Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳматилло Зоиров: "Ман давоми 15 моҳ хомӯш будам, вале..." САДО


Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ.
Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ.

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) ​мегӯяд, дар интихоботи гузашта 35 000 доллараш сӯхтааст. Ва ҳам мегӯяд, давоми 15 моҳ хомӯш буд, аммо ҳизб корашро давом медод ва акнун бояд дар интихоботи нав ширкат кунад. Ин дар ҳолест, ки ба ақидаи яке аз сиёсатшиносон, Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон солҳои охир тақрибан фаъолияте надошт, аз ёди мардум рафтааст ва ширкати он дар интихобот дигаргунии ҷиддие ба бор оварда наметавонад.

Зоиров ҳафтаи гузашта ба бекор шудани гаравпулии сабтиноми номзадҳои интихоботи порлумонӣ даъват кард. Ӯ мегӯяд, ин маблағ, ки 5 800 сомонӣ (тахминан 600 доллар) аст, монеи ба интихобот роҳ ёфтани бисёре аз номзадҳо хоҳад шуд. Ин даъват дар ҳоле садо дод, ки ҲСДТ мегӯяд, бо назардошти ношаффофу ноодилона баргузор шудани интихоботи порлумонии гузашта, фаъолони он ҳанӯз ба қарори ниҳоӣ наомадаанд, ки дар интихоботи моҳи марти соли 2020 иштирок кунанд ё на.

Зоиров дар барномаи "Меҳмони Озодӣ"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:14:26 0:00
Линки мустақим

Раҳматилло Зоиров дар мусоҳибаи телефонӣ аз шаҳри Душанбе ба суолҳои Радиои Озодӣ посух дод.

Радиои Озодӣ: Аъзои ҲСДТ ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд. Як гурӯҳ мехоҳад ҳизб ба интихобот равад, дигаре мегӯяд интихоботро бояд таҳрим кард. Худи Шумо дар чӣ фикр ҳастед?

Раҳматилло Зоиров: Аслан ҳизби сиёсӣ чаро ташкил мешавад? Бар асоси қонун, ба хотири иштирок дар интихоботҳо ва ташаккул додани иродаи мардум барои овоз додан. Мо бояд иштирок кунем. Ҳизбҳои сиёсӣ, аз ҷумла ҲСДТ бояд барои ташаккул додани иродаи мардум хидмат кунанд. Бо ин роҳ мо маърифати сиёсии мардумро боло бурда метавонем.

Радиои Озодӣ: Ҳоло чанд аст шумори аъзои ҳизбатон?

Раҳматилло Зоиров: Шумораи аъзои мо зиёд нест. Аз се ду ҳиссаи аъзои мо дар муҳоҷирати меҳнатӣ ҳастанд. Дар Тоҷикистон онҳо ҳеч кору вазифаеро ишғол карда наметавонанд. Ҳукумат ҳеҷ гоҳ аъзои ҲСДТ-ро бо кор таъмин намекунад ва ҳам агар фаҳмад, ки узви ҲСДТ аст, ба кор қабул ҳам намекунад. Шумораи аъзои мо ҳоло қариб 8,5 ҳазор нафар аст. Аз инҳо наздик ба 6 ҳазор нафарашон дар муҳоҷирати меҳнатӣ ҳастанд. Тахминан 1,5 ҳазор нафар аъзои мо дар шаҳри Душанбе ҳамчун омӯзгори мактаб ва донишгоҳ, ҳуқуқшинос ва ҳам иқтисоддон кор мекунанд. Аъзои мо асосан дар се минтақа – шаҳри Душанбе, ВМБК ва вилояти Суғд мебошанд. Ягона ҷое, ки мо камбуд дорем, ин вилояти Хатлон аст. Мо ҳоло барои ташвиқи мардум дар ин ҷо кор мекунем. Мардум калимаи "мухолиф"-ро истифода мекунанд, ки нодуруст аст. Мо мегӯем, ки ин ҳизб созанда аст, на сӯзанда.

Радиои Озодӣ: Агар ба интихобот равед, ба назари шумо, чӣ ба даст меоред ва баръакс, агар таҳрим кунед, аз чӣ маҳрум мешавед?

