Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашт ба телефонҳои хонагӣ?


Нусратулло Баротов
Нусратулло Баротов

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мехоҳад таваҷҷӯҳи мардум ба телефонҳои хонагиро, ки ҷойгоҳашро дар ин кишвар телефонҳои мобил танг кардаанд, аз нав зинда кунад.

Дар ҳоле ки бисёре аз сокинони кишвар дигар занги телефонҳои хонагиро қариб фаромӯш кардаанд, телефони хонаи Нусратулло Баротов ҳамеша фаъол аст ва занг мезанаду ба зангҳо ҷавоб медиҳад. Сабаб ҳам фақат ин нест, ки барои Нусратулло Баротови 79-сола истифодаи телефонҳои мобилӣ мушкилтар аст.

"Ман раиси маҳаллаам ва корам бисёр ба корхонаҳои давлатӣ меафтад. Онҳо, ки ҳама ҳамин навъи телефонро доранд, аз ин телефон тамос гирифтан бароям осонтар аст. Махсусан вақте ягон мушкиле бо нирӯи барқ пеш меояд, ман ба шабакаҳои барқӣ тамос мегирам. Ин телефон ҳам безарар ва ҳам арзонтар ҳам ҳаст," -- мегӯяд ӯ.

Ин марди солманд ва истифодабарандаи содиқи телефони хонагӣ, ҳеҷ тассавур намекард, ки ӯ ҳам рӯзе ба телефони хурду барояш мушкилфаҳм зарурат пайдо мекунад. Аммо ба хотири шунидани садои фарзандони роҳдуру муҳоҷир Нусратулло Баротов низ билохира маҷбур шуд, ки соле пеш симкорт бихарад ва телефони ҳамроҳ бигирад.

Бино ба омори расмӣ, телефонҳои хонагӣ мисли ин мусоҳиби мо дар Тоҷикистон имрӯз 300 ҳазор истифодабаранда доранд. Ин ҳам дар ҳолест, ки муштариёни телефони мобил дар кишвар ба 7 миллион нафар расидааст. Мутахассисони соҳаи алоқа бар инанд, ки давоми 10 соли охир бо одат кардани мардум ба телефонҳои ҳамроҳ, васеъ шудани имконияту имтиёзҳо ва барномаҳои махсуси интернетӣ, мисли Скайпу Вайбер, телефони хонагӣ то 50 дарсади истифодабарандаҳои худро аз даст додааст.

Бо нигаронӣ аз ин вазъ ахиран ҳукумати Тоҷикистон масъулони соҳаи алоқаро муваззаф кард, ки муштариёни телефони хонагиро бештар кунанд. Аммо, бисёре аз сокинони кишвар, бо ишора ба симҳои кандаву фарсудаи телефонҳои худ аз хизматрасонӣ ва нолозим будани ин телефонҳо сӯҳбат мекунанд.

Хадамоти алоқа ва ширкати “Тоҷиктелеком” дар навбати худ, аз моҳи аввали соли ҷорӣ роҳҳои нави ҷалби муштариён ва наҷоти ин навъи алоқаро шурӯъ кардаанд. Онҳо барои насби телефони хонагӣ аз системаи нав кор мегиранд.

Алибек Бекназаров, намояндаи Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон, гуфт, “мо ҳамаи муштариён, ҳамаи системаро оҳиста-оҳиста бо хати нурӣ ё оптикӣ пайваст мекунем, ки ин як пешравии кори соҳаи алоқа аст ва бовар дорам муштариёни мо аз истифодаи дигар телефонҳо даст мекашанд. Ин суръат ва сифати алоқаро беҳтар мекунад. Масалан, солҳои 2000-ум вақте аз як истгоҳ ба истгоҳи дигар занг мезадӣ, чанд дақиқа интизор мемондӣ, ҳоло бо чидани охирин тугма шумо алакай пайваст мешавед. Тавассути хатти ноқилҳои қаблӣ интернет истифода бурда намешуд, ҳоло бемалол ин имкон ҳаст.”

Телефонҳои хонагӣ эҳё мешаванд?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:58 0:00

Дар баробари ширкати давлатии “Тоҷиктелеком”, имрӯз ширкатҳои дигари мобилӣ, мисли "Вавилон" ва “Телеком Технолоҷӣ” ҳам қисман хизматрасонии телефони хонагиро ба роҳ мондаанд. Аммо ин ширкатҳо маъмулан бо идораҳо шартнома доранд ва мегӯянд, талабот аз ҷониби хонаводаҳо барои истифодаи ин навъи телефон зиёд нест.

Мақомоти Тоҷикистон, ки борҳо аз зарари телефони мобил ва зиёни он ба ҷайби сокинон нигаронӣ кардаанд, дар ҳоле аз зарурати ҷалби муштариён барои истифодаи телефонҳои хонагӣ ёд мекунанд, ки пажӯҳишҳо дар бархе аз кишварҳо аз ҷумла Русияву Амрико муайян кардаанд, ки дар даҳ соли оянда телефони хонагӣ дигар аҳамияти худро ба тамом гум мекунад.

Таҳлилгарон мегӯянд, ки ҳадаф аз ин тасмими мақомоти Тоҷикистон наҷоти хадамот ба вижа ширкати давлатии “Тоҷиктелеком” аст, ки дар пайи рушди рӯзафзуни технологияҳои муосир ва пайдо шудани барномаҳои мухталифи интернетӣ, муштариёни худро аз даст медиҳад.

Ғафурҷон Эркаев
Ғафурҷон Эркаев

Ғафурҷон Эркаев, раиси Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон, гуфт, “дар ҳар сурат, вақт нишон хоҳад дод, ки бозор чӣ гуна вокуниш нишон медиҳад.”

Масъулони Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯянд, ки тайи моҳҳои охир шумори истифодабарандагони телефони мобил ҳам коҳиш ёфтааст. Агар як сабабаш коҳиши пули муҳоҷирон ва кам шудани даромади мардум бошад, омили дигар - гарон шудани истифодаи он дар пайи ҷорӣ шудани андози аксизӣ ва 18 баробар боло рафтани арзиши ҳаққи истифодаи рақам аз ҷониби давлат унвон мешавад.

XS
SM
MD
LG