Муаллифи филмнома Бахтиёр Каримов, оҳангсоз Далер Назаров, наворбардор Георгий Дзалаев буданд. Филм дар бораи падаре қисса мекунад, ки писари ягонаашро баъди фавти ҳамсараш дар танҳоӣ ба воя мерасонад, аммо фарзандаш ногаҳон ба қатл мерасад. Дили ӯро ба ҷавоне медиҳанд, ки қотилаш буд. Аммо падар қотили писарашро мебахшад ва ӯро фарзанди хеш мехонад.
Нахустнамоиши ҷаҳонии ин филм моҳи октябр дар ҷашнвораи Пусони Куриёи ҷанубӣ, ки бузургтарин ҷашнвора дар қораи Осиёст, баргузор хоҳад шуд.
Баъди тамошои филм суҳбате доштем бо бозигари нақши асосӣ, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Муҳаммадалӣ Маҳмадов ва нахуст пурсидем, ки бардошти худи ӯ аз тамошои филм чӣ гуна аст?
Муҳаммадалӣ Маҳмадов: "Назарҳо гуногунанд. Аммо ман фикр мекунам, ки филм ба мардум писанд омад. Аз он чизе ки ман дар толор, дар чашми мардум дидам, метавон гуфт, ки тамошогарон филмро қабул карданд. Албатта, камбудиҳо ҳаст, чун кор бе камбудӣ намешавад. Аммо он ҳама камбудиҳои ҳирфавианд, дар ин бора гап намезанем."
Озодӣ: Худи Шумо қонеъ ҳастед?
Муҳаммадалӣ Маҳмадов: "Шояд пир шудаам. Вале як чизро фаҳмидам, ки барои таҷриба кардан, ки гӯям, имрӯз ин хел кор мекунам, фардо дигар хел, дигар фурсат надорам. Вақте Носир Саидов ин нақшро ба ман пешниҳод кард, бисёр ҷиддӣ ба он муносибат кардам. Талош кардам, он таҷрибаеро, ки муддати 30 сол пайдо кардаам, дар он истифода барам ва аз таҳти дил нақши падарро иҷро кунам. Нақши падари фарзанди худ ва падаре, ки фарзанди бегона ва қотили писарашро қабул мекунад. Он чизеро метавонистам, кардам, дигар мардум ба он баҳо медиҳанд."
Озодӣ: Дар маросими рӯнамоии филм Шумо гуфтед, аз миёни 50 нақше, ки офаридаед, иҷрои ин нақш бароятон душвортар буд. Душворӣ дар чӣ буд?
Муҳаммадалӣ Маҳмадов: "Душворӣ дар офаридани ҳолати равонии марде буд, ки фарзандро танҳо ба воя мерасонад. Бе зан ин корро кардан бисёр душвор аст ва барои дарки ин ба даруни шахс даромадан ва аз дарун ҳолатро фаҳмидан даркор буд. Чӣ хел душвор аст фарзандро танҳо ба воя расондан ва онро аз даст додан! Вақте фарзанд пеш аз падар аз дунё меравад, дили падар «мекафад». Ҳамон «кафидан»-и дилро бояд ман нишон медодам."
Озодӣ: Ба назари Шумо дар зиндагӣ ҳам инсонҳо метавонанд қотили фарзандонашонро бахшанд?
Муҳаммадалӣ Маҳмадов: "Дар миллати тоҷик ин чиз ҳаст, зеро тоҷик миллати қадимист. Дар кишварҳои Қафқоз намебахшанд. Агар хун рехт, бояд бо хун ҷавоб дод. Ман, ки худ дар деҳа ва дар даруни халқ зиндагӣ мекунам, ин чизро мебинам. Мегӯянд, Худо дод, Худо гирифт."
Озодӣ: Чун шумо аслан бо коргардонҳои кишварҳои дигар фаъолият доред, дар қиёс бо он филмҳо ба вазъи синамои тоҷик чӣ гуна баҳо медиҳед?
