Пол Гобл, мутахассиси умури байнулмилал ва дар гузашта корманди Вазорати корҳои хориҷии Амрико, дар пойгоҳи "The Jamestown Foundation" бо таваҷҷуҳ ба пуштгардонии Ереван аз Русия навишт, "Маскав нигарон аст, ки пойгоҳҳои низомии худро дар Арманистону Тоҷикистон аз даст медиҳад".
Ин таҳлилгар бо таъкид ба изҳори назари баъзе аз коршиносони амниятии Русия гуфт, Душанбе аз муносибати Маскав бо муҳоҷирон "аз амалкарди арманиҳо илҳом гирифтааст" ва метавонад бастани пойгоҳро талаб кунад.
Ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон, яке аз мавзуъҳои ҳассос дар равобити ду кишвар аст. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар сафараш ба Русия дар аввали моҳи май гуфт, "Русия пойгоҳи низомии аз ҳама бузургтарини берун аз марзи худро маҳз дар Тоҷикистон дорад. Дар давоми ин қадар солҳо мо мавқеи худро дигар накардем ва тасмим надорем, ки дигар кунем."
Генерали бознишаста ва яке аз ташаббускорони қатъи ҳузури марзбонони Русия дар Тоҷикистон дар солҳои 2000-ум, Нуралишо Назаров, мегӯяд, ҳанӯз фурсати чунин пешниҳод нарасидааст.
"Агар вазъият тамоман муташанниҷ шавад, мумкин аст, Тоҷикистон пешниҳод кунад. Аммо ин ҳодисае, ки дар Маскав шуд, террор аст. Хуб, пеши роҳашро гирифтан бисёр мушкил. Барои ҳамин, аз эҳтимол дур аст, ба фикрам, мо ин хел пешниҳод карда наметавонем ба Русия," – афзуд ӯ.
Бори аввал нест, ки бархӯрд ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия масъалаи посухи баробарвазнро дар миён мегузорад. Баъзе аз коршиносон шубҳа доранд, ки Тоҷикистон метавонад омили муҳимми амнияту суботашро ба абзори фишор ё муомила табдил диҳад.
Шералӣ Ризоён, коршиноси равобити байнулмилал, мегӯяд, "Тоҷикистон ба ҳеч ваҷҳ манфиатҳои миллии худро қурбони хостҳои қудратҳои берунӣ карданӣ нест. Ҳам ба унвони фишанг ва ҳам ба унвони то як андозае маҳдудият, албатта, маҳдудият дар нохунак. Ягона роҳи дуруст танҳо сиёсати бисёрсамтӣ метавонад бошад, чунки нигоҳ доштани тавозун ва нигоҳ доштани дарҳои боз барои ҳамаи қудратҳо ниҳоят муҳим аст."
Ҳарчанд Ризоён ба бозӣ гирифтани ҳузури пойгоҳи низомиро дар муносибатҳои ду кишвар ривоятсозии кишварҳое медонад, ки бо Русия мушкил доранд, як сиёсатмадори тоҷик мегӯяд, фишангҳои эҷоди тавозун бо Русия кам нестанд. Аз назари Шокирҷон Ҳакимов, муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, барои истифодаи онҳо ба ҳукумат зарур аст, ки дар дохил пуштибонӣ ва заминаҳои иҷтимоиву сиёсии қавӣ дошта бошад.
"Мо медонем, ки пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ҳаст ва имтиёзҳои зиёд дорад. Пойгоҳи кайҳонӣ дар Норак воқеъ аст, ки ними дунёро ба воситаи он Русия таҳти назари худ нигаҳ медорад ва фишангҳои дигар низ ҳаст. Дар ҳолати зарурӣ Тоҷикистон метавонад аз ин фишангҳо истифода барад. Бархӯрди манфиатҳои доираҳои муайян, ки мехоҳанд буданашонро дар қудрат дароз кунанд ва аз манфиатҳои ҳукуматӣ истифода баранд, аз ҷумла аз сарватҳои зеризаминиву табиӣ, ивази авлавиятҳо дар сиёсати хориҷӣ пайдо мешавад. Ин ҷо аз иродаи сиёсии раисҷумҳури Тоҷикистон бештар бастагӣ дорад," – шарҳ дод ӯ.
Видеоро дар инҷо бинед:
Тоҷикистон чун як кишвари беруномада аз Иттиҳоди Шӯравии собиқ равобити наздике бо Русия дорад ва ду кишвар якдигарро шарикони стратегӣ медонанд. Русия худро нерӯе мешуморад, ки ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистонро пас аз ҷанги шаҳрвандӣ сари қудрат овард ва сулҳи байни тарафҳоро ҳимоят кард.
Дар солҳои гуногун масъалаи ҳузур ва тамдиди пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон, ки тибқи омори пешина 7 ҳазор сарбозу афсар дорад, ҳамеша чархишҳоеро дар муносибатҳои ду давлат ба бор овардааст. Аз ҷумла, соли 2012, ки саранҷом Тоҷикистон барои 49 соли дигар ҳузури ин пойгоҳро барои Русия муҳим ройгон тамдид кард.
Ҳоло ҳазорон нафар аз тоҷикон Русияро маконе медонанд, ки хонаводаҳои тоҷик аз он ҷо ризқу рӯзӣ меёбанд. Аммо пас аз ҳодисаи ҳамла ба толори консертии "Крокус", фишор ба муҳоҷирини тоҷик дар Русия зиёд шуд, ки дилсардиҳоеро ба миён овард.