Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷоми сабтиноми дубораи SIM-кортҳо дар Тоҷикистон. ВИДЕО


Даҳҳо сокини кишвар аз қатъи симкортҳояшон шикоят доранд ва мегӯянд, ки барои дубора фаъол кардани онҳо дар идораи ширкатҳои мобилӣ, аз ҷумла "Мегафон" дар навбат истодаанд. Сабти дубораи симкортҳо дар Тоҷикистон моҳи октябри соли гузашта оғоз шуд ва то охири моҳи майи имсол идома кард. Дар ин муддат касоне, ки натавонистанд барои сабти дубораи симкортҳои харидаашон дар намояндагии ширкатҳои мобилӣ ҳозир шаванд, ҳуқуқи соҳибӣ ба ин манбаи гуфтугӯро аз даст доданд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Анҷоми сабти дубораи симкортҳо дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:03 0:00

Эшонҷон Раҳимов – сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва муштарии ширкати “Мегафон” – гуфт, навбатпойии тӯлонӣ сабаб шуда буд, ки натавонист симкорти худро дубора ба қайд гирад. Акнун маҷбур аст, ки бо вуҷуди зиёд будани навбатпоён симкорташро дубора фаъол намояд. Раҳимов рӯзи 13-уми июн гуфт, "ман як деҳқон ва одами коргар ҳастам. Ҳар дафъа, ки меомадам, навбат зиёд буд. Наметавонистам вақти зиёди худро дар навбатпойӣ сарф кунам. Коре ба ҷое расид, ки симкортамро қатъ карданд."

Ин симкортро аз роҳи зеризаминии назди фурӯшгоҳи “Садбарг” бе шиноснома гирифта будам. Он вақт одамоне буданд ки бе шиноснома симкорт мефурӯхтанд.

Масъулони ширкатҳои мухобиротӣ мегӯянд, бо вуҷуди эълонҳои батакрор ва чандмоҳа баъзе аз муштариён ин амрро нафаҳмидаанд ё чандон ҷиддӣ нагирифтаанд. Суруш Раҳмонӣ, масъули ширкати “Мегафон”, гуфт, “мо дар амри иҷрои қонунҳои кишвар ҷиддӣ рафтор мекунем. Қатъи симкортҳои муштариён аз рӯйи қарори 207 аз 13-уми апрели соли 2016 сурат мегирад. Ҳамаи муштариён пеш аз хомӯш кардан тариқи паёмак ва васоити ахбори омма огоҳ карда шудаанд.”

Дер муроҷиат кардан ягона сабаби ҷамъ шудани теъдоди зиёди муштариён дар ширкатҳои мобилӣ, аз ҷумла дар ширкати “Мегафон” нест. Дар ин миён муштариёне ҳастанд, ки мегӯянд, симкортҳо бе пешниҳоди шиноснома харида буданд ва ин вазъ имкон намедиҳад саривақт аз қайди дубора гузаранд.

Саидидрис Тӯраев, як сокини шаҳри Душанбе, гуфт, аз одамони ношинос бе пешниҳоди шиноснома симкорт харид ва намедонад, ки симкорташ ба номи кӣ сабт шудааст. “Ин симкортро аз роҳи зеризаминии назди фурӯшгоҳи “Садбарг” бе шиноснома гирифта будам. Он вақт одамоне буданд ки бе шиноснома симкорт мефурӯхтанд. Мо ҳам аз онҳо гирифтем, вале имрӯз онро хомӯш карданд”, - афзуд ӯ.

Ин муштарӣ дар ҳоле бидуни шиноснома симкорт харидааст, ки баъзе ҳамсуҳбатони мо мегӯянд, бидуни огоҳии онҳо чандин симкортҳо бо номашон фаъол мебошад. Шервони Умриддин, як сокини пойтахт, рӯзи 13-уми июн дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, 9 симкорт аз ширкати “Мегафон” ва 3 симкорт аз ширкати “Билайн”-ро дигарон бо номи ӯ истифода мебурдаанд. Шервон мегӯяд, танҳо баъд аз эълони сабтиноми дубораи симкортҳо аз ин огоҳ шуд, вале ширкатҳо то ҳол дархости ӯро ба инобат намегиранд ва симкортҳо то ҳол фаъоланд.

Дар ҳамин ҳол, масъулини ширкати “Мегафон” вуҷуди чунин ҳолатро рад карда ва гуфтанд, ки дар сурати муроҷиат кардан, масъаларо пайгирӣ хоҳанд намуд.

Шервони Умриддин
Шервони Умриддин

Масъулони ширкатҳои мухобиротӣ мегӯянд, қатъи симкортҳои аз қайднагузашта марҳила ба марҳила амалӣ мешавад. Ҳамакнун муштариёне ки симкорти худро аз даст додаанд , метавонанд онро аз нав барқарор кунанд.

Дар ҳоле ки масъулони ширкатҳои мухобиротӣ мегӯянд, ҳадафи асосӣ аз ин маърака аз байн бурдани симкортҳои ғайрифаъол аст, вале охири соли 2015 муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бо нигаронӣ аз онки симкортҳои Тоҷикистон ба дасти ҷангҷӯёни Толибон низ расидааст, гуфта буд, “7 миллион симкорти фурӯхташуда бояд аз нав сабт шаванд”.

Моҳи марти имсол фаъолияти аксар марказҳои дилерӣ дар Тоҷикистон, ки ба хариду фурӯши SIM-корти телефонҳои мобил машғул буданд, қатъ шуд. Феълан ҳаққи фурӯши SIM-кортҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва атбои хориҷӣ танҳо ба ду ширкат – "Ошно-групп" ва "О мобайл" фароҳам гардидааст.

XS
SM
MD
LG