Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳиддин Кабирӣ: Наҳзати исломӣ бо ҳамин ном хоҳад монд


Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон(ҲНИТ) дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ мавзеъгириҳои ҳизбаш дар се моҳи боқимонда то интихоботро шарҳ дод.

Рӯзҳои ахир як гуна, ба истилоҳ, «ҷон гирифтан»-и фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба назар мерасад. Аз ҷумла ин ҳизб аз Кумитаи радио ва телевизион талаб кард, ки барояш дар телевизионҳои давлатӣ вақт ҷудо кунанд, то ба матолиби онҳо алайҳи ҳизб посух гӯянд. Ҳамчунин аз Кумиссиюни марказии интихобот ҳизб тақозо кард, ки шароити ҷамъ овардани имзоҳоро рӯшан кунад. Ва ниҳоят Шӯрои сиёсии ҲНИ эълом дошт, ки дигар дар интиқод аз сиёсатҳои нокоми ҳукумати Тоҷикистон лаҳни шадидтар хоҳад гирифт. Дар робита ба ин ки қариб ду сол ба ин сӯ дар Тоҷикистон, ба истилоҳи расонаҳои дохилӣ, як барномаи «антинаҳзат» идома дорад, аз Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ нахуст пурсидем, ки ниҳоят ин ҳизб ба ҳукумат посухе медиҳад?

Гуфтугӯ бо Муҳиддини Кабирӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:52 0:00
Линки мустақим


Муҳиддин Кабирӣ: Ин иқдомҳоро бояд аз ҳам ҷудо кард. Воқеан, қисми аввали иқдомҳои мо посух ба барномаҳои ба ном «антинаҳзатӣ» аст. Шӯрои сиёсии ҲНИ тасмим гирифт, ки як микдор корҳоро бояд амалӣ кунем, то посухе ба ин амалҳои ғайриконунӣ ва гохо ғайриахлоқӣ дошта бошем. Қисми дигар сирф ба масъалаҳои интихоботӣ рабт доранд, масалан, зимни як мактуб аз Кумиссиюни марказии интихобот хоҳиш кардем, ба мо фаҳмонанд, ки чӣ тур метавонем барои номзад аз муҳоҷирини меҳнатӣ дар Русия имзо ҷамъ кунем, ин чӣ тартиб дорад?

Озодӣ: Яъне дар гузашта Шумо мегуфтед, ки бояд аъзоятон сабр кунад. Ҳоло Шӯрои сиёсӣ ба иқдомҳои ҷавобӣ гузашт. Шуморо дуруст фаҳмидем?

Муҳиддин Кабирӣ: Албатта, иқдомҳои Шӯрои сиёсӣро набояд лабрез шудани косаи сабри ҲНИ арзёбӣ кард, зеро ҳамаи ин корхо дар чорчӯби қонун ва бидуни эҳсосот амалӣ хоҳанд шуд. Аз тарафи дигар, набояд аз сабру таҳаммули мо сӯъиистифода шавад ва як ҳизби сиёсӣ наметавонад ин ҳама тӯҳмату таҳқирро фурӯ барад. Бояд ба онҳо ҷавоб дод. Дар сатҳи қонун ва боз ҳам сабру таҳаммул. То ба ҳол ҳар коре ки кардем, дар ҳамин чаҳорчӯб аст ва ҲНИТ то ба ҳол ба ягон иқдоми эҳсосӣ даст назадааст.

Озодӣ: Мегӯед, ки посухҳои худро ба барномаҳои ҳукуматӣ алайҳи ҳизби худ хоҳед дод. Мушаххас метавонед гӯед, чӣ иқдомҳоро рӯи даст хоҳед гирифт?

