Президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев аз ҳамкоронаш дар минтақа даъват кард, ки Анҷумани раҳбарони минтақаҳо ва доираҳои бозаргонии кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсис дода шавад. Коршиносон ба фаъолияти муассири ин иттиҳодия чандон хушбин нестанд, аммо таъкид мекунанд, ки чунин як сохтор метавонад дар ҳалли бархе аз мушкилоти минтақавӣ мусоидат кунад.
Пешниҳоди Узбакистон барои беҳбуди ҳамгироӣ дар Осиёи Марказӣ дар ҳолест, ки танишҳо миёни Остона ва Бишкек дар мавриди вазъият дар марзи миёни ин ду кишвар ба ҳадди болоӣ расидааст.
10 ва 11-уми ноябр дар шаҳри Самарқанди Узбакистон ҳамоиши байналмиллалии илмии “Осиёи Марказӣ: як гузаштаву ояндаи муштарак, ҳамкорӣ барои рушди муназзам ва тавсеаи ҷонибҳо” баргузор шуд. Дар кори ин ҳамоиш, ки ба ибтикори СММ дар чаҳорчӯби ҳамкории Осиёи Марказӣ – Иттиҳодия Аврупо баргузор шуд, намояндаҳои созмонҳои байналмиллалӣ ва вазирони хориҷии кишварҳои минтақа ширкат доштанд.
Раиси ҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев дар ин ҳамоиш суханронӣ ва пешниҳод кард, анҷумани раҳбарони минтақаҳо ва доираҳои бозаргонии кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсис дода шавад, ки ба рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ мусоидат мекунад. Ҷаноби Мирзиёев ин ҳадафро асосӣ номид.
Олимҷон Салимзода, раиси Кумитаи робитаҳои байналмиллалии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон 13-ум ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар маҷмӯъ Тоҷикистон ҷонибдори ҳама гуна ҳамкориҳо аст. Вай афзуд, ки “мо тарафдорем, ки ҳамаи масъалаҳои байни кишварҳо дар ҳамоишҳову нишастҳо тариқи гуфтушунид ҳалли худро пайдо кунанд. Фикр мекунам, ин пешниҳоди раиси ҷумҳури Узбакистон ҳалли масоили иқтисодии минтақавӣ дар дидори раисони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказиро низ дар назар дорад. Ин тасмим ҳатман ба суди кор хоҳад буд. Зеро ҳамгироии қавӣ миёни кишварҳои ҳамсоя хеле муҳим аст”. Вай гуфт, чунин ҳамоишҳо бояд маҳалли ҳалли қазияҳои мушкили минтақавӣ бошад.
"Ҳеҷ тарҳи минтақавӣ бе ширкати Тошканд имкони иҷро надорад"
Қосими Бекмуҳаммад, хабарнигор ва таҳлилгари тоҷик мегӯяд, ки Узбакистон кишвари калидии Осиёи Марказӣ аст, ки бо ҳамаи кишварҳои минтақа марзи муштарак дорад ва бидуни мушорикати Тошканд ҳеҷ тарҳи бузурги минтақавӣ имкони иҷрояш вуҷуд надорад. Вай аз ҷумла гуфт, аз лиҳози зарфияти иқтисодиву саноатӣ низ Узбакистон дар канори Қазоқистон як кишвари калидии минтақа маҳсуб меёбад ва дар пасманзари фавти Ислом Каримов ва тағйироти ҷиддӣ дар минтақа ин пешниҳоди Шавкат Мирзиёев табиӣ мебошад ва умедворӣ кард, ки раҳбарони кишварҳои минтақа аз он ҳимоят мекунанд.
Ба гуфтаи ин коршиноси тоҷик, феълан дар минтақа ба ҷуз аз мушкили миёни Қазоқистону Қирғизистон дигар ҳеҷ монеае дар ҳамкориҳои иқтисодӣ мушоҳида намешавад ва гузашта аз ин, баҳсҳои марзии миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки солҳои дар сари қудрат будани Ислом Каримов вуҷуд доштанд, ба тадриҷ ҳалл мешаванд. "Мисоли инро мо дар ҳалли баҳсҳои марзии Узбакистону Қирғизистон мушоҳида кардем ва умедворем, ки дар оянда чунин мушкил бо Тоҷикистон низ ҳалли худро пайдо мекунад",-афзуд Қосими Бекмуҳаммад.