Муҳаммадалӣ Маҳмадов: "Филмбардорӣ кори арзон нест. Бисёр мехостам, на танҳо кормандони киностудия, балки он давлатмардоне, ки дар филмсозӣ масъул ҳастанд, кинои тоҷикро дастгирӣ кунанд. Бе маблағ, бе будҷет ин корро анҷом додан душвор аст. Маро ба бисёр филмҳо ба кишварҳои дигар даъват мекунанд, мебинам, ки ҳатман як қисми маблағ аз буҷаи давлат ҷудо мешавад. Баъд дигар сарпарастон онро дастгирӣ мекунанд. Бе мадади давлат рушди синамо душвор аст. Аммо ба воситаи филми хуб метавонем Тоҷикистонро ба дигар кишварҳо муаррифӣ кунем. Моро фаромӯш кардаанд, намешиносанд.
Таҷриба нишон медиҳад, ки вақте ҳунарманд чанд вақт бекор монд, аз касбаш дур мешавад. Мо бист сол аз касб дур будем. Мо ҳунармандони ҳирфаӣ зиёд дорем, бояд аз онҳо истифода барем, на аз ашхоси кӯчагӣ. Ман мебинам, ки дар баъзе филмҳо соҳибкорон нақшҳои асосиро иҷро мекунанд. Ҳунармандон куҷо шуданд? Ҳунармандон рафта аробакаш шудаанду тоҷирон ҳунарпеша".
Озодӣ: Аслан, ба филмҳое, ки солҳои ахир дар Тоҷикистон таҳия мешаванд, назаратон чӣ гуна аст?
Муҳаммадалӣ Маҳмадов: "Ман афсӯс мехӯрам, ки солҳои ахир бештар филмҳои телевизионӣ ва видеоӣ таҳия мешуданд, ки онҳоро ба мо ҳамчун филми бадеӣ пешниҳод мекарданд. Онҳо филми бадеӣ нестанд. Бо омадани Носир Саидов, ки бо фаъолият дар кишварҳои дигар таҷрибаи зиёд дорад, кори киностудияи мо авҷ гирифт. «Оинаи беҷило» аз нахустин филмҳои бадеӣ аст, ки баъди беш аз бист сол дар Тоҷикистон офариданд. Ҳафтае қабл муаррифии филми бадеии «Марги бегуноҳ» буд. Дар муддати як сол ду филми бадеӣ гирифтанд. Ин кор шурӯъ шуд ва бояд пеш равад. Бештари аҳли гурӯҳи эҷодии мо ҳанӯз музд нагирифтаанд, аммо онҳо самимӣ, аз сидқи дил кор карданд. Яъне, имрӯз ҳастанд инсонҳо ва мутахассисоне, ки метавонанд филм созанд. Ман боварӣ дорам, ки ин филм дар чандин ҷоизаҳои байналмилаӣ ҷои худро мегирад.
Бо он ҳунару таҷрибае, ки дорам, маро дигар давлатҳо истифода мебаранд, афсӯс, дар ватани худам маро истифода намебаранд. Умри ман ҳам рафт, 62-сола шудам. Бисёр мехостам барои халқи худам хидмат кунам".
Озодӣ: Ба ҷуз Носир Саидов боз кадом коргардонҳои тоҷикро медонед, ки метавонед бо ӯ кор кунед?
Муҳаммадалӣ Маҳмадов: "Аз коргардонҳои тоҷик Далер Раҳматовро мешиносам, ки худаш филмнома ҳам менависад.Ӯ ҷавҳари филмофарӣ дорад. Як филми Муҳиддин Ҷӯраевро дидаам. Ба наздикӣ ӯ дар Тошканд такмили ихтисос кард. Шарофат Арабова дар Ҳиндустон дар мактаби синамои Ҳиндустон панҷ сол таҳсил карда омад. Ӯ ҳам мутахассиси хуби синамо мешавад, дар бораи кинои тоҷик кори илмӣ навишт. Аз инҳо метавон филми хубро интизор шуд."