Муҳиддин Кабирӣ: Посухи асосии мо ҳамоно боз сабру таҳаммул ва дар чаҳорчӯби қонуну оинномаи ҳизб фаъолият кардан аст. Аммо коре, ки зидди мо мешавад, далели рӯз ба рӯз қавӣ шудани ҲНИТ аст ва ин ҳол баъзе гурӯҳҳо ва мақомотро асабӣ мекунад. Кам нестанд дар кишвар доираҳо ва инсонҳое, ки мехоҳанд пойи моро ба фитна бикашонанд, то мо бо лаҳни шадид алайҳи ҳукумат ё қисме аз рӯҳониен сӯҳбат намоем. Чун онҳо парвои суботи кишвар надоранд, барояшон муҳим он аст, ки фазои қаблазинтихоботӣ аз вазъи табиияш барояд ва шибҳинизомӣ шавад. Дар чунин шароит барои онҳо аз оби лойолуд моҳӣ гирифтан осонтар аст. Агар онҳо қудрат медоштанд, ҳеҷ гоҳ ба ҳизбе, ки бар асоси Сарқонун ва пуштибонии мардумӣ фаъолият мекунад, фишор намеоварданд. Рӯзҳои наздик мо як муроҷиат ба мардуми Тоҷикистон хоҳем кард ва як муроҷиати дигар ба қишри рӯҳониён. Вақтҳои охир аз онҳо сӯъиистифода шуда истодааст, бархе дониста ё надониста ба фитнаҳои такрорӣ гирифтор мешаванд, тавре солҳои 90 ҷомиаи рӯҳониро ба ду қисм – ваҳҳобӣ ва зиддиваҳҳобӣ - ҷудо карда буданд. Мо ҳаминро ҳушдор хоҳем дод. Лоақал ҳамон қишре, ки мегӯянд, дар Ислом ҳизби сиёсӣ нест, Ислом аз сиёсат чудост, бояд ба ҳамин ҳарфи худ пойбанд бимонанд ва василаи сиёсии дигарон нашаванд. Агар онҳо эътиқод доранд, ки мусалмон бояд ба сиёсат кордор нашавад, ақалан василаи сиёсӣ қарор нагиранд, ки ин бадтар аз сиёсӣ будан аст.

Озодӣ: Воқеан, як қатор рӯҳониён ба президенти Тоҷикистон пешниҳод карданд, ки калимаи «ислом» аз исми ҲНИТ бардошта шавад. Фикр мекунед, ин пешниҳод ба кадом хотир аст ва оё боре бар ин андеша будед, ки номи ҳизбро тағйир диҳед, тавре дар Туркияву Миср буд?


Муҳиддин Кабирӣ: Мо аз чунин сӯҳбатҳо огоҳем, аммо номи ҳизбро танҳо аъзо ва он ҳам дар анҷуман тағйир медиҳанд. Ин ҳарфҳоро онҳое мезананд, ки ё кина доранд, ё огоҳ нестанд ва ё Сарқонунро намедонад. Умедвор будем, ки дар ҳамон мулоқот президенти Тоҷикистон ҳамчун кафили Сарқонун посух медиҳанд, ки пешниҳод ғайриқонунӣ аст ва ҳеҷ кас ҳаққи зидди Сарқонун сӯҳбат карданро надорад. Вале мо дидем, ки он ҷо Сарқонун химоят нашуд. Аз ҳизби мо не, лоақал аз Конститутсия бояд дифоъ мекарданд. Итминон пайдо мекардем, ки дар ҳама ҳолат президент кафили Конститутсия ҳастанд.
Аммо дар масъалаи номи ҳизб. Пас аз имзои Созишномаи сулҳ боре марҳум устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар Шӯрои сиёсӣ гуфтанд, ки аз ҳукумат тағйири номи ҳизбро талаб доранд, чун бархе кишварҳои минтақа бо ин ном розӣ нестанд ва метавонанд сари Тоҷикистон фишор оранд. Посух ба наҳзат ин буд, ки бояд тибқи Сарқонун ва Созишномаи сулҳ рафтор шавад ва гапи раҳбарони кишварҳои ҳамсоя меъёр набошад. Тоҷикистон давлати мустақил аст ва набояд сиёсатмадорони мо доим бо насиҳатҳои дигарон кор кунанд. Хулоса, оё фишори ҳамсояҳо ҷо дошт ё не, наҳзат аз рӯйи принсип номро ҳифз кард, зеро он маънои қабул кардани фишори бегонаҳоро дошт.
Баъдтар ин масъала дар дохили ҳизб борҳо баҳс шуд ва ман шахсан тарафдори тағйири ном будам он замон. Устоди марҳум ҳам дар як ҷаласаи наҳзат ибрози назар карданд, ки шояд фурсати тағйири номи ҳизб шудааст , вале чун ин масъала борҳо мавриди баҳси тарафҳо шуда буд ва яке аз талаботи Созишномаи сулҳ ҳам ҳаст, хуб мешавад, ки назари тарафи дигар ҳам гирифта шавад. Чанд вақт баъд, Устод гуфтанд, ки сӯҳбатҳое дар ин мавзӯъ кардаанд , мушаххас нагуфтанд бо ки, вале назари дӯстон дар ҳукумат ин аст, ки дигар зарурати тағйири ном нест. Баръакс, будани ҳизби сиёсӣ бо номи исломӣ ба нафъи давлату миллат аст, чун ягона далели демократӣ будани кишвар ва рушди гуногунандешии сиёсиву динӣ ҳамин номи шумо мебошад.
Ҳоло намедонам, ки боз сабаб шудааст, ки ин мавзӯъро доман мезананд. Як чиз мусаллам аст, ки наҳзат ин масъаларо кори дохилии худ медонад ва танҳо тибқи Сарқонун ва тибқи иродаи аъзояш рафтор хоҳад кард. Дар ин шабу рӯз ва ояндаи наздик мо тасмими иваз кардани номро надорем ва зарурат ҳам нест.