Қосими Бекмуҳаммад дар идома гуфт, ки дар моҳи декабр раиси ҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Атомбоев курсии худро тарк мекунад ва дигар дар роҳи ҳалли мушкилоти миёни ин кишвар бо Узбакистон монеае нахоҳад монд. "Минбаъд бозигари аслӣ дар Осиёи Марказӣ бояд танҳо кишварҳои минтақа бошанд, на кишварҳои абарқудрат. Яъне, дар сурати роҳандозии ҳамгироиҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ кишварҳои минтақа метавонанд дар сатҳи байналмиллалӣ аз ҳамдигар бештар дифоъ кунанд. Танҳо тарсе ки дар ин замина дорам ин ҳассосияти бархе аз бозигарони хориҷӣ аст, ки метавонанд дар иҷрои ин пешниҳод монеаи ҷиддӣ шаванд. Дар амалӣ шудани ин пешниҳод талош ба ҳамгироии ҷидди иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоии раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ нақши муҳим хоҳад дошт”.
Пешниҳод аз Самарқанд, ки то ба Женева расид
Президенти Узбакистон даъват кард, ки Барномаи рушди роҳҳои нақлиётӣ таъсис дода шавад ва ба мақсади таъмини амният ва субот дар Осиёи Марказӣ ҳамкорӣ роҳандозӣ гардад. Мирзиёев ҳамчунин аз таъсиси Маркази байналмилалии пажӯҳишии ба номи Имом Бухороӣ дар Самарқанд ва Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд хабар дод, ки пешгирӣ аз ифротгароӣ дар миёни ҷанонони кишварҳои минтақаро ҳадаф дорад. Вай ҳамчунин дар бораи мушкилот дар истифода аз манобеи оби минтақа ва анҷоми раванди мушаххассозӣ ва аломатгузорӣ дар марзи миёни кишварҳои минтақа изҳори назар кард.
Пешниҳоди Узбакистон барои беҳбуди ҳамгироӣ дар Осиёи Марказӣ дар ҳолест, ки танишҳо миёни Остона ва Бишкек дар мавриди вазъият дар марзи миёни ин ду кишвар ба ҳадди болоӣ расидааст. Қазоқистон дар остонаи интихоботи раёсатҷумҳурии Қирғизистон рӯзи 10-ум октябр назорат дар марзҳои кишварашро тақвият дод ва аз он замон то имрӯз садҳо мошини борбар дар марзи Қирғизистон дармонда наметавонанд мисли гузашта вориди хоки Қазоқистон шаванд. Ахиран Қазоқистон воридоти маҳсулоти сохти Қирғизистонро ба кишвараш “бо далелҳои беҳдоштӣ” манъ кард.
Баъд аз чанд изҳори назари раиси ҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев Қазоқистон бо дарназардошти талаботи Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё (ИИАО) назорат дар марзҳояшро тақвият дод ва барои убури бархе аз маҳсулот аз Қирғизистон иҷоза надод. Бишкек дар навбати худ аз чунин амали Қазоқистон ба ИИАО ва Созмони ҷаҳонии тиҷорат (СҶТ) шикоят кард.
Дар СҶТ шикояти Қирғизистонро 10 ноябр барасӣ карданд. Ҳайати Қазоқистон дар Женева мавқеи кишварашро боз ҳам такрор кард, ки чунин амали Остона ба хотири зарурати мубориза бо “қочоқ” рӯи даст гирифта шудааст. Бишкек ба монеаҳои ба эътиқодаш “сунъӣ” барои интиқолдиҳандаҳои маҳсулот таъкид кард.
Иқдомҳо пас аз фавти Каримов
Баъд аз фавти президенти аввалини Узбакистон Ислом Каримов дар соли гузашта, ин кишвар иқдомҳое барои барқарор сохтани робитаҳо бо кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ рӯи даст гирифтааст. То замони баргузории интихоботи президентӣ дар Узбакистон, Тошканд ба Тоҷикистону Қирғизистон ҳайатҳояшро барои оғози баррасии ҳамкориҳои равон кард.