Озодӣ: Филми «Бригада»-ро, ки дар он шумо нақш офаридаед, мардуми тоҷик зиёд тамошо мекарданд. Барои худи шумо кадом нақшҳо хотирмон буданд?
Барандаи Ҷоизаи комсомоли Тоҷикистон(1985),Ҷоизаи байнидавдатии «Ситораҳои Иттиҳод» (2011).
Оиладор, соҳиби ду писар.
Муҳаммадалӣ Маҳмадов: "Бригада» филме буд дар бораи бандитҳои солҳои навадум. Баъди тамошои филм тоҷиконе, ки аз Тоҷикистон рафта буданд, аз Аврупову Русия ва кишварҳои Осиё ба ман нома менавиштанду занг зада мегуфтанд, ки баъди ин филм муносибати мардум бо мо дигар шуд. Саҳнаҳое, ки дар бораи тоҷикон буданд, нишон доданд, ки мо аз дигар миллатҳо ҳеҷ камӣ надорем. Аслан, дар филмҳои Русия тоҷиконро кам нишон медиҳанд. Аммо Алексей Сидоров ба ман гуфт, ки дар хидмати ҳарбӣ ҳамроҳи тоҷикон будааст. Вай гуфт, ки маро яке аз он ҳамхизматон ба Тоҷикистон даъват карда буд, то дар тӯяш ширкат кунам. Тарзи зиндагии мардум ва меҳмоннавозию маъракаашон ба ӯ писанд омадааст. Яке аз ҳамхизматонаш Абдулло Нурӣ ном доштааст, номи ӯро ба ман гузошт.
Хушбахтии ман дар он аст, ки бо коргардонҳои бузург кор кардам. Бо коргардонҳои машҳури рус Влидимир Бортко, Владимир Мотил, Егор Кончаловский, Толомуш Океев, коргардони қирғиз, аз Тоҷикистон бо Бақо Содиқов, Марат Орифов, Валерий Аҳадов ҳамкорӣ доштам. Кор бо ҳамаи инҳо бароям як мактаб буд. Тӯли фаъолиятам нақшҳои гуногунро бозӣ кардаам, ки дар байнашон нақши ҷавони ошиқ ҳам буду босмачӣ ҳам, милиса ҳам буду мафия ҳам. Ҳамаашон мисли фарзанд бароям азизанд."
Озодӣ: Чӣ боис шуд, ки шумо Тоҷикистонро тарк кунед ва дар Русия фаъолият кунед?
Муҳаммадалӣ Маҳмадов: "Баъди ҷанг вақте ҳамсарамро барои кор ба сафорати Тоҷикистон дар Русия даъват карданд, мо ба Маскав рафтем. Аммо солҳои навадум дар Русия ҳам филмбардорӣ набуд, соли 2000 шурӯъ шуд. Ман бо тиҷорат ва реклама машғул будам. Соли 2003 ба Тоҷикистон баргаштам. Аслан, аз Тоҷикистон рафта, дар киностудияҳои дигар кор мекунам ва боз ба ҳамин ҷо бармегардам. Бо нигоҳубини модарам, ки солҳои охир бекасу танҳо монданд, машғул будам. Модарам ба наздикӣ аз олам гузаштанд.
Ман як чиро дарк кардам, ки модару падарҳо то замоне ки ҳис мекунанд, ки онҳо барои фарзандону наздикон лозиманд, умрашон дароз мешавад. Фикр мекунам, ки модарам барои он 91 сол умр диданд, ки эҳсос карданд, ки барои ман даркоранд. Ба ҷавонҳо мегӯям, ки падару модарро наранҷонед, эҳтиром кунед."
Нахустнамоиши ҷаҳонии ин филм моҳи октябр дар ҷашнвораи Пусони Куриёи ҷанубӣ, ки бузургтарин ҷашнвора дар қораи Осиёст, баргузор хоҳад шуд.
Баъди тамошои филм суҳбате доштем бо бозигари нақши асосӣ, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Муҳаммадалӣ Маҳмадов ва нахуст пурсидем, ки бардошти худи ӯ аз тамошои филм чӣ гуна аст?
Муҳаммадалӣ Маҳмадов: "Назарҳо гуногунанд. Аммо ман фикр мекунам, ки филм ба мардум писанд омад. Аз он чизе ки ман дар толор, дар чашми мардум дидам, метавон гуфт, ки тамошогарон филмро қабул карданд. Албатта, камбудиҳо ҳаст, чун кор бе камбудӣ намешавад. Аммо он ҳама камбудиҳои ҳирфавианд, дар ин бора гап намезанем."
Озодӣ: Худи Шумо қонеъ ҳастед?
Муҳаммадалӣ Маҳмадов: "Шояд пир шудаам. Вале як чизро фаҳмидам, ки барои таҷриба кардан, ки гӯям, имрӯз ин хел кор мекунам, фардо дигар хел, дигар фурсат надорам. Вақте Носир Саидов ин нақшро ба ман пешниҳод кард, бисёр ҷиддӣ ба он муносибат кардам. Талош кардам, он таҷрибаеро, ки муддати 30 сол пайдо кардаам, дар он истифода барам ва аз таҳти дил нақши падарро иҷро кунам. Нақши падари фарзанди худ ва падаре, ки фарзанди бегона ва қотили писарашро қабул мекунад. Он чизеро метавонистам, кардам, дигар мардум ба он баҳо медиҳанд."
Озодӣ: Дар маросими рӯнамоии филм Шумо гуфтед, аз миёни 50 нақше, ки офаридаед, иҷрои ин нақш бароятон душвортар буд. Душворӣ дар чӣ буд?
Муҳаммадалӣ Маҳмадов: "Душворӣ дар офаридани ҳолати равонии марде буд, ки фарзандро танҳо ба воя мерасонад. Бе зан ин корро кардан бисёр душвор аст ва барои дарки ин ба даруни шахс даромадан ва аз дарун ҳолатро фаҳмидан даркор буд. Чӣ хел душвор аст фарзандро танҳо ба воя расондан ва онро аз даст додан! Вақте фарзанд пеш аз падар аз дунё меравад, дили падар «мекафад». Ҳамон «кафидан»-и дилро бояд ман нишон медодам."
Озодӣ: Ба назари Шумо дар зиндагӣ ҳам инсонҳо метавонанд қотили фарзандонашонро бахшанд?
Муҳаммадалӣ Маҳмадов: "Дар миллати тоҷик ин чиз ҳаст, зеро тоҷик миллати қадимист. Дар кишварҳои Қафқоз намебахшанд. Агар хун рехт, бояд бо хун ҷавоб дод. Ман, ки худ дар деҳа ва дар даруни халқ зиндагӣ мекунам, ин чизро мебинам. Мегӯянд, Худо дод, Худо гирифт."
Озодӣ: Чун шумо аслан бо коргардонҳои кишварҳои дигар фаъолият доред, дар қиёс бо он филмҳо ба вазъи синамои тоҷик чӣ гуна баҳо медиҳед?
Муҳаммадалӣ Маҳмадов: "Филмбардорӣ кори арзон нест. Бисёр мехостам, на танҳо кормандони киностудия, балки он давлатмардоне, ки дар филмсозӣ масъул ҳастанд, кинои тоҷикро дастгирӣ кунанд. Бе маблағ, бе будҷет ин корро анҷом додан душвор аст. Маро ба бисёр филмҳо ба кишварҳои дигар даъват мекунанд, мебинам, ки ҳатман як қисми маблағ аз буҷаи давлат ҷудо мешавад. Баъд дигар сарпарастон онро дастгирӣ мекунанд. Бе мадади давлат рушди синамо душвор аст. Аммо ба воситаи филми хуб метавонем Тоҷикистонро ба дигар кишварҳо муаррифӣ кунем. Моро фаромӯш кардаанд, намешиносанд.