Озодӣ: Як соли ахир шояд аз шумо зиёд пурсида бошанд, ки ба баста шудани ҳизб чӣ назар доред. Ҳоло агар ҳукумат танҳо тағйири номро мехоҳад, беҳтар аз бастан нест? Чун пешниҳоде, ки ба раисҷумҳур дар мулоқот бо рӯҳониён буд, тасодуфӣ набуд ва таври маълум, шояд аз пеш тарҳрезишуда ҳам бошад…

Муҳиддин Кабирӣ: Наҳзати исломиро бо ҳамин ном дар тамоми ҷаҳон ва дохили кишвар мешиносанд. Ҳама одат кардаанд бо ин ном. Агар ба касе маъқул нест, ин мушкили шахсии ӯст, агар ба ақидаи ӯ рост намегирад, ақидаашро иваз намояд, ақлу мағз ва ҷаҳонбинии худро тағйир диҳад, ислоҳ кунад, аммо наҳзат ба ҳамин ном мемонад. Масъалаи бастани ҲНИТ низ дар ҷое матраҳ нест. Агар беақлӣ кунанд, ҳамон ду саҳифа ҳуҷҷат,иҷозатнома аз вазорати адлияро аз мо мегиранд. Аммо бо 40 ҳазор узву садҳо ҳазор ҷонибдори мо чӣ кор хоҳанд кард? Ин ҳамаро бо як имзо наметавон аз байн бурд. Умуман, ҳеҷ гоҳ ин масъаларо ҷиддӣ ҳисоб накардаам. Ҳатто агар пагоҳ бигӯянд, ки ҳизбатонро бастаем, нигарон нестам, чун дар олами муосир ҳизбҳо танҳо яке аз василаҳои фаъолияти сиёсӣ ва ширкат дар равандҳои ҷамъиятӣ мебошанд, на ҳамаи василаҳо. Дар оянда василаи асосӣ ҳам нахоҳанд буд, ки зиёд нигарон бошем.

Озодӣ: Ҷаноби Кабирӣ, аксаран мегӯянд, ки як нерӯи исломӣ ё як шахсияти исломӣ ҳоло наметавонад дар Тоҷикистон ба қудрат расад. Агар чунин аст, пас кӯшишҳои шумову ҳизбатон ба кадом хотир аст?


Муҳиддин Кабирӣ: Агар ҳадафи ҲНИТ қудрат мебуд, роҳҳои дигари расидан ба он вуҷуд дорад. Масалан, роҳи осонтарин пайвастан бо ҳизби ҳоким ва ҳамкорӣ бо он, чуноне ки аксарият карданд ва ба ҳадаф расиданд. Чун ҳадафи онҳо танҳо кудрат аст. Аммо ҲНИТ барои арзишҳо ва ҳадафҳояш мекӯшад. Ҳадафи мо як ҷомиаи озоду демократист, ки ҳама арзишхои умумиинсонӣ, аз ҷумла арзишҳои исломӣ эҳтиром шаванд. Мо аз ҳар нерӯе, ки ин ҳадафро пиёда мекунад, ҷонибдорӣ мекунем, бидуни расидан ба қудрат. Аммо агар чунин нерӯе нест, ки ормонҳои моро бароварда кунад, пас худ барои расидан ба қудрат ва пиёда кардани онҳо талош мекунем. Бинобар ин, кудратро яке аз василахои хифзи арзишхо ва ҳуқуқ медонем, на бештар аз он.
Дар бораи роҳбари исломӣ. Кӣ мегӯяд, ки як шахсияти исломӣ ба қудрат расида наметавонад? Дар ҷаҳони имрӯз нерӯҳои исломӣ ҳам ба қудрат расида истодаанд ва мисли дигарон боз аз кудрат мераванд. Касе ба таври доимӣ аз қудрат маҳрум буда наметавонад ва касе ҳам дар қудрат доимӣ нест. Албатта, осон нест, чун тамоми рақибони Ислом дар дохилу хориҷ алайҳи нерӯҳои исломӣ саф кашидаанд. Тибқи омор, 1 дарсади амалҳои террористӣ дар ҷаҳонро мусалмонҳо анҷом медиҳанд, аммо таблиғот чунон қавист, ки гӯё 99 дарсади террористхо мусулмонҳо ҳастанд. Ин таблиғоти густардаи зиддиисломӣ дар зехни мусалмонон эҳсоси худкамбинӣ( комплекс непольноценности)-ро ба вучуд овардааст, ки ҳатто мусалмонон талош мекунанд, аз ҳар чизи ба Ислом рабтдошта худро канор бигиранд. Ҳатто як исломии демократ ва мӯътадил будан душвор аст, чӣ монад ба қудрат расидан? Аммо ин чиз имконпазир ҳаст.

