Дар як раддабандии нави кишварҳои амн, Тоҷикистон дар зинаи 49-ум ва пеш аз Русияву Қазоқистону Қирғизистон ҷой гирифтааст. "Форуми байналмилалии иқтисодӣ" дар Швейтсария ва муаллифи ин раддабандӣ мегӯяд, ки сатҳи ҷинояткорӣ ва терроризм дар Тоҷикистон дар муқоиса бо ин кишварҳои ҳамсоя ва Шӯравии собиқ поин будааст. Вале коршиносон гуфтанд, бӯҳрони шадиди иқтисодӣ ва ҳамсоягӣ бо Афғонистон метавонад, ба амнияти Тоҷикистон ҳар лаҳза асари манфӣ гузорад.
Ба ҳар сурат, таҳдидҳои эҳтимолӣ ба амнияти Тоҷикистон вуҷуд дорад ва инро набояд нодида гирифт.
Финландия – амнтарин, Салвадор – ноамнтарин
Ҳангоми таҳияи шохис ё рейтинги амниятӣ омилҳое чун сатҳи ҷинояткорӣ, таҳдидҳои террористӣ ва вуҷуди низоъҳои мусаллаҳона ба назар гирифта шудаанд. Дар феҳристи «Форуми байналмилалии иқтисодӣ» 136 кишвари ҷаҳон ворид шуда, тибқи хулосаи ин ниҳоди байналмилалӣ, Финландия амнтарин ва Салвадор ноамнтарин кишвари дунё будааст. Бинобар дастрас нашудани маълумоти зарурӣ дар ин замина Узбакистон ва Туркманистон ба ин феҳрист нагардидаанд.
Тоҷикистон баъди ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим
Дар зарфи як соли ахир дар ҳудуди Тоҷикистон амалҳои террористӣ ё низоъҳои мусаллаҳона, ки мунҷар ба талафоти зиёди ҷонӣ ва хисороти бузурги иқтисодӣ шуда бошад, сабт нашудааст. Ҳарчанд дар марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистон ва Қирғизистон мухолифатҳои кӯчак сабт шуда буданд.
Охирин низои ҷиддии мусаллаҳона дар ҳудуди Тоҷикистон ошӯби генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон буд, ки дар моҳи сентябри соли 2015 рух дода ва боис ба кушта шудани даҳҳо тан шуда буд.
Сайёҳӣ ҳам бештар шудааст
Дар ҳамин ҳол, Маҷмааи ҷаҳонии иқтисод дар гузориши солонаи худ дар ҳафтаи гузашта Тоҷикистонро аз нигоҳи таъмини амният ва беҳдошти сайёҳони хориҷӣ низ беҳтар хонда буд. Тибқи маълумоти ин ниҳод, дар соли гузашта беш аз 413 ҳазор сайёҳи хориҷӣ аз Тоҷикистон дидан кардаанд, ки аз ин ҳисоб ба буҷети давлат 1 миллион доллар ворид гардидааст. Ба ин тартиб, Тоҷикистон дар соли гузашта нисбат ба соли 2015 аз нигоҳи суръати ҷалби сайёҳон панҷ дарсад пешрафт карда, дар рейтинги ҷаҳонии сайёҳӣ низ 12 зина боло рафтааст.
Баҳои “муболиғаомез”
Аммо коршиносони мустақил арзёбии “Форуми байналмилалии иқтисодӣ” дар мавриди беҳтар будани вазъи амниятии Тоҷикистон нисбат ба кишварҳои пасошӯравиро то андозае “муболиғаомез” хонданд. Парвиз Муллоҷонов, коршиноси мустақил, рӯзи 15 апрел гуфт, ҳанӯз омилҳое чун ҳамсоягӣ бо кишвари ноороми Афғонистон ва вазъи сангини иқтисодӣ метавонад, амнияти кишварро зери суол барад.
“Дар солҳои ахир вазъият дар шимоли Афғонистон муташанниҷ шуда ва ҳатто нирӯҳои Толибон шаҳри Кундуз, ки дар наздики марзи ҷанубии Тоҷикистон воқеъ аст, тасарруф карда буданд. Ин омилҳо ҳоло ҳам вуҷуд доранд ва ба амнияти Тоҷикистон таҳдид эҷод мекунанд", - шарҳ дод ӯ.
“Инро набояд нодида гирифт”
Зафар Абдуллоев, коршиноси дигар, гуфт, вазъияти феълии сиёсиву иқтисодӣ суботи чандоне надорад ва ин вазъ воқеан нигаронкунанда аст. “Ҳоло бесуботии иқтисодӣ дар Тоҷикистон метавонад, ба ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар асар гузорад. Шахсан ба унвони як шаҳрванд дар Тоҷикистон худро амн эҳсос намекунам. Ба ҳар сурат, таҳдидҳои эҳтимолӣ ба амнияти Тоҷикистон вуҷуд дорад ва инро набояд нодида гирифт.”
Хатари ДИИШ ва “Ҷамоати Ансоруллоҳ”
Зимнан, мақомоти Тоҷикистон борҳо ба чолишҳои муосир, аз ҷумла афзоиши созмонҳои террористӣ, ифротгароии диниву сиёсӣ дар рӯбарӯи ин кишвар таъкид кардаанд. Аз ҷумла, Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, моҳи январи имсол дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе аз таҷаммӯи гурӯҳҳои террористӣ дар наздикии марзи кишвар дар Афғонистон хабар дод. Маркази байналмилалии таҳқиқи хушунати сиёсӣ ва терроризм дар Сингапур, ки ба таҳқиқи умури байналмилалӣ ва аз ҷумла терроризм дар саросари ҷаҳон машғул аст, дар пажӯҳише дар соли гузашта гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” ва “Ҷамоати Ансоруллоҳ”-ро аз хатарҳои аслӣ барои амнияти Тоҷикистон хонда буд.