Таҷриба нишон медиҳад, ки вақте ҳунарманд чанд вақт бекор монд, аз касбаш дур мешавад. Мо бист сол аз касб дур будем. Мо ҳунармандони ҳирфаӣ зиёд дорем, бояд аз онҳо истифода барем, на аз ашхоси кӯчагӣ. Ман мебинам, ки дар баъзе филмҳо соҳибкорон нақшҳои асосиро иҷро мекунанд. Ҳунармандон куҷо шуданд? Ҳунармандон рафта аробакаш шудаанду тоҷирон ҳунарпеша".
Озодӣ: Аслан, ба филмҳое, ки солҳои ахир дар Тоҷикистон таҳия мешаванд, назаратон чӣ гуна аст?
Муҳаммадалӣ Маҳмадов: "Ман афсӯс мехӯрам, ки солҳои ахир бештар филмҳои телевизионӣ ва видеоӣ таҳия мешуданд, ки онҳоро ба мо ҳамчун филми бадеӣ пешниҳод мекарданд. Онҳо филми бадеӣ нестанд. Бо омадани Носир Саидов, ки бо фаъолият дар кишварҳои дигар таҷрибаи зиёд дорад, кори киностудияи мо авҷ гирифт. «Оинаи беҷило» аз нахустин филмҳои бадеӣ аст, ки баъди беш аз бист сол дар Тоҷикистон офариданд. Ҳафтае қабл муаррифии филми бадеии «Марги бегуноҳ» буд. Дар муддати як сол ду филми бадеӣ гирифтанд. Ин кор шурӯъ шуд ва бояд пеш равад. Бештари аҳли гурӯҳи эҷодии мо ҳанӯз музд нагирифтаанд, аммо онҳо самимӣ, аз сидқи дил кор карданд. Яъне, имрӯз ҳастанд инсонҳо ва мутахассисоне, ки метавонанд филм созанд. Ман боварӣ дорам, ки ин филм дар чандин ҷоизаҳои байналмилаӣ ҷои худро мегирад.
Бо он ҳунару таҷрибае, ки дорам, маро дигар давлатҳо истифода мебаранд, афсӯс, дар ватани худам маро истифода намебаранд. Умри ман ҳам рафт, 62-сола шудам. Бисёр мехостам барои халқи худам хидмат кунам".
Озодӣ: Ба ҷуз Носир Саидов боз кадом коргардонҳои тоҷикро медонед, ки метавонед бо ӯ кор кунед?
Муҳаммадалӣ Маҳмадов: "Аз коргардонҳои тоҷик Далер Раҳматовро мешиносам, ки худаш филмнома ҳам менависад.Ӯ ҷавҳари филмофарӣ дорад. Як филми Муҳиддин Ҷӯраевро дидаам. Ба наздикӣ ӯ дар Тошканд такмили ихтисос кард. Шарофат Арабова дар Ҳиндустон дар мактаби синамои Ҳиндустон панҷ сол таҳсил карда омад. Ӯ ҳам мутахассиси хуби синамо мешавад, дар бораи кинои тоҷик кори илмӣ навишт. Аз инҳо метавон филми хубро интизор шуд."
Озодӣ: Филми «Бригада»-ро, ки дар он шумо нақш офаридаед, мардуми тоҷик зиёд тамошо мекарданд. Барои худи шумо кадом нақшҳо хотирмон буданд?
Муҳаммадалӣ Маҳмадов
Муҳаммадалӣ Маҳмадов, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон. 21 декабри соли 1951 дар деҳаи Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ, ки бо номи Мавлоно Яъқуби Чархӣ маъруф аст, ба дунё омадааст. Соли 1972 омӯзишгоҳи рассомӣ ва соли 1979 факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Аз солҳои 1979 дар филмҳо нақш меофарад. То имрӯз беш аз 50 нақш дар филмҳои истеҳсоли Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Осетия, Сурия, Алҷазоир, Миср, Венгрия ва дигар кишварҳо иҷро кардааст.Барандаи Ҷоизаи комсомоли Тоҷикистон(1985),Ҷоизаи байнидавдатии «Ситораҳои Иттиҳод» (2011).