Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза беш аз 200 нафар кушта шудаанд


Ғазза. 18 март, 2025. Акс аз хабаргузории "Рейтерз".
Ғазза. 18 март, 2025. Акс аз хабаргузории "Рейтерз".

Бар асари ҳамлаҳои густурдаи артиши Исроил дар субҳи 18-уми март ба минтақаҳои гуногуни Ғазза беш аз 200 нафар кушта шудаанд.

Исроил эълон кард, ки пас аз он, ки дар музокирот бо гурӯҳи "Ҳамос" барои озодии гаравгонҳо пешравие ҳосил нашуд, даст ба чунин ҳамла задааст. Гурӯҳи "Ҳамос", ки Амрико ва Иттиҳоди Аврупо онро созмони террористӣ медонанд, хостори тазоҳурот дар саросари ҷаҳон алайҳи Исроил шуд.

Ин ҳамлаҳои ҳавоӣ, ки "сангинтарин ҳамлаҳо аз замони оғози оташбас" гуфта шудааст, субҳи 18 март анҷом шуд ва ба гуфтаи артиши Исроил, пойгоҳҳои "Ҳамос" ва шуморе аз фармондеҳони ин гурӯҳ ҳадаф қарор гирифтанд.

Хабаргузориҳои "Рейтерз" ва "Ассошиэйтед пресс" ба нақл аз масъулини бемористонҳо дар Ғазза гузориш доданд, ки шумори қурбониён дар саросари Навори Ғазза ба зиёда аз 200 кушта расидааст.

Дафтари Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил эълон кард, ки ӯ ва вазири дифои ин кишвар ба артиш дастур доданд, то ба "Ҳамос" ҳамла кунад. Ин баёнияи артиши Исроил, сабаби ин ҳамларо мухолифати "Ҳамос" ба ҳама пешниҳодҳои Стив Виткофф, намояндаи вижаи раиси ҷумҳури Амрико ва миёнаравҳо, гуфтааст.

Дар ҳамин ҳол, сухангӯи Кохи Сафед эълон кард, ки Исроил 17 март дар бораи ин ҳамла бо Амрико машварат карда буд. Раиси ҷумҳури Амрико пештар ҳушдор дода буд, ки гурӯҳи "Ҳамос" бояд гаравгонҳоро озод кунад.

Аз 251 гаравгоне, ки дар ҷараёни ҳамлаи 7 октябри соли 2023 "Ҳамос" ба Ғазза бурд, ҳанӯз 58 нафар (ки ба гуфтаи артиши Исроил 36 тан аз онҳо кушта шудаанд), дар Ғазза нигаҳдорӣ мешаванд.

Аз сӯи дигар, гурӯҳи "Ҳамос" бо нашри баёнияе, ҳамлаҳои Исроилро маҳкум кард ва гуфт, ки ин иқдом сарнавишти гаравгонҳоро ба хатар андохтааст. Мақомҳои "Ҳамос" ҳукумати Исроиро ба нақзи якҷонибаи оташбас муттаҳам кардаанд.

Марҳилаи аввали оташбас 19 январи имсол оғоз ёфт ва 1 март ба поён расид. Тайи рӯзҳои гузашта гуфтугӯҳо барои дароз кардани марҳилаи аввал ё расидан ба созише барои иҷрои марҳилаи дувум бенатиҷа монд.

Ҷанги Ғазза, ки 7-уми октябри соли 2023 оғоз шуд, 15 моҳ давом кард. Дар ин рӯз "Ҳамос" ба Исроил ҳамла кард ва 1200 нафарро кушт ва 251 каси дигарро ба гарав бурд.

Дар ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза беш аз 48 ҳазор нафар кушта шуданд, ки аксари онҳо занон ва кӯдакон мебошанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG