нафар дар лаҳзаҳои боздиди хабарнигорони бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар навбат буданд. Онҳо наметавонанд ба Қазоқистон убур кунанд ва чандин соат мунтазир ҳастанд. Андрей Бобрышев, як нафақахӯр, ки борхалтааш дар даст буд, низ навбат меистод. Ӯ мегӯяд, ки “ду соат шуд инҷо истодаам. Ман маъюб ва нафақахӯр ҳастам. Бубинед, чи қадар ифлосӣ, ҳама чиз инҷо рехтааст."

Сооронбой Ҷеенбеков, ки дар интихоботи рӯзи якшанбеи 15-уми октябр пирӯзӣ ба даст овард, гуфтааст, ки маҳдудиятҳо дар марзи кишвараш бо Қазоқистон, муваққатист. Вай гуфтааст, ки "ҳар давлат бояд дар ҳар шароит ба як дӯст эҳтиром бигузорад ва сипас бисёре аз мушкилот ҳал хоҳад шуд. Мо ҳамин гуна муносибат кардем ва хоҳем кард. Ин як мушкили муваққатист ва Худо хоҳад ин мушкил роҳи ҳалли худро хоҳад ёфт."

Дар ҳоли ҳозир мақомоти Қазоқистон вазъи пешомадаро шарҳ намедиҳанд, аммо раиси сенати Қазоқистон Қосимҷомарт Токаев дар сафҳаи "Твиттер"-и худ дар бораи интихоботи президентии Қирғизистон изҳори назар кардааст. “Раиси ҷумҳури кишвари Қазоқистон як сиёсатмадори ботаҷриба интихоб шудааст, ки аҳамияти ҳамкории ҳамаҷониба бо Қазоқистонро дарк мекунад”, - навиштааст ӯ.

Вазъият дар марзи Қирғизистон ва Қазоқистон сар аз рӯзи 10-уми октябр ба мушкил рӯбарӯ шуд. Қаблан раиси ҷумҳури Қирғизистон Алмазбек Отамбоев президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоевро ба мудохила дар умури дохилии кишвараш муттаҳам намуд. Аз он замон ҷониби Қазоқистон барои убури шаҳрвандони Қирғизистон ва васоили нақлиёти ин кишвар маҳдудият эҷод кард. Баъдан, дар таърихи 15-уми октябр раиси ҷумҳури Қирғизистон Алмазбек Отамбоев бори дигар мақомоти Қазоқистонро интиқод намуд ва гуфт, агар вазъият тағйир накунад, ба манзури ҳалли ин мушкил ҷаласаи фавқулоддаи кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиёро дархост хоҳад кард.

Чаро Президенти Қирғизистон ба Сочи нарафт?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:49 0:00

Мушкилот аз он ҷо оғоз шуд, ки дар моҳи сентябр раиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев бо номзади мухолифони он кишвар дар интихоботи президентӣ Омурбек Бабанов мулоқот кард ва ба пуштибонӣ аз ӯ баёния содир намуд. Мақомоти Қирғизистон инро мудохила дар умури дохилии он кишвар хонда, ба Остона нотаи эътирозӣ фиристоданд. Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, ки дар умури дохилии Қазоқистон мудохила намекунанд ва маҳдудиятҳо дар марз бинобар корҳои таъмирӣ, пеш омадааст.

Дар ҳамин ҳол, Тимур Сулаймонов, вазири иқтисоди миллии Қазоқистон даъват кард, ба вазъи марзи кишвараш бо Қирғизистон баҳои сиёсӣ дода нашавад. Вай ҳамзамон айбҳо нисбати Қазоқистонро "дар бораи вайрон кардани талаботи Комисияи иқтисодии Авруосиё", беасос номид.

"Ҳар кишваре, ба назари ман, дар ҳолатҳои зарурии ҳифзи манофеи иқтисодӣ ва ё манофеи дигар, метавонад чораандешӣ кунад. Ба назари ман, набояд ин масъала сиёсӣ карда шавад. Танҳо зарур аст, ки мақомоти дахлдори ҳар ду ҷониб сари ин масъала чораҷӯӣ кунанд", - гуфт Сулаймонов.

600 машин дар марзи Қирғизистон бо Қазоқистон дармондааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:34 0:00

Вай афзуд, Қазоқистон дар доираи қонунгузории худ амал мекунад. "Ва дар доираи он ӯҳдадориҳое, ки мо дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дорем. Ҳар кишваре ҳақ дорад, ба Шӯрои Олии иқтисодии Авруосиё муроҷиат кунад", - илова кард вай. Вазорати иқтисоди Қирғизистон 16 октябр хабар дод, ки дар робита ба шиддат гирифтани тафтиш дар гузаргоҳҳои марзӣ миёни Қазоқистону Қирғизистон ба Комисияи иқтисодии Авруосиё муроҷиат кардааст.

"Ҷорӣ кардани назорати иловагӣ дар ҳамаи гузаргоҳҳои марзӣ аз ҷониби Қазоқистон хилофи талаботи асосӣ ва ҳадафҳои Созишномаи ИИАО аст ва расидан ба ҳадафҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёро ба хатар мувоҷеҳ мекунад. Зеро, Қазоқистон гардиши озодонаи молро монеъ мешавад ва ба ин тартиб яке аз талаботи асосии бозори ягонаи ИИАО-ро вайрон мекунад", - омадааст дар изҳороти вазорати иқтисоди Қирғизистон.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG