Додгоҳи Конститутсионии Тоҷикистон дархости Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократ барои лағви гаравпулии номзадҳои интихоботи порлумониро рад кардааст.
Раҳматилло Зоиров рӯзи 17-уми январ дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки аз додгоҳ посухи «берабте» гирифтааст. Ӯ моҳи декабр хост, гаравпулӣ барои номзадҳои интихобот бардошта шавад. Бо гузашти беш аз се ҳафта додгоҳ ба Зоиров посух додааст, ки далелҳои пеш овардааш барои бекор кардани гаравпулӣ асос надоранд, бинобар ин дархосташ ба баррасӣ гирифта намешавад.
Раҳматилло Зоиров дар баёнияааш дар Фейсбук навиштааст: "Аз ҷавоби Суди конститутсионӣ як савол ба миён меояд, ки оё ин тарс, нодонӣ ё бесалоҳиятӣ аст? Ҷавоб худ аз худ пайдо мешавад: Ҳама якҷоя.»
Раҳматилло Зоиров, рӯзи 17-уми январ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, аз қабл медонист, ки ҷавоби мусбат дарёфт намекунад, вале интизор надошт, ки додгоҳ як посухи сатҳӣ медиҳад. Ӯ иброз дошт, ки дархости ӯро дар Додгоҳи Қонуни асосӣ бидуни он ки мавриди баррасӣ қарор диҳанд, рад кардаанд ва моҳиятан ба он таваҷҷӯҳе нашудааст. Ба қавли Раҳматилло Зоиров барои баррасии дархосташ ӯро боре ба додгоҳ даъват накарданд ва бо ҳеҷ яке аз масъулони додгоҳ ҳамсӯҳбат нашудааст.
Иддаои Раҳматилло Зоиров ин аст, ки моддаи 31-и Қонуни конститутсионии Тоҷикистон дар бораи интихобот, ки гаравпулии номзадҳо ба интихоботи порлумониро пешбинӣ мекунад, ба дигар меъёрҳои қонуни асосии кишвар мухолифат дорад ва бояд беэътибор карда шавад. Раҳматилло Зоиров мегӯяд: «Муқаррар кардани гарави интихоботӣ бо моддаи 1, 17 ва чанд моддаи Конститутсия дар ихтилоф аст. Ин моддаҳо мегӯянд, ки дар Тоҷикистон ҳама баробар ҳастанд. Таъйини гаравпулӣ бар зидди Конститутсия аст.»
Аммо дар посухи Додгоҳи Конститутсионӣ ба Раҳматилло Зоиров гуфта шудааст, ки ҳеҷ гуна номутобиқатии моддаи 31-и қонун ба дигар санадҳои қонунӣ вуҷуд надорад. Дар номаи ҷавобии додгоҳ ба дархости Зоиров, ки иборат аз чаҳор саҳифа аст, навишта шудааст, ки “таъинот қатъӣ буда, нисбат ба он шикоят овардан мумкин нест”.
"Ғорат дар рӯзи равшан"
Аммо раиси Ҳизби сотсиал-демократ мегӯяд, талошҳояшро барои бекор кардани гаравпулӣ барои номзадҳо идома хоҳад дод. Ӯ таъкид кард, дар масъалаи гаравпулӣ такроран ба Додгоҳи қонуни асосӣ муроҷиат мекунад. Гаравпулӣ барои ҳар номзад 5 ҳазору 800 сомонӣ (тақрибан 600 доллар) муқаррар шудааст. Зоиров рӯзи 9-уми декабри соли гузашта дар изҳороте гуфта буд, ки , "барои 10 номзади ҳизб 58 ҳазор сомонӣ ва барои 22 нафар беш аз 127 ҳазор сомонӣ зарур аст. Ин ғорат дар рӯзи равшан аст."
Мақомот мегӯянд, гаравпулӣ дар гузашта ба 11 ҳазору 600 сомонӣ баробар буд ва соли 2014 онро поин оварданд. Гаравпулӣ як шарти асосии иштирок дар интихобот аст. Ҳар касе пирӯз шуд, маблағашро пас мегирад, вале афроди ноком пули худро аз даст медиҳанд.
Раҳматилло Зоиров мегӯяд, ба хотири пардохти гаравпулӣ, мехост, мошини шахсияшро дар бонке ба гарав гузошта, маблағ дарёфт кунад, аммо то ҳол ба гирифтани пул бар ивази ба гарав мондани мошинаш муваффақ нашудааст: “Мошинро кормандони бонк омада ҳаматарафа диданд, барои ба гарав мондан санад тартиб доданд, арзиши мошинро ҳисобу китоб карданд, лекин масъалаи пулгирӣ шуд, ҳоло меравам, мегӯянд, раҳбари бонк нест, намешавад, фикр мекунам, пас аз он ки раҳбарияташон маро шинохтааст, намехоҳанд ба ман пул диҳанд”.
Даъватҳо дар гузашта барои лағви гаравпулӣ
Дар гузашта баъзе аз афроди алоҳида низ гаравпулии номзадҳоро гарон хонда ва ба бекор кардани он даъват кардаанд. Қувваталӣ Муродов, як намояндаи пешини "Фронти Халқӣ", ки аз эҳтимоли ширкат дар интихоботи президентӣ хабар дода буд, соли 2018 барои аз байн бурдани ҳамагуна гаравпулӣ дар интихобот даъват кард. Ба қавли Зоиров, онҳо дар 10 соли ахир беш аз понздаҳ бор масъалаи бекор кардани ҳама гуна гарави интихоботиро дар миён гузоштанд, вале бенатиҷа. Аз Ҳизби сотсиал-демократ 5 номзад ба интихоботи Маҷлиси намояндагон, ки якуми март баргузор мегардад, пешбарӣ шудааст.
Рӯзи 16-уми январ Масъулони Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон гуфтанд, дар маҷмӯъ ҳафт ҳизби сиёсӣ номзадии 70 нафарро пешниҳод кардаанд ва таъкид намуданд, ки ҳоло шумораи довталабон аз ҳавзаҳои якмандатӣ маълум нест.
Дар назар аст, маъракаи таблиғотии пеш аз интихоботии номзадҳо 9-уми феврал оғоз гардида, то 28-уми феврал идома ёбад. Ба ҳар ҳизб барои таблиғи барномаҳо тавассути шабакаҳои телевизионӣ ва радиоҳои давлативу маҳаллӣ то 40 дақиқа ва ба ҳар номзад ба вакили Маҷлиси намояндагон то 20 дақиқа вақти ройгони таблиғот ҷудо карда шудааст.
Интизор меравад, интихоботро 500 нозири хориҷӣ назорат кунанд. Намояндагони КМИР мегӯянд, барои шаффофу одилона сурат гирифтани интихобот тамоми чораҳоро меандешанд. Аммо то ин дам ҳеҷ яке аз интихоботҳои Тоҷикистон ба гуфтаи созмонҳо ва нозирони байналмилалӣ мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ва шаффофу демократӣ сурат нагирифтааст.