Баҳром Шарифзода, сардори Раёсати корҳои дохилии Хатлон ба Хатлон-пресс гуфтааст, дар нишасти хабарии ин ниҳод, ки рӯзи 19 январ баргузор шуд, ӯ на дар бораи гирифтани сатри занон ва риштарошии мардон дар минтақаи ҷанубии Тоҷикистон, балки дар бораи корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни сокинон сухан гуфтааст.
Расонаҳо рӯзи 19 январ аз қавли Баҳром Шарифзода, сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон нақл карданд, ки гуфтааст, дар тӯли соли гузашта 1773 зану духтар дар ин вилоят аз пӯшидани сатр даст кашида ва риши 12 818 нафарро “ба тартиб” даровардаанд.
Ин хабар дар расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ бозтоби густурда ёфт ва расонаҳои муътабари ҷаҳонӣ, аз ҷумла Вошингтон пост, Ал-Ҷазира, Таймз, Daily mail, France 24 дар робита ба ин изҳори назари Баҳром Шарифзода мақолаҳо ба нашр расониданд ва ин амали мақомоти тоҷикро маҳдуд кардани озодиҳои фардӣ ва мазҳабӣ хонданд.
Аммо Баҳром Шарифзода дар вокуниш ба ин хабарҳо гуфтааст, ки дар ин нишасти матбуотӣ ӯ зикр кардааст, ки пулис бо мақомоти маҳаллӣ ҳамкории зич дошта ва бо роҳи фаҳмондадиҳӣ дар байни мардум, корҳои худро пеш мебарад. Вай гуфтааст, ки тариқи корҳои фаҳмондадиҳӣ дар маҳалҳо 12818 мард риши худро ба тартиб дароварда ва 1773 зан аз пӯшидани ба гуфтаи ӯ либоси бегона даст кашидаанд.
Баҳром Шарифзода гуфтааст, ки онҳо дар ин кор касеро маҷбур накардаанд ва ин интихоби худи он афрод будааст, ки аз сатрпӯшӣ даст бикашанд ва ё ришҳои худро ба тартиб дароранд. Ӯ ҳамзамон таъкид кардааст, ки суханони вай дар расонаҳо ба шакли дигар бозтоб ёфтааст.
Баҳром Шарифзода, сардори раёсати корхои дохилаи вилояти Хатлон дар нишасти хабарии 19-уми январ ҳамчунин гуфта буд, ки дар соли гузаштаи 2015 дар ҳудуди вилоят фаъолияти 162 дӯкони сатрфурӯшӣ қатъ карда шудааст
Ӯ ба суоли хабарнигорон дар бораи чигуна ҳисоб шудани шумораи занони аз сатр дасткашида гуфта буд, ки онҳо аз ҳукуматҳои маҳаллӣ, раисони ҷамоатҳо ва ҳамкоронашон таҳлилҳое доранд, ки исбот мекунад, даҳҳо зан тарки сатр кардааст. Дар ин нишаст ҳамчунин гуфта шуда буд, ки 89 зани танфурӯш низ бо сатр боздошт шудаанд.
Дар соли гузаштаи 2015 дар Хатлон ҳолатҳои шикояти мардум дар бораи мушкилашон дар вақти пӯшиши сатру рӯсарӣ ва доштани риш шунида мешуд, аммо мақомот манъу боздошти занони сатрпӯшу мардони ришдор дар хиёбонҳоро бо шиддат рад карда мегуфт, ки онҳо ба пӯшиши занон ва зоҳири мардон, ки риш аст, коре надоранд.
Дар тӯли солҳои 2014-2015 дар бораи авҷ гирифтани як маъракаи густардаи зидди сатру риш дар Тоҷикистон гузоришҳои зиёде нашр шуд. Аммо мақомот ҳамеша тибқи кадом дастуре сурат гирифтани ин кор, бахусус иҷборан тарошидан ё кӯтоҳ кардани риши мардонро рад мекарданд. Як мақоми вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар тобистони соли гузашта ҳатто гуфт, ки ду масъули ин вазоратро барои “худсарӣ” ва ҷабран тарошидани риши мардум, ҷазо ҳам додаанд.
Аммо чандин шоҳид бо нашри аксҳои ибтидо бериш ва баъди “ташриф” ба мақомот алакай бериши худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегуфтанд, ки дар воқеъ дар Тоҷикистон маъракаи “риштарошон” вуҷуд дорад.