Пас аз тақрибан як моҳи ҳамла ба Раҳматилло Зойиров, раҳбари Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон таҳқиқи парвандаи ҳамла ба ӯ қатъ шудааст. Мақомоти умури дохилӣ гуфтанд, ки ҳеҷ яке аз муттаҳамон ба ҳамларо ошкор карда натавонистанд, аз ин рӯ тасмим гирифтанд, ба таҳқиқ хотима диҳанд.
Як мақоми шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, рӯзи 15 декабр дар ин бора ба Радиои Озодӣ хабар дод, вале аз шарҳи ин мавзӯъ худдорӣ кард ва танҳо гуфт, ки муфаттишон ба ошкор кардани ҳуввияти ҳамлагарон муваффақ нашудаанд.
10-уми декабри соли 2013 мо панҷ мардеро дар видео сабт кардем, ки мегуфтанд, як афсари баландрутба онҳоро назди дафтари ҳизби мо оварда, дастур додааст, ки рӯзи дигар дар ин ҷо ба ман ҳамла кунанд.
Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал демократ низ 15 декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ки “ман аз пулис хоҳиш кардам, ки нусхаи қарори қатъи таҳқиқи ин парвандаро бароям бидиҳанд, аммо пулис радд кард”.
Раҳматилло Зойиров пас ин ҳамла дар рӯзи 9-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, шаби 9 ноябр сагашро ба берун бароварда дар маҳаллаи 103-юми пойтахт дар наздикиҳои манзили зисташ сайругашт мекард, ки ба ӯ чанд нафар дарафтоданд. Дар ин ҳамла дасту китфи сиёсатмадор осеб дид. Раҳматулло Зойиров ин ҳамларо тарҳрезишуда медонад.
Нақли худи Зойировро инҷо бубинед:
Мақомоти интизомии Тоҷикистон моҳи гузашта гуфтанд, ки дар робита ба ҳамла парванда боз кардаанд ва таҳқиқ доранд, кӣ ва чаро ба Раҳмитулло Зойировро ҳадаф гирифтааст. Вале худи ӯ аз оғоз изҳор доштааст, ки дастандаркорони ин ҳамла, мисли 10 ҳодисаи қаблии ҳамла ба вай ва дафтари ҳизбиаш пайдо нахоҳанд шуд.
Ман медонистам, ки касеро намеёбанд
“Имсол чаҳорумин солест, ки ба ман ва дафтари марказии Ҳизби сотсиал демократии Тоҷикистон афроди ношинос ҳамла мекунанд. Дар чанд мавриди гузашта дурбинҳои сабти видеоии дафтари мо афроди ҳамлагарро ба навор гирифта буд. Мо ин сабтҳоро дар ихтиёри мақомот гузоштем, вале ин нафарон ҳатто барои бозпурсӣ даъват нашуданд. 10-уми декабри соли 2013 мо панҷ мардеро дар видео сабт кардем, ки мегуфтанд, як афсари баландрутба онҳоро назди дафтари ҳизби мо оварда, дастур додааст, ки рӯзи дигар дар ин ҷо ба ман ҳамла кунанд. Аммо ин баёнотро ҳам пулис сарфи назар кард” – гуфт Раҳматилло Зойиров ба Радиои Озодӣ.
Мисли худи Зойиров, коршиносон ва фаъолони дигари ҷамъиятӣ ҳам аз чунин ранг гирифтани кор тааҷҷуб намекунанд. Ойниҳол Бобоназарова, ҳомии ҳуқуқ ва раҳбари созмони “Перспектива Плюс” рӯзи 15 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, хабари қатъи таҳқиқи парвандаи ҳамла ба Раҳматилло Зойиров як чизи маъмулӣ аст.
“Ҳама медонад, ки ба Раҳматилло Зойиров чанд маротиба занҳову мардҳо ҳамла карданд, вале бо эҳтимоли зиёд пулис чандон ба ошкор кардани гунаҳкорон алоқаманд нест. Дақиқтар гӯем, барои расмиёт парванда боз мекунанд, аммо касе ҷиддӣ дар фикри ошкор сохтани ин ҷиноятҳо нест. Солҳои қаблӣ низ мавридҳои ҳамла ба фаъолони ҳизбӣ, назири Шокирҷон Ҳакимов рух дода буданд, аммо таҳқиқи ҳамаи ин ҳодисаҳо бенатиҷа монд” – гуфт ӯ.
Дақиқтар гӯем, барои расмиёт парванда боз мекунанд, аммо касе ҷиддӣ дар фикри ошкор сохтани ин ҷиноятҳо нест.
Дар гузашта бархе коршиносон ҳамла ба афроди мисли Раҳматулло Зоировро “ташкилшуда” номида, ҳадафи онро “кӯшиши тарс додан аз фаъолиятҳои сиёсии оппозитсионӣ” номидаанд. Сотсиал демократҳои Тоҷикистон баъд аз манъи фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳоло танҳо ҳизби мухолифи кишвар дониста мешавад.
Ба гуфтаи раҳбарони Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон ҳоло дар кишвар 3500 узви ҳизб боқӣ мондаанд ва 4600 нафар дар муҳоҷирати корӣ ҳастанд. Ба ҷуз аз ин ҳизб ҳоло дар Тоҷикистон ҳизби ҳокими халқӣ демократӣ, ҳизбҳои сотсиалистӣ, демократӣ, кишоварзӣ ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ фаъолият мекунанд, ки онҳоро таҳлилгарон ҳизбҳои ташкилшуда аз тарафи давлат меноманд.