Мақомоти Русия дар ин муддат ба ҷуз иқрори чор тоҷикистонӣ, ки ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ зери шиканҷа ба даст омадааст, далели дигаре пешниҳод накарданд. Радиои Озодӣ ба он чи давоми ҳафт моҳ гузашт, мурур кард.
Ҳамла ба “Крокус” чӣ гуна рух дод?
Мақомоти Русия гуфтанд, гурӯҳе иборат аз чаҳор нафар шаби 22-юми март ба толори консертии "Крокус" ҳамла карданд. Ба нақли онҳо, ҳамлаварон бо мошини “Рено” ба назди "Крокус" омада, ба толор даромаданд ва ба тирпаронӣ сар карданд. Сипас чанд ҷойи толорро оташ заданд. Аз тирандозӣ ва сӯхтор 144 нафар кушта шуд. Ҳамаи ин дар 18 дақиқа сурат гирифт ва ҳамлаварон бо ҳамин мошини худ аз ҷойи ҳодиса рафтаанд.
Ҳодиса қарибии соати 20 рух дод ва Кумитаи тафтишоти Русия субҳи 23-юми март аз боздошти 11 муттаҳам хабар дод. Аз ҷумла, чор гумонбари асосӣ дар фосилаи 370 километр аз ҷойи ҳодиса, дар вилояти Брянск, боздошт шудаанд. Мақомоти Русия гуфтанд, ҳамлаварон ният доштанд, ки ба Украина гузаранд.
Бархе, аз ҷумла Алекс Кокчаров, аз созмони S&P Global Market Intelligence ин ҳаракати гумонзадҳоро зери шубҳа мебарад: “Марз бо Украина ҳоло хати пеши ҷанг аст. Аз минтақаи Брянск ба Украина ягон гузаргоҳ нест. Марз пур аз низомӣ аст. Ин ҷо низомиёни мусаллаҳи рус ва нерӯҳои ФСБ хеле зиёданд.”
Чаро нишондодҳо чанд бор тағйир ёфт?
Бо гузашти 7 моҳ далели асосии мақомоти Русия иқрори чаҳор зодаи Тоҷикистон аст. Иқроре, ки чанд дафъа тағйир ёфт. Муҳаммадсобир Файзов, Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода ва Фаридуни Шамсиддин дар аввал гуфтанд, ки барои ҳамла ба “Крокус” ба онҳо 500 ҳазор рубл ваъда шуда буд. Баъди ду ҳафта ин маблағ ба 4 миллион рубл расид.
Фаридуни Шамсиддин дар лаҳзаи аввали боздошт гуфт, ки дастури ҳамла ба “Крокус”-ро аз ёвари як рӯҳонӣ дар Телеграм гирифтааст ва номи ин одамро намедонад. Гумонбарон дар рӯзи аввали дастгир шудан аз Украина ном набурданд. Пас аз ду ҳафта дар бозпурсие, ки шабакаҳои давлатии Русия нашр карданд, чаҳор зодаи Тоҷикистон батакрор аз шахсе бо номи “Сайфулло” ном гирифтанд, ки гуё онҳоро ба Украина даъват кардааст.
Давоми бештар аз ним сол мурофиа барои дароз кардани муҳлати ҳабси пешакӣ ягона маконе буд, ки гумонбаронро мешуд дид. Ҳамаи ин мурофиаҳо паси дарҳои баста гузаштанд ва хабарнигорон имкони суолу ҷавобро бо гумонбарон ва додрасҳо надоштанд.
Далелҳо чӣ ҳастанд?
Ба ғайр аз иқрори зери шиканҷа, ин далелҳо алайҳи чор зодаи Тоҷикистон расонаӣ шудаанд:
Дар наворе, ки гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ё ДОИШ нашр кард, ҳамлаварон ба тоҷикӣ суҳбат мекунанд. Бо вуҷуди он ки ин гурӯҳ масъулияти ҳамларо ба "Крокус" ба уҳда гирифт, мақомоти Русия ангушти иттиҳомро ба сӯи Украина дароз карданд. Киев даст доштанашро дар ин ҳодиса рад кард.
Пойгоҳи The Insider навишт, ки либоси ду ҳамлавар ба либоси афроде, ки боздошт шудаанд, монанд аст. Радиои Озодӣ мустақилона инро тасдиқ карда наметавонад.
Чӣ гумонҳо бе посух монд?
Руслан Қурбонов, як таҳлилгари рус мегӯяд, боздоштшудаҳо ва иҷрогарон ба ҳам монанд нестанд.
"Ин тоҷикон ба касоне, ки дар видео одамонро ваҳшиёна мекуштанд, монандӣ надоранд. Касоне, ки одамонро мепаронанд, тануманд ҳастанд, ки бо боварӣ дар даст яроқ доранд. Ин гуна яроқ то ҳол дар бозори сиёҳ нест," -- афзуд ин таҳлилгар.
Рӯзноманигор Анвар Дергач низ мегӯяд, силоҳи онҳо дар бозори сиёҳ нест.
Би-би-си навишт, аз пойгоҳи Горди миллии Русия, ки дар фосилаи 3 километр аз "Крокус" ҷойгир аст, ҳатто пойи пиёда метавонистанд, дар 15 дақиқа расанд. Аммо аввалин нерӯҳои интизомӣ соати 20:30, яъне тақрибан 40 дақиқа баъд аз ҳодиса расиданд. Нерӯҳои вижа танҳо баъди як соат ба ҷойи ҳодиса омаданд.
