Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Риши суннатӣ ва риши "сиёсӣ". Фарқ аз куҷо то куҷост?


Мардоне, ки мӯйлабҳои покиза тарошида ва риши панҷашакли бетартиби парешон доранд, бештар шубҳаи мақомотро ба бор меоранд.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон гурӯҳе аз ришдоронро афроди шубҳанок унвон намуда, дар аксар маврид онҳоро бозҷӯӣ мекунанд. Мардоне, ки мӯйлабҳои покиза тарошида ва риши панҷашакли бетартиби парешон доранд, шубҳаи мақомотро бештар ба бор меоранд.

Усмон Акбаров, ҷавони 28-солаи тоҷик аз ҷумлаи он ҷавононест, ки бо чунин навъи риши худ шубҳаи мақомотро ба бор овардааст. Дар як соли охир се бор риши ӯро тарошидаанд. Ҳарчанд, мақомот ин навъи ришро сиёсӣ ва пайравӣ аз гурӯҳи мамнӯи Салафия медонанд, вале Усмон мегӯяд, ки ӯ ба хотири риояи суннати пайғамбар чунин риш мегузорад.

“Сари фармони мошин будам. Кормандони бозрасии давлатии автомобилӣ маро манъ карда гуфтанд, ки ту риш дорӣ. Ҳуҷҷатҳоямро гирифта, ба шуъбаи корҳои дохилӣ бурданд. Аксу баёнотамро гирифтанд. Ришамро дар умрам натарошида будам, аммо баланд набуд. Гуфтам, ягон қонун нест дар ин бора, чаро ришамро метарошед. Аммо бурда дар сартарошхона маҷбуран ришамро покиза тарошиданд. Баъд ҳуҷҷатҳоямро доданд,” – нақл кард ӯ.

Риши мавриди шубҳаи мақомот кадом аст?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:41 0:00

Давоми ду соли охир мардҳои ришдор бештар аз солҳои гузашта мавриди шубҳаи мақомоти интизомӣ ва пурсишу санҷиш қарор доштанд. Манобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегуянд, афроде, ки ришҳои шубҳанок доранд, таҳти назорат гирифта мешаванд. Ба бовари ин манобеъ, аксари онҳое, ки ба шеваҳои ғайримаъмулӣ риш мегузоранд, ақидаҳои ифротгароёна доранд.

Як ҳамсӯҳбати мо аз ВКД гуфт, назорати чандмоҳа аз болои онҳое, ки риши ғайримаъмулӣ доранд, нишон дод, ки бархе аз онҳо ақидаи гурӯҳҳои ифротиро пайгирӣ мекунанд. “Пурсишҳову назоратҳо нишон дод, ки онҳо на ба хотири дину имон, балки ба хотири пайравӣ аз гурӯҳҳои ифротӣ риш мегузоранд. Ҳангоми сӯҳбат маълум шуд, ки аксари онҳо одитарин дониши динӣ надоранд. Аз миёни ин афроди шубҳанок, ки ба таври ғайримаъмулӣ риш мегузоранд, пайравони равияҳои ифротӣ боздошт шуд. Аслан, мушкили мо бо риш нест, балки бо ақидаи ифротии онҳоест, ки дар ришашон зоҳир мешавад,” - гуфт ҳамсӯҳбати мо аз ВКД.

Дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе, онҳое, ки мисли гуфтаи манбаи мо аз ВКД риш мегузоштанд, аз сӯҳбат бо мо худдорӣ карданд. Аммо онҳое, ки ришҳои кӯтоҳ ва маъмулӣ доштанд, изҳор доштанд, ки воқеан, касе бо онҳо кор надорад.

Аҳрор, як ҷавони 26-сола, ки ба гуфти худаш 6 сол боз риш дорад, мегӯяд, то ҳол касе ӯро бо шубҳа бозпурсӣ накардааст. Ӯ бовар дорад, бархе ҷавонон на аз рӯи эътиқод, балки аз рӯи пайравӣ ба гурӯҳе риш мегузоранд.

“Ингуна шахсҳо худашон гунаҳкор ҳастанд. Дар ин ҷо бесабаб намешавад. Муддати 6 сол аст ки ман риш мондаам, ягон кас кордор нашудааст. Ришдорҳое, ки ба онҳо таваҷҷӯҳ мешавад, шояд аз рафтори ғалати худашон вобаста бошад. Мумкин кори ғалат ё қонуншиканӣ карда бошанд, ки онҳоро боздошт намудаанд. Дигар дар инҷо ягон гапи дигар буда наметавонад,” – афзуд ӯ.

Рӯҳониёни ислом ришро суннат ва гузоштани онро ҳатмӣ медонанд, аммо мегӯянд, тибқи мазҳаби ҳанафия меъёри он на бештар аз як мушт ҳаст. Онҳо ташхиси мансубият ба гуруҳҳои ифротӣ аз рӯи ришро номумкин медонанд. Ҷамолиддин Хомӯшов, сармутахасиси раёсати фатвои Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон гуфт: “Ақидаи инсонро аз рӯи чеҳрааш мушаххас кардан кори душвору сангин аст. Чунки ақида кори дил аст ва инсон метавонад, бе нишон додани симои зоҳирии худ ба кори ношоиста даст бизанад ва мақсади аслии худро аз мардум пинҳон дорад.”

Аммо бар хилофи ин, коршиносон ришро як рамзи эътироз ва нишони мансубият ба кадом як гурӯҳу равияҳо медонанд. Ба гуфтаи онҳо ришҳои ғаримаъмулӣ бештар сиёсианд, на суннатӣ.

Ёрмаҳмад Ниёзов, коршиноси тоҷик гуфт: “Эътирозҳо дар ҷомеаи демократӣ субкултура номида мешаванд, ки дар баробари фарҳанги маъмулӣ, як гурӯҳи ҷавонҳо мехоҳанд, як вокуниш, як назарҳои зидду нақизро ба вуҷуд биёранд. Риш дар ҷомеаи мо сабаби як навъ нишон додани эътироз ба назар гирифта шуд ва аз тарафи мақомоти қудратӣ ҳам ин пайгирӣ шуд, ки то чӣ андоза ҳамин метавонад, як омили хатарзо ва нооромкунанда дар ҷомеа бошад?”

Мақомоти интизомии Тоҷикистон аз тариқи иҷборӣ тарошидани риши сокинонро расман рад мекунанд, аммо назорат аз болои афродеро, ки риши шубҳанок доранд, кори маъмулӣ ва қонунии худ медонанд. Назорат аз болои афроди шубҳаноки ришдорро мақомот ҷузъе аз мубориза бо тундгароӣ ва ва таъмини суботу амният дар ҷомеа медонанд.

XS
SM
MD
LG