Озодӣ: Шумо зиёд ба Маскав сафар мекунед, тавре мегӯянд, мисли моку рафта меоед. Рақибонатон мегӯянд, ки ин ба хотири ба даст овардани пуштибонии Маскав аст. Оё чунин аст?

Муҳиддин Кабирӣ: Бубинед, тайи як соли ахир ҳамагӣ ду маротиба ба Русия сафар доштам. Оё барои вакили парлумон, раиси як ҳизб, нафаре, ки ду хоҳараш дар Маскав зиндагӣ мекунанд ва даҳҳо хешованд дар он ҷо дорад, ин ду сафар кофист? Беш аз як миллион муҳоҷири меҳнатӣ дорем, магар ду сафар барои як раиси ҳизби сиёсӣ ба ин кишвар кам нест? Бояд ҳадди ақал ҳар моҳ онҷо сафаре дошта бошем, вале медонем, ки чунин зеҳниятсозиҳо вуҷуд дорад. Табиати ғуломии мо боис гаштааст, ки дигар ба худ бовар надорем ва фикр мекунем, ки қазияи мо дар дигар ҷо ҳал мешавад. Аҷиб ин аст, ки ангушти ишора танҳо ба як тараф нишон дода мешавад, агар касе аз ҳизбҳои дигар, вакилон ё шахсиятҳои дигар чи коре кунанд, ҳатто гоҳо ошкоро манфиатхои давлатро осон гузашт мекунанд, чунин зеҳниятсозӣ вуҷуд надорад.
Бо чунин бардоштҳои нохуб, соли гузашта ду маротиба, ҳамон ҳам бо даъвати расмӣ ба Русия сафар доштам, он ҳам дурӯзӣ. Биёед, муқоиса намоем, дигар вакилони парлумон ва ҳар раиси ҳизби дигарро бинед, ки чанд маротиба ба Русия сафар кардааст? Пештар мегуфтанд, ки ба ин ё он кишвар сафари зиёд мекунед, баъзеҳоро ҳассос кардааст, маълум мешавад, 1-2 сафари мо ҳам ҳассос мекардааст, пас чаро мулоҳиза дошта бошему барномаҳоямонро ба таъхир андозем? Шояд аз ин ба баъд, дигар мулоҳиза накунем ва бештар биравем. Рафтем, аммо баъд чӣ? Амрикову Туркияву Эрону Аврупо рафтаем ва хоҳем рафт. Набояд то ин ҳад бадгумон буд.
Мавқеи мо дар бораи рафтуомадҳо чунин аст: сарнавишти ояндаи Тоҷикистон дар Душанбе ҳал мешавад, на дар Маскаву Теҳрон ва Вашингтону Тошканд. Агар бо Маскав рафтанҳо масъалаҳо ҳал мешуданд, президент Раҳмон чанд маротиба дар як соли охир Маскав рафт ва ҳатто Путин ба Душанбе омад. Аммо масъалаҳо боқӣ монданд. Бояд ба худ эътимод пайдо кард ва ба ин натиҷа расид, ки тақдири мо дар дасти худамон аст, на дар дасти дигарон. Ман шахсан ба ин эътиқод дорам.