Алишер Илҳомов, таҳлилгар аз Лондон, гуфт, "танҳо хеле бояд террористи аблаҳ буд, ки ба ҷойи пинҳон шудан дар макони наздике роҳи дарозро барои фирор интихоб кунӣ."
Чаро навори дурбинҳо нашр нашуд?
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ суол мегузоранд, ки чаро на он вақт ва на ҳоло навори дурбинҳои толори “Крокус” нашр нашудаанд? Ба шабакаҳои иҷтимоӣ танҳо наворҳое роҳ ёфтаанд, ки бо телефони мобилӣ сабт шудаанд. Чеҳраи ҳамлаварон дар ин наворҳо хуб дида намешавад.
Иззатулло Дадобоев, муфаттиши собиқи Раёсати корҳои дохилии Душанбе, мегӯяд, наворҳоро барои он фош накарданд, ки "шояд дар куҷое ягон сари нахе аст, ки ба шахсони идоракунанда мерасад."
Муаззама Қодирова, вакили мудофеъ, мегӯяд, ҳуқуқи гумонбарони ҳамла ба "Крокус" "аз лаҳзаи аввали дастгиршавӣ поймол карда шуд. Ин барои ягон кас пинҳон набуд."
Шиканҷае, ки беҷазо монд
Шубҳаи асосӣ дар ин қазия иқрори зери шиканҷа буд. Дар вақти боздошт як гӯши Саидакрам Раҷабализодаро буриданд. Шамсидини Фаридунро бо гузоштани барқ дар олоти мардиаш шиканҷа карданд. Муҳаммадсобир Файзовро дар ҳоле ба додгоҳ оварда буданд, ки беҳуш ва дар аробаи маъюбӣ буд. Далерҷон Мирзоев ҳам дар додгоҳ беҳолу сардаргум ба назар мерасид. Дар сару рӯяш осори латукӯб дошт ва дар гарданаш боқимондаи халтаи селофанӣ овезон буд.
Шиканҷа дидани боздоштшудагон таҳқиқ нашуд ва касе ҳам ҷазо нагирифт.
Созмони Дидбони ҳуқуқи башар (HRW) як ҳафта баъди ҳодисаи “Крокус” шиканҷаи гумонбаронро маҳкум карда, гуфт, “ҳеч чиз, ҳатто қатли мудҳиш шиканҷаро сафед ё қонунӣ намекунад”. Ин созмон гуфт, боздошти гумонбаршудагон намоишкорона буд, аммо муҳокима дар додгоҳ махфӣ ва пӯшида ҷараён гирифт.
Муаззама Қодирова, вакили дифоъ ба Радиои Озодӣ гуфт, ба ғайр аз шиканҷа, гумонбарон вакили дифоъ надоштанд.
Давоми 7 моҳ наздикони гумонбарони ҳамла ба “Крокус” дар бораи онҳо фақат аз расонаҳо маълумот мегиранд. Гулракат Мирзоева, модари Далерҷон Мирзоев, рӯзи 9-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, “мехоҳам ҳамроҳи фарзандам як бор гап занам, ки зиндааст ё мурда, лекин намемонанд."
Гузориши видеоӣ дар ин ҷост:
"Бигзор донанд, ки мо бегуноҳем"
Бо гумони ҳамла ба “Крокус” зиёда аз 20 кас боздошт шудааст. Ҳадди ақал 14 нафари онҳо зодагони Тоҷикистон ҳастанд. Баъзе аз онҳо, аз ҷумла Исроил Исломов ва ду писараш аз қарори ҳабси худ шикоят карданд. Дархости онҳо рад шуд.
Моҳи август Алишер Қосимов, яке аз гумонздаҳо, ки шаҳрванди Қирғизистон аст, дар додгоҳ фарёд зад, ки хабарнигоронро берун накунед, “бигзор бидонанд, ки мо бегуноҳем”.
Як ҳодиса дар боздоштгоҳ, иддаоҳоро дар бораи ифротгарои исломӣ будани баъзе аз ин шахсон зери суол бурд. Расонаҳои Русия 17-уми июл навиштанд, ки Далерҷон Мирзоев ҳангоми гуфтугӯ бо посбони зиндон, ки мусалмон будааст, "дини исломро сахт танқид кардааст” ва ин баҳс бо занозанӣ анҷомид.
Бо вуҷуди то ин дам исбот нашудани гуноҳи зодагони Тоҷикистон дар ҳамла ба “Крокус”, мақомоти Русия баъди ин ҳодиса қонунҳои муҳоҷиратро сахттар карданд. Дар нимаи аввали соли равон қариб 86 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ аз Русия ронда шуданд. Дар Душанбе тасдиқ карданд, ки тақрибан бист ҳазор нафари онҳо тоҷикистонӣ ҳастанд.
Бархе ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, дар ин қазия набояд интизори муъҷиза буд. Вакили дифоъ Муаззама Қодирова пешбинӣ мекунад, ки мурофиаи гумонбарони ҳамла ба “Крокус” паси дарҳои баста мегузарад. “Адвокатҳо умуман иштирок намекунанд ё вакилони дифои кисагӣ ширкат мекунанд. Ягон беҳбудиро намебинам,” – афзуд ӯ.
Тафтиши парвандаи ҳамла ба “Крокус” идома дорад ва маълум нест кай мақомоти Русия далелҳои раднашавандаи ширкати тоҷикистониҳоро расонаӣ хоҳанд кард?