Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Муносибати махсус” ба Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон?


Раҳматуллоҳ Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон.
Раҳматуллоҳ Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон.

Раҳбар ва аъзои Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯянд, мақомот онҳоро дар ростои интихоботи порлумонии кишвар ҳадафи “бархӯрди махсус” қарор додаанд.

Дар тамоми шаҳри Душанбе, ки садҳо толору маҷлисгоҳ дорад, ҷое барои Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон пайдо нашуд, ки анҷумани интихоботии худро баргузор кунад. Ба ин сабаб анҷумани ҳизб то 27-уми декабр ба таъхир афтодааст. Раҳбари ҳизб Раҳматуллоҳ Зойиров мегӯяд, Иттифоқҳои касабаи Душанбе дар охирин лаҳза созиши иҷораи толори худро барои анҷумани ин ҳизб бекор кард ва ҳанӯз дақиқ нест, ки анҷуман 27-уми декабр баргузор мешавад.

Оё дарвоқеъ ин ҳизб мавриди “беэҳтиромӣ” ва фишор қарор гирифтааст ё намояндагони он мехоҳанд, фароҳам нашудани толорро ҳамчун як далели нобаробарӣ дар интихобот парчам кунанд?

Абдуманнон Додозода
Абдуманнон Додозода

Комиссияи марказии интихобот ва раъйгирии Тоҷикистон, ки масъули баргузории интихоботҳо ва фароҳам кардани шароити баробар барои аҳзоб аст, мегӯяд, пайдо кардани бино барои анҷуман масъулияти ҳизбҳост, на комиссия. Абдуманнон Додозода, раиси дастгоҳи ин ниҳод, гуфт, агар ҲСД ҳизб аст, бояд худ барои анҷуманаш бино пайдо кунад.

Аммо ба ақидаи Раҳматуллоҳ Зойиров, агар ба идораву муассисаҳо дастур дода нашуда бошад, ки ба ин ҳизб толор надиҳанд, чаро онҳо аз фоидаи пулии худ рӯ гардондаву созишномаи иҷораро бекор мекунанд? Вай меафзояд, ин ҳама кӯшишҳо ба хотири коҳиш додани обрӯву эътибори ҲСД дар ҷомеа аст: “Масалан, чаро бино намедиҳанд? Аввал ин, ки мехоҳанд, мо сар хам карда, ба онҳо муроҷиат кунем. Дуввум, вақте дар хонаи ман ё ҳавлӣ, анҷуман гузаронем, ба мардум мегӯянд, бинед, чӣ ҳизб аст, ки ҷое барои гузаронидани анҷуман надорад ва даъвои роҳбарии як давлатро мекунад. Ё дар ниҳоят, мехоҳанд мо аз ҲНИТ толор пурсем, то боз гӯянд: дидед, ки ҲСД аз ҲНИТ вобаста ва як ҳизби дуюмдараҷа аст.”

Наёфтани маҷлисгоҳ танҳо мушкили Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон нест. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайати Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ аз ҳамаи ҳизбҳои сабтиномшуда якнафарӣ номзад пешниҳод намуд, вале ҲСД-ро “фаромӯш кард”. Сухангӯйи комиссия мегӯяд, нафаре дар гузашта ҳамчун узви ҲСД ба КМИРТ пешниҳод шуда, то ба ҳол кор мекунад, аммо имрӯз худро ғайриҳизбӣ меҳисобад. Пас, ҲСД дар комиссия ягон намоянда надорад.

Додгоҳи шаҳри Душанбе баррасии парвандаи вакили дифоъ Шӯҳрат Қудратовро пас аз панҷ моҳи боздошт оғоз кард. Мавсуф ба қаллобӣ муттаҳам мешавад, аммо огаҳони ҳол, ба ин мӯҳлат тӯл кашидани таҳқиқи парванда ва дуруст дар авҷи шавқу шӯри интихоботи парлумонӣ оғоз шудани мурофиаи ӯро як амри тасодуфӣ намеҳисобанд.

Шӯҳрат Қудратов
Шӯҳрат Қудратов

Шӯҳрат Қудратов муовини раиси Ҳизби сотсиал – демократи Тоҷикистон аст ва ӯро дар додгоҳ раисаш -- Раҳматулло Зоиров дифоъ мекунад. Метавон ин ҳадсро низ зад, ки яке аз ҳадафҳо дар давраи корзори интихоботӣ “машғул”-и парванда нигоҳ доштани раиси ҳизб аст.

Дар рӯзи аввалин нишасти аҳзоб дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ муовини раиси ҲСД - Шокирҷон Ҳакимов бо сабабҳои номаълум аз сӯи афроди номаълум, ки худро маъмури интизомӣ муаррифӣ кардаанд, дар кӯча боздошт ва бозпурсӣ шуд. Ҷаноби Зойиров мегӯяд, ин ҳама фишорҳоеанд, ки расонаӣ шудаанд, аммо фишорҳои инфиродӣ ба аъзои ҳизб дар ноҳияҳо афзудааст ва ҳадаф ҳам хориҷ кардани онҳо аз ҳизб аст.

Ва ин бори аввалу соли аввал нест, ки ҲСДТ бо чунин мушкилот рӯ ба рӯ мешавад ва то ба имрӯз ҳеҷ як аз мақомот шарҳ надодааст, ки сабаби чунин муносибати “вижа” чист?

