Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбакистон, дар як нома ба Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон – майли бештари кишвараш барои тақвияти ҳамкорӣ бо Душанберо баён кардааст. Президенти Тоҷикистон низ дар номае гуфтааст, Душанбе барои тақвияти ҳамкорӣ бо Тошканд тамоми талошро ба харҷ хоҳад дод.
Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон гуфт, номаи Шавкат Мирзиёев рӯзи 20-уми октябр бахшида ба 25-солагии равобити Тоҷикистону Узбакистон дастрас шуд. Бино ба қавли манбаъ, Мирзиёев изҳори боварӣ кардааст, ки "ҳамкории Ӯзбекистону Тоҷикистон минбаъд низ дар рӯҳияи Созишнома оид ба дӯстии абадӣ ба манфиати мардумонамон густаришу таҳким меёбад".
Раиси ҷумҳури Узбакистон аз дидору суҳбатҳои чанде қаблаш бо Эмомалӣ Раҳмон дар Арабистони Саудӣ ва Русия ёдоварӣ кардааст, ки ба гуфтаи ӯ, "натиҷааш ба густариши ҳамаҷонибаи ҳамгироии амалии Ӯзбекистону Тоҷикистон такони ҷиддӣ доданд". "Имрӯз ҳаҷми табодули мол ба тадриҷ меафзояд ва миқёси ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт густариш меёбад. Бо талошҳои муштарак хатсайрҳои ҳавоии мустақим барқарор карда шуданд. Мардумонамон Рӯзҳои фарҳангии баргузоргардидаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шавқи бузург пазируфтанд. Ҳамкории рушдёбандаи судманд ва дастгирии мутақобилаи минтақаҳои наздисарҳадии ду давлат ба ҳамгироӣ заминаи мусбат медиҳанд", - афзудааст ӯ.
Дар ҳамин рӯз Эмомалӣ Раҳмон низ дар як нома Узбакистонро аз нахустин кишварҳое донист, ки истиқлоли Тоҷикистонро пазируфт ва дар давраи барои кишвар мушкил робитаи дипломатиро ба роҳ монд. Ӯ гуфтааст, "мо муносибатҳои имрӯзаи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷавории миёни кишварҳо ва мардумонамонро арзишманд медонем. Итминон дорам, ки Шумо дар оянда низ аз тамоми иқдомот барои бо намунаҳои нави созанда афзун ва ғанӣ гардонидани муносибатҳои гуногунҷанбаи мо, ки решаҳои амиқи таърихӣ доранд, ҷонибдорӣ хоҳед кард."
Дар 20 соли охир робитаҳои Тоҷикистону Узбакистон тадриҷан маҳдуд гардида, мизони додугирифти тиҷоратӣ ва иқтисодӣ низ аз 500 миллион доллари оғози солҳои 2000 то ҳамагӣ 12 миллион доллар дар соли 2015 коҳиш ёфта буд. Вале шурӯъ аз охири соли гузаштаи 2016 додугирифти байни ин кишварҳо рӯ ба афзоиш ниҳод. Бино ба омори расмӣ, дар нимсолаи аввали соли равон ин ду кишвар ба маблағи ҳудуди 250 миллион доллар молу коло додугирифт кардаанд. Ахиран рӯзҳои фарҳанги ду кишвар дар Душанбеву Тошканд низ баргузор шуд.
Аммо ахиран таҳлилгар Аркадий Дубнов гуфт, барои пурра об шудани яхи миёни Тошканду Душанбе ҳанӯз вақт зарур аст.