Озодӣ: Бархе сиёсатмадорону коршиносони мо ҳам ин андешаро доранд, ки сарнавишти интихоботҳои мо дар Маскав ҳал мешавад…

Муҳиддин Кабирӣ: Онҳо андешаи мустақил надоранд. Онҳо мехоҳанд, ки Тоҷикистон дастнигари кишвари пурқудраттаре бошад ва тасмимҳо он ҷо гирифта шавад. Ман ба ин андеша розӣ нестам. Ҳар касе ин таблиғотро мебарад, худ ғуломтабиат аст ва дигаронро низ чунин тасаввур мекунад.

Озодӣ: Дар бораи телевизиони «Сафо» мегӯянд, ки аз наҳзат аст ва барои таблиғоташ дар интихоботи президентӣ истифода хоҳад шуд. Дар ин маврид чӣ метавонед гӯед?

Муҳиддин Кабирӣ: Наҳзат зарурате барои таъсиси шабака дар хориҷ надорад, дар сурате ки ин имконият дар дохил бошад. Мо муроҷиат карда будем, Кумитаи радио ва телевизион ҳуҷҷатҳоро барои такмил кардан пас дод. Таҷҳизоти минималии телевизиони мо омода аст. Рӯзҳои наздик ба Кумита маълумот дар бораи ин таҷҳизот ва мушаххасоти кормандонашро низ пешниҳод мекунем. Аз ҳама муҳим, ба мо то ҳол «не» нагуфтаанд. Ва бовар дорем, ки не намегӯянд, зеро ба нафъи ҳукумат ҳам хаст, ки шабакаи мо таъсис шавад ва барномаҳояш мутобиқ ба қонунҳову фарҳанги сиӣсии мавҷуд бошанд.
Дар бораи «Сафо». Ин телевизион ба мо ҳеҷ рабте надорад. Агар медошт, мо инро намепӯшидем ва чаро пӯшем, чун кори ғайриқонунӣ нест. Аз кай боз таъсиси шабака кори ғайриқонунӣ шудааст, ки онро пинҳон кунем?

Озодӣ: Дар сӯҳбате дар Афғонистон изҳор доштед, ки ба шартҳои муайян аз Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентӣ ҷонибдорӣ мекунед. Метавонед дар ин бора рӯшантар сӯҳбат кунед?

Муҳиддин Кабирӣ: Ин гапи нав нест. Ҳанӯз охири соли 2012 мо ин изҳоротро додем, он вақт расонаҳо таваҷҷӯҳ накарданд, ки эҳтимоли ҷонибдорӣ аз номзади ҳизби ҳоким вучуд дорад, агар ӯ ба тааҳудоти Созишномаи сулҳ ҳанӯз пойбанд бошад. Сухан сари тақсими қудрати 30-фоиза намерафт, масъалаи асосӣ , ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми якдигар, озодиҳои сиёсиву динӣ ва матбуотӣ риоя шавад. Муҳим ки мо якдигарро кабул дошта бошем, ҳамон тавре ки даст додему гуфтем, ки ин ватан ватани ҳама аст. Дар ин сурат, эҳтимол дорад, ки ҲНИТ аз номзади ҲХДТ ҷонибдорӣ кунад. Аммо агар ин қабул намешуд, мо ду варианти дигар доштем, ки ҳоло дар даст дорем, яъне пуштибонӣ аз номзади ягонаи мухолифин ваё номзади худи ҲНИТ.
Мо то рӯзи Иди ваҳдат мунтазири посух будем. Аммо баръакс дидем, ки паёмҳои дигаре омаданд, фишорҳо сари мо зиёд шуд. Аммо аз ҳама муҳим ин аст, ки даъватҳои мо ба муколама аз сӯи ҳукумат ҳамчун заъф қабул шуд. Аз ин хотир, мо ҳоло сари ду варианти дигар андеша дорем, яъне аз номзади ягона пуштибонӣ кардан ва ё бо номзади ҳизб дар интихобот ширкат хоҳем кард.

Озодӣ: Шумо ҳамеша бар ин ҳастед, ки аз номзади ягона пуштибонӣ хоҳед кард ва номзадии худро пешниҳод намекунед. Агар ҳамин номзади ягона Шуморо интихоб кунанд? Воқеан бо ин зарфиятҳое, ки доред, чаро худи Шумо номзад набошед?

