Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дубнов: Барои пурра об шудани яхи миёни Тоҷикистону Узбакистон вақт зарур аст


Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев. Арабистони Саудӣ, моҳи майи соли 2017
Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев. Арабистони Саудӣ, моҳи майи соли 2017

Сандуқи Байналмилалии Пул (International Monetary Fund) мегӯяд, ки ҳамкории Узбакистон бо ҳамсояҳо, аз ҷумла Тоҷикистон барои ҳалли мушкилоти душвори минтақа ниҳоят муҳим аст.

Барои рақси танго ду ҷониб зарур аст. Барои муносибатҳои Тоҷикистону Узбакистон ҳам майли ду ҷониб даркор аст. Равобити Душанбеву Тошканд таърихи дерина дорад ва аз ҳамаи кишварҳои дигари ҳамсояи Узбакистон фарқ мекунад. Аз ин рӯ, барои ба пуррагӣ нарм шудани ин равобит вақти бештар зарур аст.
Аркадий Дубнов

Кристин Лагард, мудири Сандуқи Байналмилалии Пул, бо нашри як изҳорот рӯзи 12-уми октябр гуфтааст, ба ташаббусҳои президент Шавкат Мирзиёев дар амри беҳтар кардани муносибат бо ҳамсояҳои Узбакистон баҳои баланд медиҳад. Чун, ба таъкиди Лагард, ин ҳамкорӣ дар ҳалли масъалаҳои печидаи минтақа, ба мисли “истифодаи захоири об”, “бунёди ҳалқаи ягонаи хатҳои нерӯи барқ” ва “рушди нақлиёт” кумак хоҳад кард.

Дар идома роҳбари Сандуқи Байналмилалии Пул – муассиртарин созмони молии ҷаҳон – гуфтааст, хазина омодааст, ташаббусҳои Узбакистонро дар амри беҳтар кардани робитаҳо бо кишварҳои ҳамсоя дастгирӣ кунад. Дар як соли роҳбарии Шавкат Мирзиёев муносибати Узбакистон бо кишварҳои ҳамсоя хеле беҳбуд ёфт ва Кристин Лагард нахустин роҳбари созмони байналмилаллии молӣ аст, ки аз ин ташаббус ҷонибдорӣ мекунад.

Кристин Лагард
Кристин Лагард

3 масъала

Се масъалае, ки Кристин Лагард дар изҳороташ баён кардааст – “истифодаи якҷояи захираҳои об”, “бунёди ҳалқаи ягонаи хатҳои нерӯи барқ” ва “рушди нақлиёт” аз мукилоте ҳастанд, ки дар як даҳсолаи охир муносиботи Тоҷикистон Узбакистон дар он гиреҳ хӯрда буд. Баробари ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев дар Душанбе умедҳо барои ҳалли ин мушкилот бештар шудааст.

Амалан дар як соли роҳбарии Мирзиёев, аз ин се мушкил гиреҳи ду мушкил қисман раҳо шуд. Парвози мустақими ҳавопаймо миёни Душанбеву Тошканд боз гардид ва мудири ширкати роҳи оҳани Узбакистон ваъда дод, ки то 40 дарсад қимати убуру мурури қаторҳои Тоҷикистонро аз қаламрави ин кишвар поин мебарад.

Ҳалқаи ягонаи энергетикии Осиёи Миёна, ки соли 2009 маҳз бо ташаббуси якҷонибаи Тошканд вайрон шуда буд, ҳанӯз барқарор нашудааст. Аммо моҳи майи имсол роҳбарони ширкатҳои барқи кишварҳои Осиёи Миёна барои дубора барқарор кардани ин ҳалқа дар Алмаато бо ҳам мулоқот доштанд.

Музокирот барои ҳалқаи ягонаи энергетикӣ

Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон рӯзи 14-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки музокирот барои барқарор кардани ин ҳалқа ҳанӯз идома дорад. Аммо дар бораи ҷузъиёти ин музокирот чизе нагуфтанд.