Раиси ҲСД таърихи номаъқул афтоданаш ба ҳукуматро ба истеъфояш аз мушовирии президент Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2003 ва ғайриқонунӣ хондани ширкати ӯ дар интихоботи президентии соли 2004 бастагӣ медиҳад. Ва Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҲСД, бар ин аст, ки ҲСД ба монанди Ҳизби коммунист ва Ҳизби наҳзати исломӣ рақиби идеологии ҳукумати феълии Тоҷикистон нест: “Моро ба ин ки боқимондаи низоми тоталитарии Иттиҳоди Шӯравӣ ва террористу исломи сиёсӣ бошем, наметавонанд муттаҳам кунанд. Мо мухолифини дунявӣ ҳастем, ки бо шакли давлат мухолифат надорем, аммо тарзи расидан ба ҳадафу ормонҳои ҷомиаро дигаргуна ва дурусттар аз ҳукумати имрӯза мебинем.”

Бо ин вуҷуд, ҲСД, ки ҳизби ҳуқуқшиносон ҳам муаррифӣ мешавад, ҳамагӣ 7,5 ҳазор, ҳатто камтар аз аҳзоби тоза воридшуда ба саҳнаи сиёсии Тоҷикистон узв дорад. Аз ин нуқтаи назар, ҲСД хеле ақибтар аз ҲНИ, ҳатто ҲК аст. Аз рӯи воқеиятҳои Тоҷикистон, раҳбари ҳизб Раҳматулло Зоиров ҳарчанд шаҳрванд аст, аммо зодаи Тоҷикистон нест, ба ин маънӣ, ки пойгоҳ ва пуштибонии маҳаллӣ надорад. Як ҳуқуқшинос аст ва худ эътироф мекунад, ки тиҷорат ҳам надорад, яъне ҳизбаш аз лиҳози молиявӣ бо ҲНИТ сабқат карда наметавонад, чӣ расад ба Ҳизби халқӣ - демократӣ. Ба ин далоил боз ҳам фишорҳои мудаввом алайҳи онро наметавон дар тарозуи мантиқ ба санҷиш гузошт.

Раҷаби Мирзо
Раҷаби Мирзо

Аммо Раҷаби Мирзо, коршиноси сиёсӣ, бар ин аст, ки ҳамчунин рафтори ҳукумат бо ҲСД қабл аз ҳама таҳти шубҳа гузоштани худи ҳизбу раҳбарияташ ва ба ҷомиа додани ин паём аст, ки касе бо ҳукумат мухолифат мекунад, ба ин ҳол гирифтор хоҳад шуд: “Инро мехоҳад, бирасонад, ки агарчи чунин ҳизбу чунин шахсиятҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон ҳастанд, аввал, ки чизеву касе нестанд, дуввум, ки ҳукумат “ингунаҳо”-ро қабул надорад ва на ҳамаи мардум аз пайи онҳо мераванд.”

Аммо дар асл мақомоте, ки дастандаркор ҳастанд, чӣ таърифе аз ҲСД доранд? Бархе аз чунин таърифҳоро метавон дар матолибе хонд, ки ба истилоҳ, “фабрикаи ҷавоб” ва ҳам нашрияҳои ҳукуматӣ дар гузашта алайҳи ҲСД ва раҳбараш Раҳматулло Зойиров чоп карда буданд. Бино ба ин матолиб, ҲСД маҳсули хадамоти ҷосусии Ӯзбакистону Русия ва раҳбараш Раҳматулло Зойиров иҷрогари тарҳҳое алайҳи давлатдории Тоҷикистон мебошанд. Аз ҷумла, соли 2012 дар пайи расонаӣ шудани мактуби сарвазири Ӯзбакистон Шавкат Мирзиёев ба ҳамтои тоҷикаш Оқил Оқилов дар масъалаи неругоҳи Роғун Раҳматулло Зойиров ба ҳукумат пешниҳод кард, ки ҳизбаш омода аст ҳимояи ҳуқуқии неругоҳро дар баҳсҳои байнулмилалӣ ба зимма гирад. Аммо як расонаи ҳукуматии Тоҷикистон ин пешниҳоди ӯро таҳти шубҳа қарор дода, чунин навишт: “...Зойиров аз Тоҷикистон истода чӣ тавр аз нақшаҳои кишвари ҳамсоя - Ӯзбекистон ба хубӣ огаҳӣ дорад? Аҷиб, ки изтироби ҷаноби Зойиров дар иртибот ба сохтмони Роғун ба изтироби сарвазири Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, ки дар номааш ба Сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов баён доштааст, ҳамоҳанг мебошад”. Ва ҷои дигар: “...Зойиров ба ғайр аз раисии ҳизби сотсиал-демократӣ боз чӣ вазифа дошта бошад, ки аз ҳама гапу кори Ӯзбекистон бохабар аст?”

Иддае дигар аз огаҳони ҳол ҳам бар инанд, ки Раҳматулло Зойиров замоне, ки аз мушовирии президенти Тоҷикистон рафт, эҳтирому эътимод ва эътиборашро барои ҳукумат аз даст дод ва ба мӯҳрае табдил ёфт, ки ниятҳои торик дорад ва аҳдофашро наметавон таъриф кард. Аз нигоҳи онҳо, бахусус инро намешавад фаҳмид, ки ӯ аз пайи чӣ ҳадаф аст, вақте на пул дораду на пул мехоҳад. Ба қавли онҳо, маҳз норӯшании аҳдофи Раҳматулло Зойиров мақомотро сари муборизаҳои сиёсии ӯ машкук кардааст.

Аммо барои интихобкунандаи одӣ суоли асосӣ он аст, ки агар аз нигоҳи ҳукумат Ҳизби сотсиал-демократ ҳеч гуна таҳдиде ба ҳизби ҳоким буда наметавонад ва нуфузе дар ҷомеа надорад, чаро ба он чунин муносибати “махсус” раво дида мешавад?

XS
SM
MD
LG