Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суғд - 2017. "Узбакистон дар содироти мол ҷойи Эронро гирифт"


Намоишгоҳи молу коло, ифтитоҳи маркази савдо ва чанд фурӯшгоҳи молҳои тавлиди Узбакистон дар Душанбеву Хуҷанд бисёре аз сокинони Тоҷикистон рӯйдоди муҳими иқтисодиву фарҳангӣ дар соли ҷорӣ буд. Баъди ба қудрат расидани президент Шавкат Мирзиёев нишонаҳои гарм шудани равобити Душанбеву Тошканд аланӣ гардид ва ҳоло бисёриҳо дар Тоҷикистон мегӯянд, қадами баъдӣ бояд осон шудани убури сарҳад ва бекор шудани низоми раводид бошад.

То кунун як қисми ин фармоишҳо ба Узбакистон фиристода шуданд.

Айни замон соли 2017 равобити Тоҷикистон бо Эрон ба куллӣ тағйир ёфт ва молҳои тавлиди Эрон, аз бухории барқӣ сар карда то гӯшти мурғ аз бозору мағозаҳо нопадид шуд. Намояндагиҳои фарҳангиву тиҷоратии Эрон дар маркази вилояти Суғд баста гардид. Зимнан, маркази савдои Узбакистон дар шаҳри Хуҷанд дар ҳамон биное ба кор сар кард, ки қаблан дар ихтиёри утоқи тиҷоратии Эрон буд.

Зоҳиран, соли 2017 соле шуд, ки Узбакистон дар содироту воридот ҷойгузини Эрон гардид.

"Тиҷорат гарм шуд"

Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд мегӯяд, ҳамкориҳои тиҷоратии Тоҷикистону Узбакистон дубора гарм мешавад. Як масъули ин ниҳод рӯзи 23-юми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар намоишгоҳи молу колои Тоҷикистон дар Тошканд (моҳи октябр) ширкат ва корхонаҳои Суғд барои содироти 42 миллион доллар мол ва умдатан масолеҳи сохтмонӣ харидор пайдо карданд. То охири сол як қисми ин фармоишҳо ба Узбакистон фиристода шуданд.

Шоҳқосим Шоҳисломов, сафири Узбакистон дар Тоҷикистон, ҳангоми ифтитоҳи маркази тиҷоратии кишвараш дар Хуҷанд
Шоҳқосим Шоҳисломов, сафири Узбакистон дар Тоҷикистон, ҳангоми ифтитоҳи маркази тиҷоратии кишвараш дар Хуҷанд

Ба навбати худ дар Душанбеву Хуҷанд ширкати “Артел”-и Тошканд мағоза боз карда, асбоби барқии рӯзгори сохти Узбакистон, аз ҷумла яхдон, телевизор ва чангкашакро ба фурӯш гузошт. Мағозаи дигаре дар Хуҷанд мебелҳои тавлиди Тошкандро ба муштариён пешниҳод мекунад.

Сабуктар шудани равуо, вале бо раводид

Соли ҷорӣ Тошканду Душанбе ба равуои шаҳрвандони якдигар барои убури хатти марз сабукиҳое, ба мисли зудтар гирифтани виза ва бидуни барқияҳои маргу сури наздикон сафар карданро доданд. Вале низоми сахти раводид ва тартиби равуо байни Тоҷикистону Узбакистон мисли пештара боқӣ монд.

Тоҷикистон бо Узбакистон ҳудуди 900 километр хатти марз ва наздики 15 гузаргоҳи гумрукӣ дорад. Дар ҳоли ҳозир дар ҷануб танҳо гузаргоҳе, ки аз роҳи Турсунзода ва дар шимол танҳо гузаргоҳи марзиву гумрукии Фотеҳобод-Ойбек, воқеъ дар ноҳияи Мастчоҳ барои убури мусофирон ва нақлиёт ба таври шабонарӯзӣ боз аст ва гузаргоҳҳои дигар қисман фаъол ва ё баста ҳастанд. Сокинони минтақаҳои дигари сарҳадӣ, масалан аз Исфараву Ашт ё Панҷакент барои рафтан ба Узбакистон ба гузаргоҳи воқеъ дар ноҳияи Мастчоҳ меоянд.

Душанбеву Тошканд имсол низ дар ҳалли масоили марзӣ ба пешрафти чашмгире даст наёфтанд. Тилав Расулзода, коршиноси масоили минтақаӣ мегӯяд, ба фарқ аз солҳои пешин ва давраи раёсати Ислом Каримов, Тошканд таҳти раҳбарии Шавкат Мирзиёев сиёсати ҳамкориҳои нек ба кишварҳои ҳамсояро пиёда мекунад.

Ӯ гуфт, “Тоҷикистон ва Узбакистон дарк мекунанд, ки бояд ба якдигар наздик бошанд ва ин ба суди ҳар ду ҷониб аст. Мисли кишварҳои Аврупо, ки барвақт фаҳмидаву ба ҳам омаданд ва ҷиҳати ҳифзи манофеи худ ба якпорчаӣ талош доранд.”

Тилав Расулзода
Тилав Расулзода

Мусоҳиби мо афзуд, умедвор аст, соли оянда Тошканду Душанбе роҳҳои қаблан бозро барои сафари бевиза ва то 5 шабонарӯз барои сокинони наздисарҳадии ҳамдигар мекушоянд.

