Мақомоти Вазорати умури хориҷии Узбакистон гуфтанд, ки равобити Тошканду Душанбе дар як муддати кӯтоҳ ба таври чашмрас ва ба самти мусбат тағйир кардааст.
Ин изҳорот рӯзи 16-уми ноябр, як рӯз баъди мулоқоти Содиқ Имомӣ – сафири Тоҷикистон – бо мақомҳои Вазорати умури хориҷии Узбакистон баён шуд.
Ҷониби Тоҷикистон то ба ҳол шарҳ надодааст, ки дар ин мулоқот чӣ мавзуъ баррасӣ шуд. Аммо Вазорати корҳои хориҷии Узбакистон дар вебсайташ гуфт, дар ин мулоқот масоили нишасти оянда дар мавриди таъину аломатгузории марз баррасӣ шудааст.
Дар 20 соли ахир робитаҳои Тоҷикистону Узбакистон тадриҷан маҳдуд гардида, мизони додугирифти тиҷоратӣ ва иқтисодӣ низ аз 500 миллион доллари оғози солҳои 2000 то ҳамагӣ 12 миллион доллар дар соли 2015 коҳиш ёфта буд. Вале шурӯъ аз охири соли 2016 додугирифти байни кишварҳо рӯ ба афзоиш ниҳод.
Бино ба омори расмӣ, дар нимсолаи аввали соли равон ин ду кишвар ба маблағи тақрибан 250 миллион доллар молу коло додугирифт кардаанд. Ахиран рӯзҳои фарҳанги ду кишвар дар Душанбеву Тошканд низ баргузор шуд.
Вазорати умури хориҷии Узбакистон низ гуфтааст, то кунун парвози ҳавопаймоҳо миёни Тошканду Душанбе аз сар гирифта шуда, нишасти кумисюни байниҳукуматӣ дар бораи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ баргузор гардид. Мақомоти ин вазорат мегӯянд, то кунун се нишасти гурӯҳҳои кории ҳукумати ду кишвар барои таъмин ва аломатгузории марз низ сурат гирифта буд.