Муҳиддин Кабирӣ: Ин андешаи як гурӯҳ аст, ки мо чунин зарфиятро дорем, андешаи тамоми Тоҷикистон нест. Мутмаинан мегӯям, ки ҳоло дар Тоҷикистон нафаре нест, ки ҳадди ақал 50 дарсади раъйи мардумро ба даст оварда тавонад. Чӣ дар ҳукумат, чӣ дар оппозисиюн. Дуруст аст, ҳар кас пайраву мухлиси худро каму зиёд дорад, вале шахсияти мақбули аксарият ҳоло вуҷуд надорад. Аммо мо вазъи кишвару минтақаро ба назар мегирем. Чун гуфтем, арзишҳо барои мо муҳим аст, кишвари озоду демократӣ будани Тоҷикистон бароямон аҳамияти бештар дорад, хуб мебуд, ки мо аз номзади дунявии мӯътадил ҷонибдорӣ кунем. Ин ба он маъност, ки ҳизб намехоҳад дар Тоҷикистон танҳо бошад ва танҳо хостаҳои худро пиёда кунаду дигар нерӯҳо дар канор монанд. Шарт нест, ки шахсан банда номзад бошам. Аммо мегӯям, агар номзаде ҷавобгӯи меъёрҳои мо пайдо нашавад, барои наҳзат воҷиб аст, ки номзади худро пешниҳод кунад. Ҳатто дар ин ҳолат ҳам талош мекунам, ки худ номзад набошам.

Озодӣ: Дар бораи ҳамкориҳои ҲНИТ бо аҳзобу созмонҳои дигар мухолифин ин нуктаро низ зикр мекунанд, ки ҳар касе бо ҳизби Шумо шуд, ба қавле, «қабри худро канд». Яъне онҳоро ҳам исломӣ хоҳанд гуфт ва шанси бурдашон аз байн меравад, чун номзади ҲНИТ ҳастанд?

Муҳиддин Кабирӣ: Номзади ҲНИТ будан чӣ бадӣ дорад, вақте бо эътирофи коршиносону расонаҳои мустақил ҳизб дар интихоботи парлумонии соли 2010 аксарияти ороро гирифта буд? Мо ҳам миёни мардум меравем ва новобаста аз таблиғоте, ки алайҳи мо мешавад, мардум моро хуш қабал мекунанд, наметарсанд. Мо боварӣ дорем, дар ҳам
а гуна интихобот номзаде, ки мо – ҲНИТ- ҷонибдорӣ мекунем, пирӯз мешавад, албатта, агар интихоботи шаффоф бошад. Шумо фикр мекунед, инро дигарон намедонанд? Маҳз ҳамин сабаб шудааст, ки моро таҳти фишорҳо қарор диҳанд. Агар заъиф мебудем ва мардум моро эҳтиром намекард, фишор ҳам лозим буд.

Озодӣ: Ояндаи Тоҷикистонро чӣ тур мебинед? Мегӯянд, як соли «вазнин»- у номуайян аст, интихоботи президентӣ аст, ки ба қавле, шояд ором нагузарад. Шумо чӣ назар доред?

Муҳиддин Кабирӣ: Ояндаи кишварамонро нек мебинам. Чанд соли оянда душвор хохад буд, танҳо бо сабаби интихобот не. Дар умум вазнин мешавад ва интихоботҳо равандҳоро каме гармтар мекунанд. Минтақаи мо дар ҳолати гузариш қарор дорад, ин марҳала осон нахоҳад буд. Гурӯҳҳое, ки имрӯз ҳокимият доранд, тамоми кӯшишро мекунанд, ки онро ҳифз кунанд, ба ҳар қимате ки бошад ва бо ҳар роҳе. Дар ҳама ҷумҳуриҳо вазъ ҳамин аст. Дар кишвари мо каме равшантар ҳис мешавад, аз ҷумла асабонияти ҳукумат бештар шудааст. Дар ҳолати асабоният ва тарси рафтан аз ҳукумат мумкин аст иштибоҳҳои ҷиддӣ содир кунанд, чуноне ки алакай карда истодаанд. Онҳое, ки бояд миллатро дар чунин лаҳзаи ҳассос ба тарафи оромӣ ҳидоят кунанд, худ бо рафтору гуфторҳои ноҷо сабаби нооромӣ метавонанд шавад. Ин хеле хатарнок аст, вақте инсони қудратдор иштибоҳ мекунад. Касе нест ки ӯро ислоҳ кунад. Хатари ин марҳала ҳам дар ҳамин аст. Бояд нагузорем, ки марҳалаи гузариш ба мусибат табдил шавад. Агар ин марҳаларо гузаштем, Тоҷикистонро ояндаи хубе дар пеш аст.
XS
SM
MD
LG