Раҳматилло Зоиров: Таҳрим кунем ҳам, натиҷа мешавад. Аъзои мо кам ҳам бошад, ҷонибдорони мо зиёд аст. Мардум оҷиз нест ва мебинад, ки кадом ҳизб барои мардум хидмат мекунад, яъне аз ҷиҳати рӯҳиву сиёсӣ. Беш аз 500 адвокат, ки узви ҳизби мо мебошанд, ба мардум хидмат мекунанд. Дар сурати ширкати мо дар интихобот, ҳатто дар сурати маҳдуд кардани ҳукумат, мо дар парлумон соҳиби 3-4 ҷой мешавем. Мо дар интихоботҳои маҳаллии ҷамоату ноҳияву вилоятҳо ҳам метавонем ҷой гирем. Ман фикр мекунам, ки мо бояд дар интихобот иштирок кунем.

Радиои Озодӣ: Бархе таҳлилгарон мегӯянд, ки ҲСДТ камфаъол шудааст ва гӯё мардум онро фаромӯш мекунанд. Шумо ба онҳо чӣ мегӯед?

Раҳматилло Зоиров: Дар ҳақиқат, шояд худи ман камфаъол шуда бошам. Ман моҳи сентябри соли 2018 бемор шудам, се ҷарроҳиро пушти сар кардам, давоми 15 моҳ хомӯш будам. Вале аъзои ҳизб фаъолияти худро идома доданд, бо мардум дар ҷои истиқоматашон кор карданд. Мо мехостем пойгоҳҳои худро пурқувваттар кунем. Дар давраи баъд аз соли 2015 дуруст кор карда натавонистем. Вақте ҳукумат бо Ҳизби наҳзати исломӣ чунин кард (баста шуд) ва ба ҳизби мо ҳам аз системаи прокуратура суол шуд, ман вақте аз Русия соли 2015 баргаштам, дарҳол аз пайи ҳимояи аъзои ҳизб шудам. Ба прокурори генералӣ ва вазири адлия мактубҳо пешниҳод кардам ва ҷавобгарии ҳизбро ба раис ва аъзои Шӯрои сиёсӣ вогузор кардам. Яъне дар гуфтушунид бо онҳо гуфтам, ки ба ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ неву бо мо гап зананд. Мо дидем, ки Ҳизби наҳзати исломиро аз ташкилоти ибтидоӣ, яъне ба решаашон зарба заданд. Барои пешгирии ин ҳолат мо кӯшишу талошҳои худро барои кор бо мардуми маҳалҳо равона кардем. Ба хотири омодагии дуруст ба интихобот ҳам буд ва ба ҳамин хотир ба матбуот ва интернет дар бораи фаълияти мо маълумоти кам дода мешуд

Радиои Озодӣ: Чаро мавзӯи гаравпулӣ имрӯз рӯ зад?

Раҳматилло Зоиров: На, имрӯз на, давоми даҳ соли охир мо шояд 15 бор шифоҳӣ муроҷиат кардем. Агар то замони эълони санаи интихобот агар дар ин бора гап занӣ, "шумо пеш аз санаи расмӣ маъракаи интихоботиро сар кардед" гуфта эрод мегиранд. Мо дар ин бора бо мақомоти комиссияи интихоботӣ, ба депутатҳои порлумон ва дигарҳо борҳо суҳбат кардаву нома навиштаем. Рӯзи 4-уми декабр санаи интихобот эълон шуд ва ба мо ҳам имконият пайдо шуд, ки дар ин бора гап занем.

Радиои Озодӣ: Пас хости шумо чӣ аст ва чаро ҳаҷми гаравпулӣ бояд бозбинӣ шавад?

