Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Садди Искандарӣ" бардошта мешавад. ВИДЕО


Таассуроти Сафия Носир баъди сафари имсол ба Узбакистон комилан дигар аст.
Таассуроти Сафия Носир баъди сафари имсол ба Узбакистон комилан дигар аст.

Сафия Носир, нависандаи 76-солаи тоҷик барои навиштани китобе достон набофт, кофӣ буд, фақат сафарҳояшро ба Ӯзбакистонро тасвир кунад ва достонҳои сафарҳои пуразобу машаққат ба зодгоҳаш шаҳри Самарқандро.

Тайи 20 соли гузашта ҳар сол ба дидорбинии азизонаш ба Самарқанд мерафт ва аз марзи Тоҷикистону Узбакистон мегузашт. Марзе, ки ба гуфтаи Сафия Носир мисли “Садди Искандарӣ” буд, ҷое ки гузаштан аз он амри маҳол аст. Сафия Носир дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ яке аз сафарҳояшро ба ёд овард ва гуфт, убури марзи Узбакистон бисёр вақт нороҳаткунанда буд: "Сарҳадбонҳои узбек баъзеашон, ҳамаашон не, бисёр дуруштмуомила буданд. Бисёр мехостанд пора гиранд. Мекофтанд, ҳама чизҳоро як-як мекофтанд. Борхалтаҳои моро пурра холӣ мекарданд, як-як афшонда рӯи миз мемонданд".

Сафия Носир, ки 55 сол пеш ҳамроҳ бо ҳамсараш дар Тоҷикистон зиндагиро ихтиёр кардааст, моҳи августи имсол бори навбатӣ ба дидани хешовандонаш ба Самарқанд рафт. Ин аввалин сафари ӯ ба Узбакистон баъди сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёв буд. Мегӯяд, ин дафъа "садди искандарӣ"-ро надид.

"Боварам наомад, ки одамҳо то ин андоза муомилаи худро дигар мекарданд. Манзурам ҳамон сарҳадбонҳои узбек аст. Ҳайрон шудам. Ҳаммашон - пиру ҷавон, марду зан - ҳамаашон муносибати хуб доштанд. Ҳоло мисли хешу табор муомила мекунанд. Бисёр меҳрубон буданд."

Марзбонони хушмуомила ва осонтар шудани сафар ба Узбекистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:38 0:00

Мисли хонум Сафия Носир ҳазорон нафар аз сокинони Тоҷикистон дар Узбакистон хеш доранд ва аксаран дар шаҳрҳои Самарқанду Бухоро. Аммо бо сабаби ҷорӣ будани виза ва мушкили равуо, аз ҷумла зарурати убури пиёдаи марз ва ҳам аз тарси озору азияти марзбонони Узбакистон кам ба дидани хешовандон мерафтанд. Ҳазорон нафари дигар ҳастанд, ки орзуи дидани ду шаҳри таърихӣ ва умдатан тоҷикнишинро доранд.

Як сокини Душанбе мегӯяд, орзу дорад Самарқанду Бухороро бубинад:

"Мехоҳам, ки як бор рафта Самарқанду Бухоро бо чашми худ тамошо кунам, бубинам, хеле орзу дорам ва хешу табори байни тоҷикону узбекҳо зиёд ҳастанд, мехоҳем, ки раҳ кушода шаваду визаро қатъ кунанду мо ҳамин хел ҳамчу хешу табор рафтуомад кунем" .

Аз соли 2016 баъди даргузашти Ислом Каримов, раиси ҷумҳури собиқи Узбакистон ва гарм шудани робитаҳои Тоҷикистону Узбакистон рафтуомад байни мардуми ду кишвар зиёд шудааст.

Бисёр мехостанд пора гиранд. Мекофтанд, ҳама чизҳоро як-як мекофтанд. Борхалтаҳои моро пурра холӣ мекарданд, як-як афшонда рӯи миз мемонданд

Панҷ ширкате пайдо шудаанд, ки маҳз сафар ба Узбакистонро ташкил мекунанд. Ширкати "АйсТур" яке аз онҳост ва хоҳишмандонро бо автобус ба Узбакистон мебаранд. Рӯзона 15-20 ба онҳо муроҷиат мекунанд. Фаридуллоҳ Исматов, раҳбари ин ширкат гуфт:

"Чанд рӯз пеш гуруҳе, ки мо ба Самарканду Бухоро равон кардем - тақрибан 20 нафар аз 7 то 70-сола. Яъне мардуми табақаҳои гуногун - ҳам ҷавонҳо, ҳам кӯдакону пирамардон“ - гуфт Фаридуллоҳ Исматов, менеҷери калони ширкати сайёҳии “АйсТур”.

Мақомоти Узбакистон ахиран гуфтанд, дар 9 моҳи гузашта ба 60 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон раводиди сафар ба Ӯзбакистонро додаанд. Яъне моҳона то 7 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя сафар кардааст. Ба кишвари ҳамсояе, ки то як соли гузашта дар байнашон “садди искандарӣ” гузошта буданд.

XS
SM
MD
LG