Русия

Имсол Русия дар шимоли Тоҷикистон ҳузури бештар пайдо кард. Дар шаҳри Хуҷанд намояндагии “Маркази илм ва фарҳанги Русия” боз гардид. Баъди Душанбе ин дувумин дафтари намояндагии Оҷонси ҳамкориҳои гуманитарии байналмилалии “Россотрудничество” аст, ки дар Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ мекунад. Зимнан, танҳо дар шимоли Тоҷикистон консулгарии Русия низ фаъол аст.

Маркази илму фарҳанги Русия дар Хуҷанд, ба қавли масъулони оҷонси мазкур, умдатан рӯ ба ҷавононе дорад, ки ба омузиши забони русӣ ва таҳсил дар макотиби олии ин кишвар ҳавас доранд.

Тарғиби омӯзиши забони русӣ, қонунҳо, анъанаҳову фарҳанги Русия як роҳи мустаҳкам кардани мавқеи сиёсӣ ва геополитикии ин кишвар дар Тоҷикистон хоҳад буд

Ин ҳам ҳаст, ки донишгоҳҳои Русия аз ҳисоби ҷавонони худ наметавонанд миқдори зарурии донишҷӯ ҷамъ биёранд ва ҳарсола ҳазорон ҷавонон аз кишварҳои дигар, аз ҷумла ҷавонони тоҷикро барои таҳсилипулоакӣ ба дмакотиби олии худ ҷалб мекунанд.

Вале аз дидгоҳи коршиносон, ҳузури як муассисаи пешбарандаи забону фарҳанги русӣ ба Маскав ҳам аз назари манифатҳои геостратегии он дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон муҳим мебошад. Маскав ин минтақаро дар доираи нуфузи худ нигоҳ медорад ва дар баробари пойгоҳи низомиаш бо 7 ҳазор сарбоз, дарк мекунад, ки бояд аз назари фарҳангиву гуманитарӣ майли мардуми маҳаллиро ба Русияву идеологияи он ҳифз кунад.

Неъматуллоҳи Мирсаид, таҳлилгари масоили амнияти минтақаӣ гуфт, “тарғиби омӯзиши забони русӣ, қонунҳо, анъанаҳову фарҳанги ин кишвар як роҳи мустаҳкам кардани мавқеи сиёсӣ ва геополитикии Русия хоҳад буд”.

Ба қавли бархе дигар аз коршиносон, дар пайи ифтитоҳи дафтари дуюми “Россотрудничество” дар марзҳои Қирғизистон – як узви Созмони иқтисодии Авроосиёи зери назари Русия, Маскав метавонад баъди ин даъватҳои худро барои узвиятии Тоҷикистон суръат бахшад.

Қирғизистон

Неъматуллоҳи Мирсаид
Неъматуллоҳи Мирсаид

Қирғизистон, узви ин созмон шояд ҳам бо нишондоди Маскав имсол аз боздошти молҳои бо роҳҳои қочоқӣ воридшуда аз Тоҷикистон ба қаламраваш зиёд хабарҳо пахш мекард. Гӯё бархе ин молҳо барои содирот ба Русия тавассути Қирғизистон ва аз номи шаҳвандони ин кишвар бидуни пардохти боҷи гумрукӣ пешинӣ шуда буд. Ба ин тартиб, Русия ба марғуб ҷилва додани шомил шудани Тоҷикистон ба иттиҳоди гумрукии таҳти назораташ талошҳое бештар ба харҷ медиҳад.

Ин дар ҳолест, ки мақомот дар Тоҷикистон гуфтаанд, пешниҳоди Маскавро ҷиҳати шомил шудан ба Созмони иқтисодии АвруОсиё “мавриди баррасӣ қарор додаанд”, вале то ҳанӯз посухи мушаххасе дар ин замина надодаанд.

Эрон

Вале соли рафтаистода дар пайи бастани марказҳои фарҳангиву иқтисодии Эрон дар Хуҷанд бо манъи воридоти маҳсулоти пастсифат аз ин кишвар, ба навбати аввал – гӯшти мурғ анҷом меёбад. Намояндагии маркази “Тоҷикстандарт” дар вилояти Суғд ахиран иттилоъ дод, ки беш аз 86 тонна гӯшти говмеш ва мурғи воридотӣ аз Эрон ва Ҳиндустонро бинобар ҷавобгӯ набудани онҳо ба талаботи сифат мусодира кардаанд.

Маҳкамбой Каримов, масъули хадамоти матбуоти ин марказ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “бо вуҷуди онки мо ҳамин сол 5 бор семинар гузаронда, ба соҳибкорони воридкунандаи гӯшт фаҳмонидем, ки гӯшти пастсифат ворид накунанд, вале боз ҳам ба чунин кор даст задаанд. Бинобар ин моли онҳо барои роҳ надодан ба фурӯш мусодира гардид.”

Бино ба омори расмӣ, дар 11 моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Суғд кормандони “Тоҷикстандарт” ҳамроҳи мақомоти дигари давлатӣ 52 тонна маводи ғизоии пастсифат, аз ҷумла гӯштро аз фурӯш боздоштаанд. Вале мусодираи 86 тон гӯшти воридотии пастсифат дар моҳи декабр нишон медиҳад, ки санҷиши гӯштҳои воридотӣ, ба навбати аввал аз Эрон ва ба қавли кормандони маркази мазкур, “кишварҳои хориҷи дур” доғ шудааст.

Вобаста

XS
SM
MD
LG