Шавкат Мирзиёев баъд аз пирӯзӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ изҳор дошт, ки тавсеаи ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа дар сиёсати хориҷиаш авлавият хоҳад дошт. Нахустин сафари хориҷии худро вай ба Туркманистони ҳамсоя анҷом дода, дар маросими расмии мавриди истифода қарор додани пули мошингузару роҳи оҳани Туркманобод-Фароб дар вилояти Лабиоб (Лебап)ширкат кард.
Дар Осиёи Марказӣ, ки миқдори зиёди ҷазирақаламравҳои аққалиятӣ дорад, тобистони соли ҷорӣ гузаргоҳҳои қаблан басташудаи марзӣ фаъол шуда, ҳаракати нақлиёт дар бархе аз масирҳои мошингузару роҳи оҳан барқарор карда шуданд.
Даъвати президент Мирзиёев барои таъсиси Анҷумани раҳбарони минтақаҳои наздимарзӣ ва доираҳои тиҷоратӣ барои баргузории ҳамоишҳои минтақавӣ хабари наве нест. Ҳамоишҳои ҳамкориҳои минтақавии Қазоқистону Русия пайваста баргузор мешаванд ва ахиран 14-умин чунин як ҷаласае баргузор шуда буд. Чунин ҳамоишҳо банавбат дар минтақаҳои ҳаммарзи Русия ва Қазоқистон баргузор мешаванд ва дар кори онҳо худи раҳбарони ин ду кишвар ширкат мекунанд.
“Истифодаи зарфияҳои минтақа”
Сиёсатшиноси қазоқ Гулшат Нуримбекова ба ин нукта таваҷӯҳ мекунад, ки дар гузашта низ пешниҳодҳое барои ҳамгироии минтақавӣ ироа мешуданд, аммо ба далели пайдо накардани пуштибонӣ, онҳо муваффақ намешуданд. Ба унвони мисол сиёсатшинос аз Созмони ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ ёдоварӣ кард, ки солҳои 2002-2015 таъсис шуда, сипас вориди ИИАО шуд.
Вай гуфт, ки дар гузашта Узбакистон ба иқдомҳои ҳамгироии минтақавӣ таваҷҷӯҳ накарда, канор меистод. Ҳоло Узбакистон худ чунин пешниҳоде мекунад. Танҳо замон нишон хоҳад дод, ки оё ин пешниҳоди Тошканд аз сӯи кишварҳои минтақа пуштибонӣ меёбад ё не. Бо дарназардошти вазъияти рухдода дар марзи миёни Қазоқистон ва Қирғизистон сиёсатшинос гуфт, ки бо эҳтимоли зиёд Остона зидди чунин пешниҳод нахоҳад буд.
Коршиноси масоили минтақавии Осиёи Марказӣ Расул Жумали ин пешниҳоди Тошкандро саривақтӣ медонад. Вай гуфт, ки ҳамкориҳои минтақавӣ қаблан низ аҳамияти муҳим дошт.
Вай гуфт, “президент Мирзиёев дар муқоиса бо Назарбоев ва Каримови худораҳматӣ бидуни интизори назарҳои Русия ва Чин иқдомҳоеро барои ҳалли масоили минтақа пешниҳод ва рӯи даст мегирад, ки умедворкунанда мебошанд. Вай бар ин бовар аст, ки ин пешниҳод замоне муассир хоҳад шуд, ки натиҷаи амалии он мушоҳида шавад. Бо ин вуҷуд вай мегӯяд, ки ояндаи ин пешниҳод аз мавқеъгириидоираҳои тасмимгирандаи сиёсии кишварҳои минтақа вобаста мебошад”.
Шавкат Мирзиёев талош дорад, бо ҳама кишварҳои атрофи Узбакистон дар минтақа робитаҳои бозу хуб барпо кунад, он чизе ки дар солҳои охири раҳбарии Ислом Каримов ба назар намерасид. Дар як соли раҳбариаш ӯ ба Туркманистону Қазоқистон ва Қирғизистон сафар карда, чанд созиши ҳамкории иқтисодӣ имзо намуд.