Аммо Нуруллохон Ҳамидов, собиқадори соҳаи энергетика, ки таҷрибаи кор дар кишварҳои минтақаро дорад, гуфт, бо вуҷуди онки Тоҷикистон ният дорад, барқашро тариқи тарҳи CASA-1000 ба Покистон фурӯшад, барои Тоҷикистон барқарор шудани ин ҳалқа хеле муҳим аст. Ӯ гуфт, “бубинед, охири соли гузашта дар системаи барқи мо садамае рух дод, ки пас аз он тамоми кишвар аз ҷумла иншооти стратегӣ бе барқ монд. Агар бо кишварҳои ҳамсоя ҳалқа медоштем, ин ҳолат рух намедод. Гузашта аз ин, бо барқарор шудани ин ҳалқа бозори дигари фурӯши нерӯи барқро хоҳем дошт.”

Масъалаи газу виза

Ҳарчанд дар масъалаи барқарор кардани ҳалқаи ягонаи хатти барқ миёни Душанбеву Тошканд музокира идома дорад, масъалаи интиқоли гази табиии Узбакистон ба Тоҷикистон ҳалношуда боқӣ мемонад. Интизороти минбаъдаи Душанбе аз Тошканд дар оянда лағви низоми равуо бо виза ва ҳамчунон сафари расмии Мирзиеёв ба Тоҷикистон аст. Чун Мирзиёев ба ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба ҷуз аз Душанбе аллакай сафар кард.

"Барои рақси танго ду ҷониб зарур аст"

Аркадий Дубнов, коршиноси масоили Осиёи Марказӣ дар Маскав дар шарҳи ҷуғрофиёи сафарҳои Мирзиёев ба пойтахтҳои кишварҳои ҳамсояи Узбакистон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, барои ба пуррагӣ об шудани яхи миёни ин ду кишвар ҳанӯз вақт зарур аст.

Аркадий Дубнов
Аркадий Дубнов

Ӯ гуфт, “тавре мегӯянд, барои рақси танго ду ҷониб зарур аст. Барои муносибатҳои Тоҷикистону Узбакистон ҳам майли ду ҷониб даркор аст. Чун равобити Душанбеву Тошканд таърихи дерина доранд ва аз ҳамаи кишварҳои дигари ҳамсояи Узбакистон фарқ мекунад. Аз ин рӯ, барои ба пуррагӣ нарм шудани ин равобит вақти бештар зарур аст. То ки ҳамаи хавфҳо аз якдигар рафъ шавад ва ҷонибҳо ба якдигар ба пуррагӣ бовар кунанд.”

Таассуроти неки сокинони оддӣ

Дар ҳамин ҳол, сокинони оддӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, бо вуҷуди боқӣ мондани низоми раводид дар пӯсти худ беҳ шудани муносибати мақомоти Узбакистонро эҳсос мекунанд. Ҳомидҷон Орифов, пажӯҳишгари тоҷик, ки қисме аз пайвандонаш дар он сӯи марз дар Узбакистон зиндагӣ мекунанд, гуфт, пас аз сафари охирин ба Самарқанд зери таассуроти нек қарор дорад.

Ҳомидҷон Орифов
Ҳомидҷон Орифов

Ин донишманди тоҷик ҳамаи ин нармишро дар муносиботи ду кишвар ба иродаи Мирзиёев рабт дод ва гуфт, барои ба пуррагӣ оддӣ шудани муносиботи Душанбеву Тошканд ӯ ба муҳлати бештаре ниёз дорад. “Чун ҳанӯз ҳам мақомдорони амниятии замони Ислом Каримов дар ин кишвар дар сари қудратанд”, - афзуд ӯ.

Шавкат Мирзиёев дар як соли раҳбарияташ дар Узбакистон аз худ иродаи сиёсӣ нишон дод ва дар беҳбуди равобити Тошканду Душанбе иқдом кард. Дар Душанбе мунтазиранд, ки масоили ҳалношудаи ду кишвар танҳо ҳангоми сафари раиси ҷумҳури Узбакистон ба Тоҷикистон ҳалли худро пайдо хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG