Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Элизабет Миллард: "Ман Тоҷикистонро ба сахтӣ тарк мекунам" ВИДЕО


Элизабет Миллард
Элизабет Миллард

Элизабет Миллард – сафири Амрико дар Тоҷикистон – дар як паёми видеоӣ аз анҷоми кораш дар Душанбе хабар дод ва гуфт, ки барои идомаи фаъолият ба Иёлоти Муттаҳида бармегардад. Ӯ рӯзи 30-юми август бо либоси тоҷикӣ ва пиёла дар даст гуфт, баъди якуним соли кору будубош Тоҷикистон ва мардумашро ба сахтӣ тарк мекунад.

Элизабет Миллард якуним соли қабл сафири Амрико дар Тоҷикистон таъин шуд. Ӯ гуфт, чанде пеш барои кор ба Департаменти давлатӣ даъват шудааст ва дар онҷо масъули равобит бо Аврупо ва АвруОсиё хоҳад буд. "Ман Тоҷикистонро баъди якуним сол бо сахтӣ тарк мекунам. Албатта, ин кишвари зебо аз хотири ман намебарояд. Ман фарҳанги бойи ин кишвари муъҷизаосо, бахусус мардум ва меҳмоннавозиву дӯстии онҳоро дар ёд мегирам", - гуфтааст ӯ.

Сафири нави Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон то ба ҳол таъин нашудааст ва муовини раҳбари намояндагӣ Кевин Коверт ҳамчун кордори сафорат фаъолият хоҳад кард.

Сафир Миллард дар ин видео чанде аз хотираҳояшро дар якуним соли кору будубош дар Тоҷикистон низ бо аксу навор пешниҳод кардааст. Дар баъзе аз ин аксҳо ӯ дар бозор, дар баъзеи дигар ҳангоми ифтитоҳи иншоот ё ироаи кумакҳо, таҷлили ҷашнҳои миллӣ ва ё дар канори ҷавонон тасвир ёфтааст.

Элизабет Миллард дар охири ин паёмаш мардуми мусалмони Тоҷикистонро бо забони тоҷикӣ ба Иди Қурбон табрик гуфта, таъкид намудааст, ки “ман Шумо ва кишвари зебои Шуморо пазмон хоҳам шуд. То боздид, дӯстони азиз.”

Қарор аст, Элизабет Миллиард рӯзи 31-уми август Тоҷикистонро тарк кунад. Сафорати Амрико дар Тоҷикистон тақвияти ҳамкорӣ миёни Душанбеву Вашингтон дар чаҳорчӯбаи нишасти C5+1-ро аз дастовардҳои даврони фаъолияти Миллиард медонад. Масъулони сафорати Амрико дар як иттилоия гуфтанд, "ба чунин вазифаи баланд таъин гардидан шарафи бузург аст, аммо барои сафир Миллард худоҳофизӣ бo Тоҷикистон ниҳоят мушкил аст. Дар муддати якуним сол ӯ аз табиати зебои Тоҷикистон, фарҳангу забони ғании он, бахусус, меҳмоннавози мардум ҳаловат мебурд."

Ба иттилои манбаъ, сафири нави Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон то ба ҳол таъйин нашудааст ва муовини раҳбари намояндагӣ Кевин Коверт ҳамчун кордори сафорат фаъолият хоҳад кард.

Сафир Елизабет И. Миллард, моҳи январи соли 2016 ба унвони сафири тозаинтихоби Амрико дар Тоҷикистон баъди адои савганд, ки ин маросим рӯзи 14 декабри соли 2015 дар Вашингтон (округи Колумбия) баргузор гардид, барои иҷрои вазифаи мазкур вориди Душанбе шуд.

Хонум Миллард дипломати ҳирфаии Хадамоти дипломатии ИМА буда, дорои рутбаи баланди Мушовир-фиристода мебошад. Ҳангоми адои вазифаи дипломатӣ дар Ҳиндустон ва муовини роҳбари намояндагӣ дар Қазоқистон ва адои чанд вазифа дар Шӯрои амнияти бехатарӣ, аз ҷумла, ба ҳайси директор ва ёрдамчии махсуси Президент оид ба масоили Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, дар мавриди минтақа таҷрибаи бой ва дониши кофӣ ба даст овардааст.

Сафир Миллард фаъолияти дипломатии хешро аз соли 1992 шурӯъ намуда, дар Касабланка, Копенгаген, Катманду, Прага фаъолият намуда, якчанд вазифаи дохили давлатиро низ бар дӯш доштааст. Қабл аз фаъолияти дипломатиаш, Сафир Миллард ба ҳайси ҳамоҳангсози лоиҳаи Делфи Интернэшинал, мутахассиси лоиҳаи USAID дар Ню-Делӣ, корманди бонки “Континэнтел Иллинойс Нейшнл Бэнк энд Траст Компани”дар Манамаи Баҳрайн адои вазифа намудааст.

Сафир Миллард соли 1978 соҳиби дараҷаи бакалаври илмҳои иқтисод дар Мактаби иқтисоди Лондон гашта, соли 1981 дараҷаи магистраро дар Мактаби тадқиқоти махсуси байналхалқии Донишгоҳи Ҷон Хопкинс соҳиб гаштааст. Ӯ чанд дафъа соҳиби мукофотҳои Департаменти давлатии ИМА гардидааст. Елизабет И. Миллард бо забонҳои олмонӣ, фаронсавӣ, шведӣ, даниягӣ ва то андозае бо забони рӯсӣ ҳарф мезанад.

XS
SM
MD
LG