Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хешовандонаш ҳукми раиси "Умед-88"-ро бераҳмона мешуморанд. ВИДЕО


Раҷабалӣ Одинаев.
Раҷабалӣ Одинаев.

Додгоҳи олии Тоҷикистон Раҷабалӣ Одинаев раиси ширкати як замон маъруфи "Умед 88"-ро ба 24 соли зиндон маҳкум кард. Муҳокима рӯзи 17-уми сентябр дар толори Додгоҳи олӣ баргузор шуд.

Раҷабалӣ Одинаев ба дуздии моликияти давлатӣ, тассарруфу исрофкорӣ ва истифодаи ғайриқонунии қарз гунаҳкор дониста шуд.

Муовини ӯ Идибек Иброҳимовро низ бо айни гуноҳҳо ба 22 соли зиндон маҳкум шуд. Пештар додситон аз додгоҳ хост, ки Раҷабалӣ Одинаевро ба 25 соли зиндон, ки сахттарин ҳукм ба ҳисоб меравад, маҳкум кунад.

Муҳокимаи Раҷабалӣ Одинаев ва муовинаш паси дарҳои баста сурат гирифт ва ба ғайр аз вакили дифо, ҳатто хешовандонашро ҳам ба толори додгоҳ роҳ надоданд.

Хешовандонаш ҳукми раиси "Умед-88"-ро бераҳмона мешуморанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:19 0:00
Линки мустақим

Зимнан наздикони Раҷабалӣ аз раёсати мурофиаи додгоҳӣ чанд маротиба хоҳиш карданд, ки ба онҳо иҷоза диҳад, вориди толор шаванд, вале ба сабаби махфӣ будани парванда ба онҳо иҷозат надоданд.

Доду фарёди хешовандони Раҷабалӣ Одинаев

Хешовандон ҳам ҳукми додгоҳро аз вакили дифои Раҷабалӣ Одинаев ва Идибек Иброҳимов шуниданд, ки ҳамроҳи онҳо аз толор берун омад. Муттаҳамон ба ҷиноятро дар мошини сабзранги ҳарбӣ шинонданд ва ба боздоштгоҳи муваққатӣ бурданд.

Хешовандонаш ҳукми раиси "Умед-88"-ро бераҳмона мешуморанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:50 0:00

Баъди шунидани ҳукми зиндони тӯлонӣ аз вакил, хешовандони Раҷабалӣ Одинаев, аз ҷумла ҳамсару хоҳаронаш худро ба дари толори додгоҳ заданд ва хостанд, ки сабаби чунин ҷазои сахт гирифтани Одинаевро шарҳ бидиҳанд. Онҳо мехостанд, ки додрас назди онҳо барояд ва суҳбат кунад. Вале посбонҳо онҳоро аз саҳни додгоҳ берун карданд.

Ситора Умарова, ҳамсари Раҷабалӣ Одинаев, ки ашк мерехт ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “Ҳукми бераҳмона аст ва мо интизор надоштем, ба ин муҳлати дароз суд карда мешавад. Мо фарзандони ноболиғ дорем, раҳм кунанд. Ман соҳиби 6 фарзанд ҳастам.”

Амирҷон Одинаев писари Раҷабалӣ Одинаев гуфт, ки агар падарашро озод кунанд, ва имкон бидиҳанд, метавонад қарзро баргардонад.

Хешовандонаш аз ҳукм шикоят мебаранд

“Дороии падари ман барои баргардонидани қарзаш мерасад ва ҳоло ҳам ин тавонро дорад, фақат ба ӯ имкон диҳанд. Вай ҳеҷ куҷо нагурехтааст. Падарам ҳамаи фоизҳои қарзҳоро супоридагӣ аст. Мо ҳатман аз ин ҳукм шикоят мебарем” – гуфт, ӯ.

Вакили дифои Раҷабалӣ Одинаев дар бораи ҳукми додгоҳ бо хабарнигорон суҳбат накард.

Умед-88 дар Тоҷикистон нуқтаҳои сӯзишвории зиёд дошт.
Умед-88 дар Тоҷикистон нуқтаҳои сӯзишвории зиёд дошт.

Раҷабалӣ Одинаев аз моҳи октябри соли 2017 боз дар боздошт аст. Ӯро ба напардохтани 171 миллион сомонӣ пули сохтмони нерӯгоҳи Роғун, ки вазорати молия соли 2015 ҳамчун қарз ба ширкати ӯ додааст, муттаҳам мешуд.

"Умед 88" яке аз се ширкати умдаи таъминкунандаи сӯзишворӣ дар бозори Тоҷикистон буд, ки бо “Газпром”-и Русия ва ширкати хусусии "Фароз" дар рақобат қарор дошт.

Ӯро баъди он дастгир карданд, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар як нишасте вазорати молияро танқид кард, ба ширкати "Умед-88" қарз додааст ва ин қарзро барнагардондаанд.зияи ширкате, ки тӯли 20 сол дар бозори сӯзишвории Тоҷикистон мавқеъ касб карду фаъолияти он ногаҳон бо ҳабси раҳбаронаш дар охири соли 2017 ба анҷом расид, яке аз пурсарусадотарин қазияҳои Тоҷикистон аст.

XS
SM
MD
LG