Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 23 феврал боздошти ду тоҷири ришдори бозори "Корвон", бузургтарин бозори шаҳри Душанберо таъйид кард, аммо гуфт, ки боздошти ин афрод на барои риш, балки ба гумони узвият дар гурӯҳҳои ифротгаро сурат гирифтааст. "Ин нафарони боздоштшуда аъзои созмонҳои террористӣ, экстремистӣ буда, мақсадашон ноором сохтани вазъи сиёсӣ дар ҷумҳурӣ мебошад," - омадааст дар изҳороти расмии ВКД.
Рӯзи 22 феврал баъзе аз сомонаҳои интернетӣ аз боздошти ду тоҷири бозори "Корвон" хабар дода ва ба нақл аз манобеи худ гуфта буданд, ки онҳо асосан барои риш доштанашон дастгир шудаанд.
Вазорати корҳои дохилӣ дар изҳороти расмии худ мегӯяд, "хабари мазкур бидуни таҳлилу муайян кардани сабаби боздошти он ду нафар носанҷида ба табъ расонда шуда, бояд тазаккур дод, ки мақомоти корҳои дохилӣ танҳо нисбат ба афроде, ки даст ба ҷиноят зада, бо амалу кирдори худ хатар ба ҷомеа эҷод мекунанд, сару кор мегирад."
Ба таъкиди ВКД, "он шаҳрвандон дар бозори “Корвон” на барои риш мондан, балки бо гумони шомил гардидан ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии террористию экстремистӣ, дастгир шудаанд."
Дар бисёре аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон гузоштани риши дароз ҳамчун аломати майли соҳибаш ба ақидаҳои ифротие, чун Салафия, талаққӣ мешавад.
Дар тӯли солҳои 2014-2015 дар бораи авҷ гирифтани як маъракаи густардаи зидди сатру риш дар Тоҷикистон гузоришҳои зиёде нашр шуд. Аммо мақомот ҳамеша тибқи кадом дастуре сурат гирифтани ин кор, бахусус иҷборан тарошидан ё кӯтоҳ кардани риши мардонро рад мекарданд. Як мақоми вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар тобистони соли гузашта ҳатто гуфт, ки ду масъули ин вазоратро барои "худсарӣ" ва ҷабран тарошидани риши мардум, ҷазо додаанд.
Вале чандин шоҳид бо нашри аксҳои ибтидо бериш ва баъди "ташриф" ба мақомот алакай бериши худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегуфтанд, ки дар воқеъ дар Тоҷикистон маъракаи "риштарошон" вуҷуд дорад.