Аз ин ба баъд дар Тоҷикистон ширкатҳое метавонанд ба фурӯши симкортҳо машғул шаванд, ки иҷозатномаи Хадамоти алоқаро дошта бошанд. То кунун барои ин навъи тиҷорат иҷозати Хадамоти алоқа зарур набуд.
Фикр мекунам, ҳукумат ва идораҳои танзимгари соҳа аз он дар ташвишанд, ки мабодо симкортҳо бо ҳуҷҷатҳои нодуруст ва ё умуман бе ҳуҷҷат фурӯхта шаванд. Қатъи марказҳои диллерӣ ҳам ба ҳамин омил вобаста аст
Масъулони соҳаи алоқа дар Тоҷикистон мегӯянд, ин талаботи қарори ҳукумат аст ва қатъи кори марказҳои диллерӣ дар кишвар низ ба ҳамин далел сурат гирифтааст. Нодир Мирзоев, узви Шӯрои назди раиси ҷумҳури Тоҷикистон оид ба технологияҳои иттилоотиву мухобиротӣ, рӯзи 3-юми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, қатъи кори марказҳои диллерӣ ба хотири иҷрои қарори ҳукумат дар бораи тартиби фурӯши симкортҳо аст.
Ӯ гуфт, “ҳукумати Тоҷикистон бо як қарори худ “Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хидматрасониҳои вобаста ба он”-ро тасдиқ карда буд. Бастани марказҳои диллерӣ ҳам, ки ба фурӯши сим-кортҳо машғул ҳастанд, ба иҷрои ҳамин қарор дахл дорад”.
Қарори ҳукумат дар бораи “Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хидматрасониҳои вобаста ба он” таҳти рақами №207 ба тасвиб расидааст. Тибқи он, минбаъд дар Тоҷикистон “Фаъолияти нуқтаҳои хариду фурӯши симкортҳо мувофиқи иҷозати мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ (яъне, Хадамоти алоқа) ба роҳ монда мешавад”.
Зимнан, дар як соли охир бори дувум аст, ки бо тағйири қонун мақомот барои фаъолиятҳои марбут ба мухобирот – муҷаввизи махсус ҷорӣ мекунанд. Аввали соли равон дар Тоҷикистон фаъолияти хаткашонӣ ё почта низ бо иҷозатнома мумкин шуд. Ин тасмим боиси аз бозор ронда шудани рақибони “Почтаи тоҷик”, ба мисли DHL, UPS, TNT ва Pony express гардид.
Ин бор низ бо қарори ҳукумат тиҷорати симкортҳо фаъолияти иҷозатномавӣ шинохта шуд ва ҳамакнун танҳо ширкатҳое метавонанд ба ин кор машғул шаванд, ки иҷозатномаи махсуси Хадамоти алоқаро доранд. Дар Тоҷикистон садҳо маркази диллерӣ то кунун фаъолият мекарданд, ки моликони онҳо соҳибкорони хурд буда, аз ҳисоби фурӯши симкортҳо ва хидматрасонӣ ба ширкатҳои мобилӣ рӯз мегузаронданд.
Александр Атаманов, раиси бахши тиҷоратии ширкати мобилии “Билайн”, рӯзи 3-юми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ширкати мо тақрибан нисфе аз симкортҳоро тавассути марказҳои диллерӣ мефурӯхт. Ҳоло ин марказҳо баста ҳастанд. Фикр мекунам, ҳукумат ва идораҳои танзимгари соҳа аз он дар ташвишанд, ки мабодо симкортҳо бо ҳуҷҷатҳои нодуруст ва ё умуман бе ҳуҷҷат фурӯхта шаванд. Қатъи марказҳои диллерӣ ҳам ба ҳамин омил вобаста аст. Мо дар идораҳои марбут ба ширкат фурӯши симкортҳоро зери назорати қатъӣ қарор додаем ва бе ҳуҷҷат намефурӯшем. Аммо эҳтимол дар марказҳои диллерӣ дар куҷое ин тартибот вайрон шудааст ва мақомот мехоҳанд, аз он ҷилавгирӣ кунанд”.
Атаманов афзуд, ширкатҳои мобилӣ талошҳои давлат барои таъмини амниятро дарк мекунанд ва барои ҳамкорӣ бо ҳукумат дар ин самт омода ҳастанд.
Вале дар Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон мегӯянд, баста шудани марказҳои диллерӣ боиси боз ҳам коҳиш ёфтани муштариён мешавад, ки коҳиш ёфтани даромад ва мутаносибан андоз аз ширкатҳои мобилиро дар пай дорад. Ғафурҷон Иркаев, роҳбари Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон, гуфт, дар пайи маъракаи сабтиноми дубораи симкортҳо ширкатҳои мобилӣ 2 миллион муштарии худро аз даст доданд ва мақомот ҳангоми рӯйи даст гирифтани чунин тасмимҳо бояд паҳлӯи дигари масъаларо низ ба инобат бигиранд.
“Ниҳодҳои зидахл бо назардошти даромад аз андози ширкатҳои мобилӣ буҷети соли ояндаи кишварро месозанд. Дар ҳоле ки даромади ширкатҳо кам шавад, буҷет аз кадом ҳисоб пур мешавад?”, - суол гузошт Иркаев.
Ин гуфтугузор дар ҳолест, ки қаблан баъзе манобеъ гуфтанд, Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дастур додааст, кулли симкортҳо ба шаҳрвандони Тоҷикистон тариқи ширкате бо номи “Ошно-групп” фурӯхта шавад. Соли гузашта Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бо ирсоли як нома аз ҳамаи ширкатҳои мобилӣ тақозо карда буд, ки SIM-кортҳоро ба шаҳрвандони хориҷӣ танҳо тавассути ширкати “О мобайл” бифурӯшанд. Дар мавриди ин ду ширкат маълумоти зиёде дар даст нест. Танҳо тибқи феҳрасти Кумитаи андози Тоҷикистон, ин ширкат моҳи декабри соли 2015 ба номи шаҳрвандони Тоҷикистон Сиёвуш ва Рамз Зуҳуровҳо сабт шудааст.
Дар Тоҷикистон ҳоло 4 ширкати бузурги мобилӣ – «Бабилон», «Мегафон», «Тселл» ва «Билайн» фаъоланд, ки то баҳори имсол дар маҷмуъ 4 миллиону 400 ҳазор муштарӣ доштанд.
Соҳаи мухобироти Тоҷикистон то чанд соли пеш аз бахшҳои босуръат рушдкунандаи иқтисоди кишвар маҳсуб меёфт, вале дар як соли охир се ширкат – «Тселл», «Мегафон» ва «Билайн» аз ҷониби сохторҳои андоз барои мушкил дар пардохти молиёт ҷарима шуданд. Аз ҷумла, ширкати «Билайн» 151,3 миллион сомонӣ, «Мегафон» - 155 миллион сомонӣ ва «Тселл» - 155 миллион сомонӣ ҷарима шуданд. Ширкати «Тселл» гуфтааст, ки нияти тарки бозори Тоҷикистонро дорад, чунки дигар фаъолияти худро дар ин бозор аз назари манфиатҳои молӣ – бефоида арзёбӣ мекунад.