Раҳматилло Зоиров: Ин гаравпулӣ барои ман не, барои дигарон гарон аст. Дар интихоботи гузашта аз 13 узви ҳизб гаравпулии 11 нафарро ман аз кисаи худ дода будам. Ин пулҳо сӯхтанд. Ҳукумат маҳдуд мекунад, ки ҲСДТ нагузарад ва пирӯз нашавад ва пул месӯзад. Масъалаи дуюм ин аст, ки мо барои пешбарӣ ба интихобот номзадҳои шоистаи зиёд дорем ва шумори онҳо 22 нафар аст. Аз ин 22 нафар то 20 нафарашон ин маблағро дарёфт карда наметавонанд ва маблағи бо хуни дилашон ёфта месӯзад. Қисме аз ин маблағро мо дорем, вале агар мо ин маблағро барои гаравпулӣ пардохт кунем, пас барои маъракаи интихоботӣ маблағ нахоҳем дошт. Дар миқёси ҷумҳурӣ 58 ноҳияву 22 шаҳр ва он ҷо бояд кор барем. Он пуле, ки комиссиюни интихоботӣ ҷудо мекунад ночиз аст. Мо барои 22 нафар бояд 130 ҳазор сомонӣ дошта бошем (барои як нафар 5800 сомонӣ). Комиссияи марказӣ аз ин қариб 30 ҳазорашро пардохт мекунад. Яъне 100 ҳазор сомонӣ пули мо месӯзад.

Радиои Озодӣ: Агар раиси ҷумҳурӣ ба шумо посух надоданд, чӣ мекунед?

Раҳматилло Зоиров: Гап дар ин нест. Муқаррар кардани гарави интихоботӣ бо моддаи 1, 17 ва чанд моддаи конститутсияи амалкунанда дар ихтилоф аст. Ин моддаҳо мегӯянд, ки дар Тоҷикистон ҳама баробар ҳастанд. Таъини гаравпулӣ бар зидди конститутсия аст. Агар ҳукумат, парлумони Тоҷикистон ғайриқонунӣ амал мекарда бошад, иштирок дар интихобот чӣ маъно дорад?

Радиои Озодӣ: Метавонед бигӯед, ки дар интихоботи гузашта ҳизби шумо чӣ қадар гаравпулиро аз даст дода буд ё "сӯхта" буд”?

Раҳматилло Зоиров: Шахсан худам ба ҳисоби доллари амрикоӣ дар ҳаҷми 35 ҳазор доллар сӯхтам. Ман қарзи бонкӣ гирифтам, пули худамро гирифтам. Вақте натиҷаи интихобот чунин шуд, маҷбур шудам ба Қазоқистон ба муҳоҷирати меҳнатӣ равам. Ман, ки як қисми пулҳоро қарз гирифта будам, ду сол кор карда ин қарзҳоро кандам. Канда тавонистам, лекин бори дигар ман инро такрор карданӣ нестам. Кӯр асояшро як бор гум мекунад.

Радиои Озодӣ: Қаблан гуфта будед, ки дар интихобот чанд номзади воқеӣ ба майдон меояд. Оё ҳанӯз ҳам ба ин бовар ҳастед ва ё ба назари шумо интихобот ин навбат ҳам аз рӯи сенарияи пешина мегузарад?

Раҳматилло Зоиров: Аз ростӣ бигӯям, ба чизе бовар надорам. Ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистон ва комиссияҳои интихоботӣ аз боварӣ баромадаанд. Масъала ин аст, ки чанд ҳизби рӯ ба ҳукуматро ҳукумат супориш дода беш аз 5 фоиз овоз медиҳад ва ин ҳизбҳо маблағҳои супурдаи худро гардонда мегиранд. Агар ҳизбҳои оппозитсионӣ ё ҳизбҳои номақбул барои ҳукумат бошад, фоизи онҳоро аз 0,5 то 4,9 % мекунаду маблағи онҳоро намегардонад. Бо ин роҳ дили фаъолони ҳизбро, ки дар интихоботҳо иштирок мекунанд, сиёҳ мекунанд ва корро чунин ташкил мекунанд, ки дигар ин одамон аз номи ин ҳизбҳо дар интихоботҳо иштирок накунанд. Ин як усули дар таҷриба исботшуда аст. Агар гарави интихоботӣ аз байн равад, имконияти иштироки ҲСДТ аз ҳама ҳизбҳои дигар бештар мешавад. Номзадҳои пешниҳодшаванда аз ҲСДТ назар ба ҳизби халқии демократӣ бештар мешавад. Вале онҳо мавқеи молии ҳизбро мешикананд ва аз назари ташкилии сиёсӣ кори ҳизбро маҳдуд мекунанд.​

XS
SM
MD
LG